ХАБАРИ ДОҒ

Восеъ: замини Усмонов ғайриқонунист!

  • Чоршанбе, Фев 08 2023

 

Прокуратураи н.Восеъ муроҷиати шаҳрванд Раҷабалӣ Назаров, сокини н.Восеъ, ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов, деҳаи Чорбоғ, маъюби гурӯҳи 2-юм ва аъзои ҷамъияти нобиноёни ноҳияи мазкурро, ки дар ҳафтаномаи СССР №44 (737) аз 03.11.2022  бо номи “Раис нобиноёнро фиреб дод” нашр шуда буд, мавриди баррасӣ қарор дод.

Муайян карда шуд, ки бо қарори раиси н.Восеъ аз 19.04.2019 таҳти №273 дар асоси мактуби ҷамъияти нобиноёни н.Восеъ аз 15.03.2017, таҳти №14-77, пешниҳоди кумитаи идораи замини ноҳияи Восеъ аз 31.03.2017, таҳти № 168 ба ҷамъияти нобиноёни н.Восеъ барои ташкил намудани хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ аз ҳисоби заминҳои захираи давлатии ноҳия аз қисми тарҳи 312-и харитаи заминистифодабарии хоҷагии деҳқонии “А.Сино” масоҳати 21,17 га замини корами обӣ барои истифодабарии бемуҳлат дода шуда, ҷамъияти мазкур дорои Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз 17.05.2017, таҳти №2132 мебошад.

Мутобиқи талаботи моддаи 37 банди “а”-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз асосҳои қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ин даст кашидан аз қитъаи замин ба таври хаттӣ, ки аз тарафи заминистифодабарандагон имзо шудааст, ба ҳисоб меравад. Санҷиш муайан кард, ки 21,17 га қитъаи замин барои ташкил намудани хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ ба 112 нафар саҳмдорони ҷамъияти нобиноёни н.Восеъ дода шуда аст.

Новобаста аз ин ин МИҲД н.Восеъ ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи аъзои ҷамъияти нобиноёни н.Восеъро сарфи назар намуда, бе розигии онҳо танҳо дар асоси мактуби раиси ҷамъияти нобиноёни н.Восеъ Қодир Усмонов ҳуқуқи истифодабарии 3 га қитъаи замини корами обии ҷамъиятро қатъ гардонида, сипас, ин қитъаи заминро ғайриқонунӣ ба фонди махсуси ноҳия гузаронида, онро ба худи Қодир Усмонов барои ташкил намудани хоҷагии деҳқонии (фермерии) “Зарифҷон” додааст.

Ҷ.Саидаҳмадзода,

прокурори н.Восеъ,

мушовири адлияи дараҷаи 1

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter