ХАБАРИ ДОҒ

Дар Душанбе реҷа ҳаст ё нест???

  • Чоршанбе, Фев 15 2023

Ман ба раиси шабакаҳои барқии ш. Душанбе Даврон Самизода 1 суол дорам:

-Дар Душанбе-пойтахти Тоҷикистон низ маҳдудият ё худ лимити шадиди барқ ҷорӣ кардаед ва ё на???

Чаро ин суолро додам? Зеро дар расонаҳо масъулини Барқи Тоҷик лоф мезананд, ки дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои бузурги кишвар лимит нест. Вале дар н. Сино имрӯз сар аз соати 9 то 15:24 дақиқа, ки ин паёмакро менависам, барқ набуд! Хонаҳо сард. Ман 4 набера дорам. Дар ин хунукӣ онҳоро куҷо барам? Ё шояд пойтахт гуфта, масъулин танҳо Марказ-Центри Душанберо дар назар доранд? Чӣ магар мо, сокинони кунҷу канораҳои Душанбешаҳр одам нестем? Ба Рустами Эмомалӣ рапорти дурӯғин надиҳед, муҳатрам масъулини Барқи Тоҷик...

Бибиҳабиба Нисординова

сокини к.Арбобхотун, н. Синои Душанбе

 ********

 

«Барқи тоҷик», реҷаро риоя кун!

Салом ба СССР! Лутфан ба ширкати «Барқи тоҷик» раcонед: илтимос реҷаро риоя кунед ва барқи дуруст ба мардум диҳед, то ин ки лоақал телефонҳои мобилиро заряд дода, аз ахбори ҷаҳон воқиф шавем.

М.Н.

Тел:918712874

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter