Бозорбой Пӯлодов, муаллиф ва хонандаи фаоли газета аз н.Данғара ба редаксия занг зада (тел: 2385556), гуфт, ки мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба азнавбақайдгирии симкортҳо бо шиносномаи намунаи соли 2014 дар қаламрави кишварамон гирифтани шиносномаи нав бо суръат идома дорад.
- Дар ҳамаи хадамоти шиносномадиҳӣ кор бо суръат идома дорад. Мардуми зиёде бо навбат ҳуҷҷатҳои лозимиро супорида, шиносномаи пластикӣ мегиранд. Вале баъзе нуқтаҳои хадамоти шиносномадиҳӣ ба болои нархи муайаншуда боз иловапулӣ низ мегиранд. Дар шуъбаи шиносномадиҳии ШКД-и н.Данғара, ки сардораш Зубайдзода Баҳром Ҳусейн аст, ҳамин аҳволро мушоҳида кардан мумкин. Кормандон ба болои ҳуҷҷатҳо боз 60 сомонӣ иловапулӣ мегиранд, ҳол он ки ба бонк 10 доллари амрикоӣ – пули шиносномаро пардохт мекунанд. Чаро ин тавр аст?