Тайи 1 моҳи ахир мухлисон ва хонандагони газетаи мардумӣ аз тамомии гӯшаву канори кишвар ба редаксия занг зада, дар бораи арзон шудани нархи маводи сӯхт, аз ҷумла гази моеъ ва бензину солярка, вале коҳиш наёфтани нархи роҳкиро изҳори таассуф ва нигаронӣ карданд.
Шоири ҳақоратчӣ ва роҳкиро
Ҳатто 1 хонанда ва шоири мардумӣ бо исми гӯшнавози Андалеби Хатлонӣ аз асабоният газетаи мардумиро дашном карда, моро муш ва боз ким чизи дигар хонд, ки нархи роҳкиро паст намешаваду мо хап будаем. Минҷумла ин ҳарзагӯй менависад:
Эй газити эсесер, эй муш дигар,
Боре ба маводи ахири хеш нигар.
Дар мотами хешу мухбирон дорӣ шино,
Аз нархи кадую пиёз мармузӣ, чаро?
Аз роҳкирои зи фалак ҳам боло,
1 ҳарф намезанӣ, фолат бикушо!
Ба ин «шоири гаишник» сахт расидааст, ки дар фавти хабарнигорони худ Аслиддин Достиев, ки ба сардабир бародарӣ доштанд ва Баҳодур Уроқови нозанин мо матлаб иншо кардаву «абёти нодири ӯро» чоп намекардаем. Ҳарчанд мекардем ва дар мурдааш ҳам дигар ин шеърҳои подарҳавояш рӯи чопро нахоҳад дид. Хонед ин музахрафоти «дӯсти дерини моро» ва бинед, ки ҳатто бар мурдагон, ки воқеан ҳам хар ду хабарнигор ошнояш буданд, чӣ сафсаттаҳо менависад...
Ин «шоир», гуфти бародарони бадахшӣ «моро перепут» карда, фикр дорад, мо Вазорати нақлиёт, ё Хадамоти зиддиинҳисорием ва ё ҳукумати марказӣ. Андалеббой-ако! Шумо, ки ба фикрамон полковник ва соҳибмаълумотед, «аввал бинед ҷои худ, баъд монед пои худ». Воқеан ҳам шеърҳои ба талаботи арӯз ҷавобгӯ набудаатонро мо аз ҳурмати риши сапедатон нашр мекардем, вале ин сабаб шуда наметавонад, ки газетаеро сақат гуфтаву таҳқир кунед. Худатонро иззат кунед, агар онро доред. Вагарна Мо Метавонем!
Нарх, ки хест, намешинад?
Вале баргардем сари мавзуъ: Воқеан ҳам чаро нархи маводи сӯзишворӣ тайи 2 моҳи ахир ба маротиб арзон шудааст, аммо нархи роҳкиро, алалхусус дар хатсайрҳои байнишаҳриву байниноҳиявӣ ва таксиҳои бо номи маъруфи 7 сомонӣ арзон намешавад?!
Кӣ ва кадом ниҳод бояд ин вазъ ва проблемаро санҷишу баррасӣ карда, нархи роҳкироро мутобиқи арзиши бозории маводи сӯхт поён фарорад? Ва чаро ин корро то ба имрӯз намекунанд? Мо тасмим гирифтем дар ин бора аз шахсиятҳои №1-и вазорату хадамот ва дигар сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ бипурсем. Мо Метавонем! Ррррафтееммм...
Азим Иброҳим: «Хизматрасонӣ арзон нашудааст!»
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба арзон шудани нархи сӯзишворӣ, вале ҳамоно гарон будани нархи роҳкиро гуфт, ки ҳатто агар нархи ҷории роҳкиро дар муқоиса бо 2 соли пеш каме фарқ кунад ҳам, дар ин муддат арзиши хидматрасонӣ ва нигоҳдории нақлиёт, бахусус нархи қисмҳои эҳтиётӣ ва ғайра хеле афзоиш ёфтааст.
Ба итиллои вазири нақлиёт қимати сӯзишворӣ дар ҳоли ҳозир тақрибан дар ҳамон сатҳи баҳори соли 2021 аст, ки нархи роҳкиро бори охир дар мувофиқа бо Оҷонсии зиддиинҳисорӣ муқаррар шуда буд.
Тавре Азим Иброҳим баён дошт, ҳамин ҳоло ронандагони мусофиркаш танҳо 10-15% даромад доранду халос…
Кӣ «гунаҳкор» - Вазорати нақлиёт ё «Газпром»?
Абдулмаҷид Муминзод, раиси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин масъала мегӯяд, ки аксарияти ронандаҳо дар масири байнишаҳриву байниноҳиявӣ аз сӯзишвории дизелӣ истифода мебаранд, ки нархи он дар қиёс аз гази моеъ ва бензин, арзон нашудааст (аз редаксия: нархи 1 литр сӯзишвории дизелӣ рӯзи 12.02.2023 дар НФС-ҳо 11.40 сомонӣ арзиш дошт).
- Вазъият ба ҳамаи шумо маълум аст ва ин албатта ба нархи сӯзишвории дизелӣ таъсири худро мерасонад (аз редаксия: шояд раис конфликти Россияву Украинаро дар назар доштанд). Вале новобаста аз ин агар Вазорати нақлиёт бо чунин тасмим, яъне бозбинӣ намудани нархи роҳкиро вобаста ба коҳиш ёфтани нархи маводи сӯхт ба мо муроҷиат намояд, мо ҳатман дида мебароем ва тибқи хулосаи худ тарифҳои ҳамлу нақлро дар самти мусофиркашӣ арзон мекунем. Ин аз тасмим ва пешниҳоди вазорати нақлиёт вобаста аст, - таъкид дошт Абдулмаҷид Муминзод.
Тавре дар омори расмии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, нархи 1 тонна сӯзишвории дизелӣ дар моҳи декабри соли 2022 $915-ро ташкил медод, ки назар ба семоҳаи аввали соли гузашта 23,2% зиёд аст. Бояд гуфт, ки 85% маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон аз Федератсияи Россия ворид мешавад ва яке аз ширкатҳои калонтарине, ки асосан ба кишвари мо маводи сӯхт ворид мекунад, ин «Газпром-Тоҷикистон» мебошад.
Таксиҳои 7 сомониро кӣ назорат кунад?
Аз рӯи ҳисоби тахминӣ ҳамин ҳоло дар ш.Душанбе наздики 5000 таксиҳои ғайрирасмӣ, ба қавле 7 сомонӣ фаолият доранд. Роҳкиро дар ин гуна таксиҳо аввал 3 сомонӣ буд, пасон 5 сомонӣ ва билохира то ба 7 сомонӣ расид. Бар фарқ аз иддаои Хадамоти зиддинҳисорӣ аксарияти кулли ин таксиҳо бо гази моеъ фаолият дошта, бо арзон шудани ин намуди маводи сӯхт, бояд роҳкирояшон низ арзон шавад, лек ин тавр нашуд.
Ин таксиҳо худсарона ва ғайриқонунӣ, бидуни иҷозатномаи мусофиркашӣ ва дигар талаботҳои нақлиёти истифодаи умум, аз ҷумла бе роҳхату муоинаи тиббии ронанда ва техникии воситаи нақлиёт фаолият доранд ва аҷиб он аст, ки бо нархгузории 7 сомонӣ ба давлату ҳукумат 1 дирам андоз ҳам пардохт намекунанд.
Чаро? Суолест матраҳ ба Хадамоти давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъули додани иҷозатнома барои мусофиркашист.
Танзим ва назорати фаолияти чунин таксиҳои сарҳӯй ва ғайриқонунӣ, яъне бидуни литсензия барои мусофиркашӣ вазифаи ҷонии ин ниҳод аст, вале чаро ин Хадамот вазифаи ҷонии худро иҷро намекунад, барои мо нофаҳмост. Агар иҷро мекард, шояд шумораи таксиҳои ғайриқонунии 7 сомонӣ дар пойтахт то ба 5000 адад намебаромад…
Мо намегӯем, онҳоро фардо рейд карда, доштаву маҳкам кунед. Не! Баракс. Чун зӯри касе ба онҳо нарасид, пас иҷозати фаолияти озод диҳед, патент гиранд ва аз рӯи нархи мутамарказ равуо намоянд!
Хадамот бошад ё набошад?
Дар бораи барҳам додани Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мо борҳо навишта будем. Воқеан мо фаолияти воқеиӣ ин хадамотро намебинем, тавре ба назар мерасад, ки ин хадамот ягон фишанги таъсиргузорӣ ба нарху навои бозору хизматрасонӣ надорад. Ҳамин мавзуе, ки мо пайгираш ҳастем, далели ин гуфтаҳост. Вақте Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки танзими нарх вазифаи асосиаш аст, наметавонад таъсире ба нархи роҳкиро расонад, чӣ ҳоҷати гап? Мо айнан чунин ҳолро 2 сол пеш зимни ба таври сунъӣ ба маротиб гарон шудани нархи дорувории зидди зукому ковид мушоҳида карда будем.
Фаолияти Хадамоти давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт низ дар умум мушоҳида намешавад. Аксари кормандони ин хадамот дар ш.Душанберо бештар дар кӯчаҳои камодам дидан мумкин аст, ки корашон асосан манъ кардани нақлиёти гаронвазн мебошад. Новобаста аз он, ки ҳар дафа зимни баррасии ин проблема масъулони ин хадамот ба мо омори протоколҳоро намоиш медиҳанд, фаолияташон ба талаботи имрӯзаи пойтахт ҷавобгӯ нест. Барои исботи ин гуфтаҳо танҳо 1 бор аз гирду атрофи маркази савдои «Садбарг» боздид кунед, бас аст. Дилхоҳ мошини бегона, дағалона ба пойтахт ворид шуда, мусофиркашонӣ мекунад, вале инро Хадамот намебинад. Ва муҳимтар аз ҳама бо 22-26 коргар чӣ гуна метавон фаолияти 120-140 ҳазор воситаи нақлиётро дар пойтахт танзиму назорат кард? Ҳол он, ки танзими фаолияти ҳамин таксиҳои 7-сомонӣ вазифаи ҷонии онҳост, вале ба кӣ мегӯй!?
БДА: «Омодаем бар зимма гирем, вале…»
Масъулини шуъбаи БДА РВКД дар ш.Душанбе, ки вазифаи асосиашон таъмини риояи бехатарӣ ва қоидаҳои роҳ аст, мегӯянд, ки омодаанд фаолияти таксиҳои 7-сомониро бар зимма гиранд, вале барои ин иҷозати шаҳрдории пойтахт ва дигар идораҳои дахлдор лозим аст.
Чаро ин корро накунем? Вақте Хадамоти давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт бо 22 кормандаш аз ӯҳдаи вазифаҳои ҷонии хеш намебарояд, пас бигузор назорати фаолияти таксиҳои 7-сомонӣ дар ш.Душанбе ба зиммаи БДА вогузор шавад. Ин пеш аз ҳама факти либоси ҳарбӣ, ки хеле таъсирбахш аст ва пасон метавон 1 системаи навро роҳандозӣ кард, ки ронандаҳои ингуна таксиҳо пеш аз баромадан ба кор ҳатман аз муоинаи тиббӣ ва воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ гузашта, соҳиби роҳхат ҳам мешаванду бо ин баҳона ҳам ба давлат андоз месупоранд ва ҳам ҳамеша зери назорат мемонанд. Чаро не!?
Хадамотҳои нолозим чӣ лозим?
Оё замоне нарасидааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаолияти бархе аз чунин хадамотҳоро, ки аз ҳисоби мову шумо – андозсупорандагон кор кардаву даҳҳо кормандонаш маош мегиранд, вале коруборашон на маълум асту на ягон эффект дорад, барҳам диҳад? Муҳим нест, ки хадамот бошанд, 1 шуъбаи қавӣ масалан дар назди Вазорати рушди иқтисоду савдо ва БДА бас аст, ки кор шакли дигар гирад. Дар ҳақиқат, вақте фаолияти ин идораҳо назаррас нест, вақте ин хадамотҳо фишанги таъсиррасонӣ надоранду ҳарфашон қурб, пас чӣ лозим аз ҳисоби мардум онҳоро нигоҳ дошт? Суолест матраҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳатман пайгираш хоҳем шуд.
Мо Метавонем!
Ҷамила Ҳусейнова, СССР