ХАБАРИ ДОҒ

Беҳрӯз Сайфуллоев, хонандаи фаоли газетаи СССР, донишҷӯи Донишкадаи санъат ва фарҳанги ба номи М.Турсунзода бо редаксия тамос гирифта, гуфт, ки дар 18-умин солгарди умрам бори нахуст аз даҳони бархе мутаассибон фаҳмидам, ки мусиқӣ макрӯҳ ва сурудхонӣ нораво будааст.

   - Пештар дар хусуси сураткашӣ низ чунин фаҳмида будам, аммо зиндагӣ бе мусиқӣ маънӣ надорад. О, мудом, ки ин мутаассибони фанат мусиқиро ба қавлу забони касифи худашон «ҳаром» мехонанд, чаро дар амри маъруфи худ 1 мусиқиҳое мемонанд, ки гӯё худи ҳозир қиёмат мешавад ва гулӯ дарронда бо он ҳамнаво мешаванд?! Ё пайравони онҳо чӣ?!

Ягон касе нест, ки мусиқӣ гӯш накунад ва ё замзама нанамояд! Агар касе мусиқиро касиф созад, ин сурудҳои пасту бемаънии бархе нафарон аст!
Ман шахсан аз худи Ҳоҷӣ Мирзо мехоҳам дар ин хусус назарашро бишнавам.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter