Ҳар ҳафта вақте, ки рӯзномаи мардумиро мегирам, аввал мақолаҳои Ҳоким Сафарро мехонам. Ҳоким Сафарро дар ноҳияи Файзобод хурду калон мешиносанд. Мардуми одди ӯро дӯст медоранд, аммо мансабдорон не…
Ҳоким Сафар аз дарди дили мардум, аз ноободиҳои ноҳия, аз роҳбарони тасодуфии ноуҳдабаро менависад. Ӯ аз солҳои Шуравӣ хабарнигори мардумӣ аст. Дар даврони Шуравӣ кам касон буданд, ки маводи танқидӣ менавиштанд, лекин Ҳоким Сафар менавишт ва камбудиҳо тез ислоҳ мешуданд. Ҳоло чӣ? Ҳоким Сафар аз камбудиҳо ба газетаи СССР менависаду аз ҷониби масъулон ягон ҷавоби дуруст гардонида намешавад.
Мисол, ба маводи №46 аз 17.11. 2022. Мушкили шоҳроҳ дар шаҳраки Истиқлол. Ҷавоб: Шоҳроҳи шаҳрак ягон камбудӣ надорад!
Шумораи №30 (723) аз 28.07.2022. Дӯконҳои ғайриқонунӣ. Ҷавоб: Ягон дӯкон ғайриқонунӣ нест.
Мавод аз 13.01.2022 оиди танзим - фактҳо тасдиқ нашуданд!
Ба ягон мақолаи Ҳоким Сафар ҷавоб нагардондаанд, ки фактҳо тасдиқ шуда бошад.
Ҳукумати ноҳияи Файзобод аз матбуот дур асту ба фармони №622 вокуниши бардурӯғ медиҳад. Чаро?
Н. Худоиев,
н.Роғун