ХАБАРИ ДОҒ

Саймумин Ятимов ва маорифи миллӣ...

  • Чоршанбе, Фев 22 2023

 

 

Усулан гуфтан, ки «Ман бо ӯ шинос нестам!», номумкин аст. Ва ин иддао низ, ки «Ман бо ӯ шиносам!» низ баъид ба назар мерасад. Зеро чеҳраҳои амниятиро кам касе мешносад ва низ кам касеро ӯ намешиносад...

 Агар хато накунам, 14 сол пеш, вақте раиси КДАМ набуд, ман дар 1 матлабам навиштам, ки «миллати мо бояд чанд миллатпарасте ба ҳадди наздик ба фашист дошта бошад!», зеро мерафт дар зерматни ун мақола «ҳар миллате, ки МИЛЛАТ шуданист, бояд ҳатман дар таркиби хеш фашист дошта бошад!»...

 Баъди ин матлаб Саймумин Сатторович хост бо ман вохӯрад ва ҳам дидор кардаву дуру дароз сари миллату давлатдории миллӣ, ватанпарастӣ, патриотизм ва ғ. ва ҳ. сӯҳбати тӯлоние доштем. Аз ин сӯҳбат ман барои худ иттилоъ гирифтам, ки мусоҳибам хелеее донишманду дипломат ва пурхону сарсупурдаи миллат аст!

            Воқеан ҳам 1 мавзуъи мо сари литсейҳои туркӣ буд, ки фарзандони моро манқурт ва пантуркист карданианду СССР шадидан мехост, онҳо баста шаванд!  Баҳс ҳам шуд, ки чаро имрӯз хатмкардагони ин литсейҳо турк нашудаанд. Ман гуфтам, «фитна низ ҳамин аст, ки инҳо намешаванд! Зеро инҳо ширма, пардаанд, то падарони миллатпарвардаро аз наберагон ҷудо созанд. Ва ана фарзандони фарзандони фарзандони онҳо пантуркист мешаванд!»... Дар ҳар сурат ин литсейҳо имрӯз баста шудаанд, ки ба масъулине ин тасмимро гирифтанд, сари таъзим меорам...

            Дар ҳамон сӯҳбати аввалину охиринамон ман Саймумин Сатторовичро чун патриоти ватан дарёфтам ва нафари хеле пурдону пурхон. Ман худ, ки аз зумраи пурхонҳоям, чунин афродро хеле иззат мегузорам!

Руҷуи лирикӣ

Аз қавли бародарам, худобиомурз, Аслиддин Достиев, ки хеле ҷавонмарду ростқавл буд, шунидам, ки гуфт:

-Сайёф, имрӯз (тирамоҳи соли 2010-СМ), гурезаҳои СИЗО-ро дар мавзеъи наздимарзии Восеъ, шахсан худи Саймумин Ятимов пайгирӣ ва дастгир намуд. Қандашро занад, ҷавонмард будааст, ки пушти курсӣ ва сарбозон пинҳон нашуда, худаш ба майдони корзор омад...

Хушбахтона, тавре русҳо мегӯянд, «не было бы счастья да несчастье помогло»... дар соли 2010 ҳодисае рух доду садорати амният иваз шуд ва ба ҷои раиси вақти хелеее камфаоли ин ниҳод, Ятимов баргузида шуд (фирори 25 бандӣ аз СИЗО№1 дар таърихи 23.08.2010.). Баъди сари кор омадан шахсан худи Ятимов дар кофтукоб ва боздошти фирориҳо иштироки бевосита дошт.

            Бо сари кор омадани Ятимов фаолияти ин ниҳод дигар шуд. Муваффақтар, чашмрастар ва фаолтар гардид. Ва ба гуфтаи Сафват Бурҳонов-журналисти муқими Германия, ин амну осоиштагие, ки дар кишвар ҳаст, ба фаолияти ин ниҳод сахт вобаста аст! Ва ин ки душманони идеологии мо ҳаддафи №1 Саймумин Ятимовро қарор додаанд, худ беҳтарин бозгӯи ҳолат аст, ки Ӯ кор мекунад! Зеро душман маҳз давлатмардеро чап мегирад, ки бар нафъи давлату миллат кор мекунад.

            Ман баъдан чанд матлаби хуби таҳлилии профессор Ятимовро хондам. Билкулл таҳлилҳое буданд профессионалӣ. Ятимов ҳатто дар ҷодаи танқиди адабӣ низ панҷа нарм кард ва хеле муваффақ шуд. Зеро то Ятимов ин касаба-танқиди бадеӣ мурда буд!!! Ман мисоли конкрет намеорам. Худатон ёбеду ин матолибро хонед.

Руҷуи лирикӣ

Аз қавли Амиршо Миралиев, яке аз сиёсатмадорони саршиноси давлати Тоҷикон:

-Соли 1992. Айни авҷи кушту ғорату тохту този ҷанги гражданӣ. Одина Ҳошими нобиғаи санъатро маҳз С. Ятимови ҷавон, ки он вақт садри кумитаи амнияти н. Московский буд, аз чанги мардуми ба шӯр омада (толпа) раҳонид. Бо баҳонаи ҳабс, бо маслиҳати дуҷониба, устодро ба КПЗ оварда, сипас ба хонаи яке аз агентҳои пинҳонии сокини деҳаи дурдасташ бурда, то фурӯ рафтани ошӯб, Ятимов пинҳон мекунад. Сипас Одина Ҳошимро бо роҳи пинҳонӣ сӯи Душанбе фиристодем...

 Ва аммо мақолаи ахирии профессор Ятимов дар соҳаи маорифи имрӯза фурор ба амал овард. Ахиран, нафаре ёфт шуд, ки ин соҳа ва дигар соҳоти марбут ба тарбияту маърифати наврасу ҷавононро таҳлили интиқодӣ кард, ки раҳмат бар 7 пушташ. Воқеан ҳам онҳое, фикр доранд, Ятимов ба дин назари секуляристӣ дорад, иштибоҳ мекунанд. Профессор Ятимов, ки аз таърихи равандҳои фаромазҳабии ҷангҷӯёна ва фиребандаи ба ном диние, ки аз обмӯрии хориҷа об мехӯранд, сахт огоҳ аст ва мехоҳад ба онҳо садд гузорад, то фарзандони ману ту, хонандаи азиз, туъмаи макри ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ нашаванд. Яъне ба мо гуфтанист, ки:

Эй кабки хушхиром, куҷо меравӣ? Биист!

Ғарра машва, ки гурбаи обид намоз кард!!!

Руҷуи лирикӣ

Тахминан 7-8 сол пеш буд, ки С. Ятимов дар ҳузури бархе сафирону гумоштагони созмонҳои хориҷии муқими Тоҷикистон сухан гуфта, ишонро барои аловандозӣ бар низоъҳои дохилӣ муҷрим дониста, айбашон дод ва сареҳатан гуфт:

-Ай-яй-яй...

Яъне, шарматон бод барои ин кору кирдор... Баъдан маълум гардид, ки Ятимов бисёр чизҳоеро медонистааст, ки мо намедонем ва бархе аз гумоштагони хориҷӣ низ фикр доштанд, ки ӯ ин интригаҳоро намедонистааст...

Суханро ба дарозо намекашам. Матлаби профессор Ятимов бо номи «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» (андешаҳо перомуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар 3 шумораи газетаи мардумӣ (СССР№№3,4,5) нашр шуд. Мо ин ҷо танҳо чанд комменти хонандагонро, бидуни шарҳу эзоҳ мекорем, ки гувоҳӣ медиҳанд, ин матлаб ҷамъияти хобзадаи моро андаке ҳам бошад, таккон додааст:

 

С. Ятимов:

-Тоҷикон дар тӯли таърих зиёда аз 13 маротиба (Модҳо, Ҳахоманишиҳо, Портҳо, Кӯшониён, Сосониён, Ҳайтолиён, Тоҳириён, Сафориён, Сомониён, Ғуриён, Куртҳои Ҳирот, Сарбадорҳо, Музаффариён) давлатдорӣ кардаанд. Он дар маҷмуъ, беш аз 2236 солро дар бар мегирад. Шикасти ин салтанатҳои бузургу хурд бо хатои мардум, аъён ва ашрофи худи миллати мо сурат гирифтааст. Иллати аслии суқути онҳоро ҷаҳолат ташкил медод. Давлатдории охирони мо низ метавонист ба вартаи нестӣ ва ин дафъа ба садсолаҳои номаълум ба фано равад. Миллати тоҷикро бори дигар ба ғуломӣ кашад. Онро ҳам сабаб қатъан ҷаҳолат мебуд. Аммо бо талошҳои ҷоннисоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ин давлат барқарор ва пойдор шуд. Акнун даҳсолаи чоруми он оғоз ёфт. Донишу маърифат асоси пойдории давлати навин эълон гардид.

Ҳиммат Зуҳурович

Сад дарсад дуруст қайд кардед. Имрӯз шукри суботи мамлакат, шукри Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Худованди бузург барои миллати тоҷик додааст. Мо бояд ифтихор аз амну амонӣ ва давлати соҳибистиқлол кунем....

Сабоҳат Раҳимзода

Ободию сулҳу субот, рушди маорифу фарҳангу иқтисодиёт асоси давлатдории тоҷикон аст. Шукронаи Пешвои Миллат.

Jumaxon Alimi

Ин давлатдориҳои собиқ таҷрибаи талхи ниёгони мо буданд ва бояд сабақи таърихӣ барои имрӯзиён ва ояндагони мо бошанд!

Маҷид Наимов

Як ҷаҳон ташаккур муҳтарам Саймумин Ятимов дуруст қайд кардед:

Бигзор гадо бошам, дар хоки Ватан бошам,

Дар банди ҷафо бошам, дар хоки ватан бошам.

  С. Ятимов:

-Дар мамлакат шароити воқеӣ барои рушди маорифи миллӣ, асосан, омода шудааст. Аммо омили инсонӣ, масъулияти мудирият дар соҳаи мафкурасозӣ ҷавобгӯи талаботи замон нест. Натиҷаҳои фоҷеабори адами тафаккури миллӣ дар ҷаҳонбинии теъдоди ҳангуфти ҷавонон, пайвастани онҳо ба созмонҳои ифротиву зиддимиллӣ камбуди ниҳоят ҷиддӣ дар муносибатҳои ҷамъиятии ҷомеаи тоҷик – оила, мактаб, донишгоҳ, корхонаҳо ва муҳит зуҳур меёбад.

Кори Вазорати маориф, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Кумитаи ҷавонон, муассисаҳои марбути тадқиқоти илмии Академияи миллии илмҳо, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Маркази исломшиносӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бояд ба шароити «мубориза барои ҳаёт» посухгӯ, баробарвазн ба вазъ буда, фаъолияти онон на ба ҳисоботдиҳӣ, балки ба натиҷагирӣ равона гардад. Мебояд таъсиррасонӣ ба ҷаҳонбинии насли наврас, ҷавонон, қишрҳои гуногуни аҳолӣ, на танҳо мувофиқ ва мутаносиб ба таҳдиди душман, балки пурзӯртар аз он бошад.

 Шаҳло Ҳасанзода

Бисёр нуқтаҳои муҳим ва саривақтӣ. Воқеан ин ниҳодҳо дар мафкураи инсонивазкунии солим нақши муассир мебозанд. Бояд таъҷилан амал кард.

Усмон Ниёзов

Пурмӯҳтаво аст. Ҳар сатр бори маънӣ ва водор ба фикри амиқ дорад.

Давлат Қувватов

Сухани оқилона, олимона!!! Асоси гап дар ҳамин аст. На барои ҳисобот, балки барои натиҷагирӣ!!!

Сайнемон Абсаломов

Суханони олимона, асоси гап дар ҳамин аст, на барои ҳисобот, балки барои натиҷагирӣ! Барори кор, рафиқ генерал.

 Джаббор Худжаназаров

Таҳлилҳои олии илмӣ. Имрӯз ҳар як сокини ҷомеа бояд дар пешбурди сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ нақш ва мавқеъ дошта бошад.

Озар Зарипов

Беҳтарин таҳлил, но есть ещё одно но! МОЛОДЕЖ И ИНТЕРНЕТ. Смотря кто что берёт и что ищет там. Науку, образование, воспитанию или бессмысленные ролики дворовых блогеров. У всех свой выбор и своя аудитория.

Дилафруз Шукруллозода

Бале. Воқеият аст, ки замони мураккаби буҳронӣ ва авҷгирии "бархурдҳои сиёсӣ " болои аҳолии кураи сайёра балоҳо ва офатҳои ғайриинтизорро пеш меорад ва дар ҷараёни ин паёмадҳо омодаи ҳифзи музаффариятҳо ва дастовардҳои беназири даврони Истиқлол будан, рисолати шаҳрвандии ҳар яки мост! "Мафкурасоз" аслан дар ботину зоҳир бо саводу дониш ва фаҳмишу тафаккури миллӣ ороставу мусаллаҳ бошад ва бо таҳдидҳои муосир, ки ба амнияти милливу давлатӣ хатар эчод мекунанд, ақаллан баробарвазниро аз даст надиҳад!

Аслан дар табиати шахс ҳисси Ватанро дӯст доштан ва ба Ватан меҳр варзиданро ҳамчун яке аз сифатҳои баргузидаи ахлоқ бояд тарбият кард. Ташаккули ҳамешагии ахлоқ дар пояи принсипи "ватандӯстӣ" ва "миллатдӯстӣ" ҳамагуна хатарҳои зиддидавлатиро аз байн мебарад.

Барномаи алоҳида барои наврасону ҷавонон таҳия гардад, ки дар он ин принсип ба таври васеъ чун "решаҳои дарахтони бузург" амиқ ва чуқур устувор омузонида шавад!

"Мафкурасозон"-оила (падару модар), мактаб (омӯзгорон) ва дигар гурӯҳҳои ниҳоди ҷамъиятӣ (рафиқ, калонсолон, шиносҳо) дар омода намудани инсонҳои комил ва шахсони содиқу бовафо саҳми аввал гузошта метавонанд ва дар ташаккули мусбии шаҳрвандон таьсири бештар мерасонанд, агар дарвоқеъ худ дар ин сиёсат собитқадам бошанд!

 Хасанжон Шомуродзода

Аҳсан, мақола асоснок ва саривақтӣ буда, пешниҳоди ҷолиб барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар донишгоҳҳои Тоҷикистон мисли боду ҳаво зарур мебошад. Ҳоло маъсулияти падару модарони донишҷӯён дар тарбияи фарзандони худ ҷавобгӯ нест.

 Шодмон Шодмонов

Бисёр эроди муҳим. Омилҳои асосии ин мушкилиро мебояд пайдо кард.

 Dilshod Muzaffarzoda

Эроди бисёр бамавриду баҷо... Вале худи он ниҳодҳои зикршуда ҳамеша таҳти таъсири пурсамарии фаъолияти ниҳодҳои дигаре қарор мегиранд, ки зикрашон нарафтааст... Нуқсонҳои ҷузъиву калони фаъолият дар дигар соҳоти муҳими давлатӣ мисли занҷираи ба ҳам пайвасти 1 Хати истеҳсолот дар 1 корхонаро мемонад, ки дар сурати осеб дидану дард пайдо кардан, 1 ҷузъи алоҳида метавонад дар умум ба сифату миқдори кор, истеҳсол ва ... таъсири манфиашро расонад...

 Умари Хаём

Сад фоиз рост. Беҳтарин пешниҳод. Агар вазорату идораҳо вазифаи худро иҷро кунанд, беҳтарин мешавад.

 Эркин Муҳиддинов

Муҳтарам Саймумин Сатторович ҳақиқати ҳолро навиштаанд. 1 масъалаи аз ҳама муҳиму ҳалталаб - ин бетарафии қисме аз аьзои ҷомеъа нисбати аз ҷониби шахсе ва ё гурӯҳе содир шудани ин ё он амали зиддиҷамъиятӣ, инчунин маҳалгароӣ мебошад. Яке аз омилҳои дар солҳои навадуми асри гузашта рух задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар - ин бетараф будани баьзе қишри ҷомеьа ва маҳалгароӣ буд. Ба ин ҳарду омил муборизаи беамон бояд бурд!

Нарзулло Бобоевич Саидов 

Бародари гиромиқадр, С. Ятимов, барои чунин баҳогузорӣ ташаккур!

 Муртазоалӣ Муродов

Таҳлиле бас воқеъбинона, аммо роҳи раҳоӣ аз мушкилот дар чист? Таҷрибаи мавҷуда нишон медиҳад, ки бо сухан " ҷоннок кардан, нақша-чорабинӣ гузаронидан" ва амсоли инҳо ба дард намехӯрад. Ин пешниҳодҳо ва гуфтанҳо дар Паём ва дигар баромадҳои Ҷаноб ҳар доим таъкид мешавад. Лек натиҷа ҳамон аст, ки роҳбари мақомоти амниятӣ мегӯяд. Ба фикри ин ҷониб аз кабинету коғаз ба кори амалӣ бояд гузашт, байни мардум бояд рафт, бо ҷавонон амалан бояд кор бурд, на фақат бо чанд толибилму донишҷӯ. Бюрократия ба сарамон бало меорад.

 Маҳмасафар Сафаров

Бале, ҳак бар ҷониби Ятимов аст. Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат таваҷҷӯҳи зиёде ба соҳаи маориф дода мешавад, аммо дониш, илм, пешравӣ дар ақлоният, ихтироъкорӣ ва ғайра дида намешавад. Ниҳодҳои номбаршуда фаъолияти пурсамар надоранд дар ҷодаи худ...

 Ниёзмаҳмад Ниёзов

Ҳақ ба ҷониби устози сухан, кадри беҳтарин, мӯҳтарам Ятимов аст.  Банда фикр мекунам, ки проблемаи асосӣ дар баланд бардоштани нақши омӯзгор дар ҷомеа мебошад. Мо бояд чораҳое бинем, ки ақаллан рафтани омӯзгоронро ба муҳоҷирати меҳнатӣ кам намоем. Бовар кунед, ки кадрҳои баландихтисос рафта истодаанд, ақаллан баъзе лготҳое дар давраи Шӯравӣ буданд, ҷобаҷо кунем, дигар ҳамааш хуб мешавад.

 Бахтиёр Самиъзода

Беҳтарин андеша. Воқеан имрӯз зарурати бештар вуҷуд дорад, ки кулли субъектони тарбия фаъолияти мутамарказ дошта, дар тақвияти андешаи миллӣ, ҳамоҳанг бошанд.

Раҷаб Икромов

Бале! Суханҳои ин ака, ин эродгирӣ нест, ин воқеият аст, маорифи мо фалаҷ, кадри мактаб бесавод аст. Дар мактаб бояд олим кор кунад. Маҳсулоти кории омӯзгорон Инсон аст, вале нағзтар назар кунед, худи устодон муҳтоҷ ба тарбияанд. Вазифаи омӯзгор тарбияи инсони нави ватандӯст, модардӯст, инсондӯст ва сиёсатфаҳм аст.

 Раҳим Ҷумаев

Беҳтарин эрод. Мақомотҳои номбаршуда дар ҳақиқат дар кору пайкорашон саҳланкорӣ мекунанд. Натиҷааш 1 зумра хушбоварон дар ақидаҳои ғалат печида, ба ҳаёти худ ва атроф зарари калони модиву маьнавӣ мерасонанд.

 Муҳаммад Ғоиб

Таъкиди дурандешона...

 Мехрбону Наимова

Фикру пешниҳодҳои беҳтарину олимона. Имрӯз вақти он расидааст, ки тамоми қишри ҷомеа якҷоя дар тарбияи наврасону ҷавонон камари ҳиммат банданд, на балки ҳамаи гуноҳро ба сари омӯзгору соҳаи маориф партоянд. Дар ҳамаи давру замон омӯзгорон барои тарбияи дурусти фарзандон худро қурбон намудаанд ва пешбарандаи сиёсати давлат буданд ва мемонанд.

Vaxid Cyltan

Сиҳату саломат бошед, муҳтарам Саидмумин Сатторович!  Беҳтарин суханҳо, кош ҳамин хел мешуд.

Ҳаётҷон Сафаров

Фаъолияти ниҳодҳои зери танқид қароргирифта аз ҷониби муҳтарам С. Ятимов ҳамоҳангии фаьолиятро дар муқовимат ба ифротгароӣ тақозо менамоянд. Барои ташкили чунин ҳамоҳангӣ Комиссияи давлатии доимоамалкунандаи зиддиэкстремистӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳр ва ноҳия бояд таъҷилан ташкил карда шавад. Раиси ин Комиссия бояд худи устод С. Ятимов бошад ва тамоми мақомоти аз ҷониби онҳо эродгирифта бояд шомили ин Комиссия бошанд бо шумули олимон, сиёсатшиносон, уламои дини ислом ва ғ. Проблемаҳо бояд бо таври мушаххас баррасӣ шуда, муҳлат ва роҳи ҳалли онҳо илман асоснок карда шаванд.

 

Рано Каримова

Чаро омилҳои асосии ин мушкилот аниқтараш проблемаҳои мавҷуда то ҳанӯз пайдо карда нашудааст? 31- соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр масъалаҳои муҳимро аз сар гузаронид ва ҳалли онҳоро ёфт, масъалаҳои зикршуда низ дар он раванд ҷой доштанд...вале гумон мекунам, барномаҳо дар сатҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои асосии давлат ба таври лозимӣ масъулияти хешро ба сомон нарасониданд. Ин кори ҳама қишрҳо мебошад. Ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки дар ҳалли ин масъалаҳои пешомада ҳиссаи худро гузорад.

 Манучеҳр Худойбердиев

Беҳтарин! Аз ҳама чизи муҳим ин амнияти давлату миллат аст! Фаъолияти хуби сохторҳои болозикр ояндаи дурахшони миллат ва давлатдории бардавом хоҳад буд! Ҳама бояд бетараф набошед. Барои ояндаи аз ин ҳам зебо қадам ба қадам Тоҷикистон ба пеш!!!

 Джавхар Бобоев

Дар хақиқат сатҳи таълиму тарбия дар соҳаи маорифи Тоҷикистон бениҳоят заиф аст. Аз сабаби бесаводӣ, мо ҳамчун давлати рӯ ба тараққӣ мемонем. Дар давоми 31 соли истиқлолият 1 проблемаи маҳдудияти барқ ҳал нашуд. Имрӯз дигар давлатҳо дар коинот ҷой гирифтаанд. Мо бошем дар роҳи ҳали қувваи барқ сарсон гаштем. Ҳазор сол пеш Абдуллоҳи Рӯдакӣ гуфта буд, :

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

 

Анвар Қурбанов

Дуруст аст. Ҳисоботҳоро на бо рақамҳои гузаронидани ину он чорабинӣ, балки бо натиҷаи ба ҳадаф расидан бояд ба инобат гирифт. Аз натиҷаи вохуриву чорабиниҳои гузаронидашуда дар мактабу донишгоҳҳо, миззи мудаввар бояд ташкил кард, ки он ҷо моҳияти он чорабинӣ муайян шавад.

 Akmal Gulahmadzoda

Конкретно, чётко, и ясно.

Мансур Шамсович

Бале, хусусан мавқеъи муллоҳо дар переферияҳо бениҳоят мустаҳкам аст. Нисбати телевизион бошад ҷавонон тамоман телевизори ватамонро тамошо намекунанд ва рӯ ба киноҳои туркӣ овардаанд, ҳурмату эҳтиром коста гардида истодааст. Ба ёд оред барномаи Беғараз панди давраи советиро...

 Довархон Зарифзода

Бехтарин! Тансиҳату муваффақ бошед, Устоди гиромиқадр!

 Jeik Miller

Чун ҳамеша олӣ, мантиқӣ ва аз ҳама муҳим дар замони мувофиқ гуфта шудааст, боз хубтар мешуд агар аз рӯи ин гуфтахо вазорату идорахои болозикр амал мекарданду аз паи ислоҳ мешуданд!

 

С. Ятимов:

-Бошад имрӯз олиме, ки дар сатҳи китобҳои дарсии барои мактаби миёна навиштаи донишмандони маъруф – устод Айнӣ, Абдуррауфи Фитрат, Сайид Ризо Ализода, Тӯрақул Зеҳнӣ, Раҳим Ҳошим, Ҳамид Бақозода, Ҳилол Каримов, Холиқ Мирзозода, Шарифҷон Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев, Абдусалом Деҳотӣ, Воҳид Асрорӣ, Маҳмадуллоҳ Лутфуллоев, Носирҷон Маъсумӣ, Юрий Бобоев ва бисёр дигарон аз нигоҳи назариявӣ, методологӣ, далелнокии таърихӣ, муносибати системавӣ, сохторӣ, функсионалӣ, муқоисавӣ, муқоисавӣ-таърихӣ, мантиқӣ, дар асоси ҷаҳонбинии пешқадам ва созанда асар офарида тавонад? Дар сурати ҷавоби мусбат, мақолаву асарҳои онон бояд намуна бошанд...

 ·         Шарифхон Тиллоев

Ҳақ бар чониби устод Саймумин Сатторович! Мутассифона, имрӯз мисли дар матлаби боло зикршуда устодон, миллати Тоҷик пайдо карда наметавонад. Аз ҷумла мисли устод Раҳим Ҳошим. Дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат олимон ҳамасола бисёр шуда истодаанду аммо амалашон нест. Имрӯза китобҳои дарсӣ дар муқоиса ба китобҳои дарсии даврони Шӯравӣ (СССР ) баробар нест ва ба талабот низ ҷавобгуй нестанд ва барои хонанда бисёр мушкил ва мураккаб таҳия шудаанд. Махсусан китобҳои дарсии мактабҳои миёна. Мутаассифона, дар мо ҳозира вақт ҳама машғули китоббизнес, чиро хоҳанд ё тавонанд таҳия карда пешкаши хонанда карда истодаанд.

 Садбарг Салимова

Олимон ғами насли наврасро не, ғами кисаҳояшонро мехӯранд, боре дар ин бора гуфтаму ба балои ҳафтсара гирифтор шудам. Дар кулл ҳақ бар ҷониби С. Ятимов аст.

Пайшанбезода Муҳиддин

Мақолаи олимонаву оқилона!!!

 Шамсудин Гулахмадов

Аз навиштаҷоти Ятимов бармеояд, ки ӯ донандаи хуби фалсафаи Юнони қадим, донандаи хуби сиёсатшиносии муосир аст. Аз навиштаҷоти эшон бармеояд, ки ӯ шояд риштаи филологиро тамом карда бошад. Зеро адабиёти тоҷик ба хусус адабиёти муосирро бисёр мутолиа кардааст. Ба назари ман чунин мерасад, ки дар ҳукумати кунунӣ ягона нафари серхонандатарин шояд Ятимов бошад.

 Хаёл Бобоев

Оре, рафиқ генерал хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷики он замон эьтибори баланд доштаи Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Кӯлоб мебошад ва ихтисоси дуюмро низ аз факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гирифтаанд ва ин ҳама нишони доштани донишу илми хуби замона хастанд.

 Абдулқодир Алавӣ

Унвондорҳои илмӣ ниҳоят зиёд ҳастанд, аммо олимони донишманди воқеъӣ хеле кам!

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter