ХАБАРИ ДОҒ

Маош ва нафақа зиёд мешавад: аз кӣ ва чанд сомонӣ?

  • Чоршанбе, Фев 15 2023

06.02.2023. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии

аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони
ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия ба тасвиб расид. Дар бораи боло бардоштани маошу нафақаи баъзе аз қишрҳои ҷомеа Сарвари давлат зимни ироаи Паёми хеш таъкид намуда буданд, ҳоло фароиши он ба имзо расид.

 

Маоши хизматчиёни ҳарбӣ 20-25 % боло меравад

1. Аз 1 марти соли 2023:

— маоши вазифавӣ (меъёрҳои тарифӣ)-и хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи 20 % зиёд карда шавад;

— маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 995 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 895 сомонӣ муқаррар карда шавад;

— андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффитсиентҳои тарифӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, аз ҷумла мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатӣ ба андозаи 895 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатӣ ба андозаи 995 сомонӣ муқаррар карда шавад.

 

Маоши олим, муаллим ва духтур ҳам меафзояд

2. Аз 1 июли соли 2023:

— маоши вазифавии кормандони ташкилотҳои соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 20 фоиз зиёд карда шавад;

— андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, 440 сомонӣ муқаррар карда шавад;

— стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия (ба ғайр аз стипендияҳои президентӣ ва курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шаванд;

 

Нафақаи заминавӣ - 250 сомонӣ…

– нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, ба андозаи 250 сомонӣ муқаррар карда шавад;

– нафақаҳои суғуртавӣ, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин карда шудаанд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир баробари 16 фоиз индексатсия карда шаванд;

— нафақаҳои дигари амалкунанда, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидаанд, ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ баробар ба 50 сомонӣ зиёд карда шаванд.

 

Стипендияҳо ҳам зиёд мешаванд

Тибқи ин фармон аз 1 марти соли 2023 маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 % ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 20 % ва аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба андозаи 20 % зиёд карда мешавад.

Инчунин аз 1 июли соли 2023 нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шуда, ба андозаи 250 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

Нафақаҳои суғуртавӣ, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин карда шудаанд, ба андозаи 16 % зиёд мегардад.

Нафақаҳои дигари амалкунанда, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидаанд, ба андозаи 20 % аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд карда мешавад.

Мутобиқи ин фармон аз 1 июли соли 2023 стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия ба андозаи 20 % зиёд карда мешавад.

 

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter