ХАБАРИ ДОҒ

Хатлон: Аз мукофот Андоз меситонанд?

  • Чоршанбе, Фев 15 2023

Ба монанди Шаҳло Саидалиева дар вилоят зиёд буданд нафароне, ки дар дохили лифофа дигар пулу дар варақ дигар маблағро соҳиб шуданд. Сабаб баъд маълум гашт, ки аз онҳо ҳаққи бонк ва андоз ситонида шудааст... 

  Соли 4-ум аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои гуногунро роҳандозӣ мекунад, аз ҷумла озмуни "Илм - фурӯғи маърифат", "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва "Тоҷикистон Ватани азизи ман". Мувофиқи Низомномаи ин озмунҳо бояд даври мактабӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронда шавад. Нафароне, ки ҷойҳои махсуси озмунҳоро ишғол мекунанд бо Ифтихорнома ва маблағҳои пуливу молӣ сарфароз гардонида мешаванд. Ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем, ки хонандагони зиёде барои ҳавасманд шудану дониши худро сайқал додан, дар озмунҳо ширкат меварзанд. Агар барои нафаре иштирок дар озмун ба хотири маҳоратсанҷӣ бошад, барои дуюмин озмудани ҳофиза ва иродаи қавӣ маҳсуб меёбад. Аз хурд то бузург аз худ фаолмандӣ нишон дода, барои соҳиби ҷойҳои намоён шудан талош мекунанд.

  

12% андоз ва 3% ҳаққи бонк…

Ҳарсола аз фонди захирави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои озмуни  "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" 3 045 000 (се миллиону чилу панҷ ҳазор) сомонӣ, барои озмуни "Илм фурӯғи маърифат" 2 345 000 (ду миллиону сесаду чилу панҷ ҳазор) сомонӣ ва барои озмуни "Тоҷикистон ватани азизи ман" 2 540 000 (ду миллиону панҷсаду чил ҳазор) сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.

 Сарраёсати молияи вилояти Хатлон аз ҳисоби маблағҳои фонди захирави МИҲД вилояти Хатлон ва дастгоҳи раиси вилоят ҷиҳати амалӣ намудани озмунҳои сатҳи вилоятӣ 246000 (дусаду чилу шаш ҳазор сомонӣ) ҷудо намудааст.

Вале инҷо 1 мушкил аст, ки бояд дар бораи он гуфт. Аз мукофот ва ҳавасмандии ғолибони озмунҳои мазкур дар сатҳи ҷумҳурӣ андоз ситонида намешавад, вале дар сатҳи вилояту ноҳияҳо аз ҳамон мукофотпулии на он қадар зиёд боз андоз меситонанд, ки ба назари мо қобили қабул нест.

Чаро дар Хатлон аз ин маблағҳо – мукофотҳои пулии хонандагони мактабҳо 12% андоз ва 3% ҳаққи бонк ситонида мешавад? Мушкилот дар кӣ ва куҷост? Ин суолест ки ҷавоб мехоҳад!

 

Дар конверт кам буд…

Имсол Шоҳҷоиза ба Саидалиева Шаҳло аз мактаби таҳсилоти умумии №8 н.Данғара дода шуд ва мавсуф бо маблағи 70 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид.  Тавре, ки пайвандони ӯ мегӯянд дар ш.Душанбе 70 ҳазор сомониро пура ба онҳо додаанд, раҳбарияти н.Данғара низ ӯро бо 10 000 сомонӣ ҳавасманд гардонид, вале МИҲД вилояти Хатлон бошад аз 15 000 сомонӣ танҳо 13 200 сомониро дар лифофа ғунҷонид…

Гирифтани ин гуна ҷоизаи воло на ба ҳар кас муяссар мегардад. Офаринаш, ки аз миёни ҳамаи иштирокчиён шоҳҷоиза насибаш гашт. Ба монанди Шаҳло Саидалиева дар вилоят зиёд буданд нафароне, ки дар дохили лифофа дигар пулу дар варақ дигар маблағро соҳиб шуданд. Сабаб баъд маълум гашт, ки аз онҳо ҳаққи бонк ва андозпулӣ ситонида шудааст.  

Фирдавс Ҳакимов, хонандаи мактаби миёнаи №70-и н.Кушониён бошад имсол бори дуюм аст, ки дар озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" иштирок мекунад. Ӯ мегӯяд имсол ҷои намоёнро нагирифта, сазовори ҷойи Ифтихорӣ гаштааст ва дар ҷамъбасти ин озмун, ки дар ш.Душанбе баргузор шуда буд, ӯро бо мукофоти пулӣ ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ ҳавасманд гардониданд. 

   - Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳам 2 ҳазор сомонӣ бояд мукофот медоданд, лек дар дохили лифофа 1875 сомонӣ буд, - афзуд Фирдавс Ҳакимов.

  

Андоз қонунист!

Ғазалшоҳ Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба суоли мухбири СССР дар вилояти Хатлон гуфт, ки мувофиқи қонун бояд аз мукофотҳои пулӣ андоз ситонида шавад.

   - Ягон ҷойи ин амал ғайриқонунӣ нест. Тибқи қонунгузорӣ ва андозбандӣ аз ҳар мукофот, ки аз ҳисоби буҷаи шаҳру ноҳия ё вилоят аст, андоз ситонида мешавад, - таъкид дошт Ғазалшоҳ Сафарзода.

Посухи аниқу дақиқро албатта бояд кормандони мақомотҳои маҳаллӣ ва нозироти андоз бидиҳанд, ки мо ҳатман аз онҳо хоҳем пурсид, вале боз ҳам намефаҳмем, ки чаро аз дониш ҳам андоз ситонидан мумкин будааст? Ҳамин тавр агар рафтан гирад, шояд дар солҳои баъдӣ насли навраси мо барои китоб хондан ҳам андоз супоранд?!...

Масъулони Раёсати андози вилояти Хатлон ба суоли мо дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ чунин гуфтанд:

-аз маблағи то 6 ҳазор сомоние, ки ғолибон дар озмунҳо ҳамчун мукофот ба даст меоранд, андоз ситонида намешавад. Маблағи аз ин бештар ҳатман андозбандӣ мегардад.

 

Озмуни нав барои андози бештар?

Соли ҷорӣ ҳам 1 озмуни наве бо номи " Тоҷикон оинаи таърихи миллат"-ро ҳамарӯза тариқи ВАО ба мардуми тоҷик ва таърихдӯстдорону миллатпарастон таблиғ доранд. Ин озмун ҳам таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, маблағи умумии он 1 480 000 (як миллиону чорсаду ҳаштод ҳазор) сомониро ташкил мекунад. Оё аз мукофотпулии ғолибони ин озмун ҳам дар вилояти Хатлон андоз меситонида бошанд? Зинда бошем, мебинем. Мо Метавонем!

 

Нуриддин Қосимзода,

хабарнигори СССР дар вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter