Беҳрӯзи Хайрулло, донишҷӯи Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи М.Турсунзода бо редаксия тамос гирифта, гуфт, ки имрӯз дар бештари ниҳодҳои ВАО ашхоси тасодуфӣ роҳ ёфтаанд, ки журналистикаро дуруст намефаҳманд ё бештари идораҳо журналистони ҷавонро дастгирӣ намекунанд.
- Сабаб ин аст, ки метарсанд мабодо зиёд аз худашон дида машҳур нашаванд, ки баъд бесаводиашон ошкор мегардад. Ман намегӯям, ки журналистони ҷавони хуб нестанд, ҳастанд, аммо барои муваффақ баромадани кори онҳо касе намекӯшад. Чӣ қадар идеяҳо пешниҳод мекунанд, ягонтоашонро қабул намекунанд. Баракс барои инҳо танҳо васфу таърифи аз ҳад зиёд, бахусус таърифи озмунҳо, писанд аст, ки журналистонро барои ин кор сафарбар мекунанд. Мо имрӯз ягон мавзӯи навро намебинем.
Ҷаноби Олӣ дар паёми худ гуфтанд, ки «ҷавононро дастгирӣ намоед, бахилӣ кардан даркор нест». Яъне, ин болонишинҳо ҳам донанд, ки ояндаи ин миллатро ҷавонон месозанд. Ҳар он чизе, ки карданд, подошашро мегиранд. Хатое, ки дигарон кардаанд, шумо анҷом надиҳед, бузургони миллат.