ХАБАРИ ДОҒ

Классикаи журналистикаи ҳирфаӣ

  • Чоршанбе, Март 01 2023

---------------------------------------------------------------------------------------------------- 

(Ӯ агар зинда мебуд, ин баҳор (15.03.1953) нав ба 70 мерасид)

 

Дипломат, сиёсматмадор ва журналист

Бобоҷон Абдулвоҳидовро касе мешинохт, медонад, ки ҳаргиз аз одамгариву хоксориву фурӯтанӣ 1 қадам фаросӯ нарафта буд. Зеро маниву худпарастиву ифтихор бо мансаб чист, ҳатто намедонист. Бо ҳама як буд. Зеро ҳама бо ӯ яке будандӣ.

            Ӯ аз ангуштшумор журналистонест, ки тамомии зинаҳои касбиро оҳиста-оҳиста, қадам ба қадам, stepbystep, шаг за шагом, тай кардааст. Аввал мусаҳҳеҳ буд (пасттарин зинаи касбӣ), сипас тарҷумонӣ мекард, баъдан мухбири хурд ва пасон хабарнигори калон дар газетаи маъруфи даврони шӯравӣ-«Роҳи Ленинӣ»-и вилояти Кӯлоб кор карда, то ба дараҷаи муовини котиби масъул сабзид. Ва аммо баъдаҳу рӯзгор ӯро ба дигар самт бурд.

Бо амри дил ва супориши партияи коммунистӣ ихтиёран ба Афғонистони ҷангзада рафта, ба ҳайси афсари тарҷумон кору фаолият намуд.

Баъди Афғонистон ба кори ҳизбӣ даромехт. То мушовири муовини аввали раиси ш. Кӯлоб расид (Шӯрои депутатҳои шаҳрӣ), вале баъдан боз ба журналистика баргашт.

Ин бор барои абадият!!!

Чанде дар газетаи «Ҳақиқати Хатлон» собиқ «Роҳи Ленинӣ» кору фаолият намуда, баъди соҳибистиқлолӣ, сар аз соли 1991 хабарнигори махсуси газетаи парлумонии «Садои Мардум» дар водии Кӯлоб таъин шуд. Хизмататон арз кунам, он даврон Сарвари Давлатамон Раиси Шӯрои Олӣ буданд ва маҳз ҳамин газета минбари асливу усулии сулҳофариниши Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон будӣ. 1 фактро наметавон нодида гирифт, ки дар солҳои 1991-1993 Кӯлобшаҳр, мавзеъе, ки Абдулвоҳидов фаолият дошт, махуфтарин, пурҳаростарин ва хуношомтарин гӯшаи диёр маҳсуб мерафт. Ин водӣ шоҳу президенту генералу адмиралу қумандонҳои саҳроии худ дошт, ки ҳамаашон «Худ шоҳу Табъ вазир буданд!». Ва ана дар миёни ана ҳамин афрод, ба мисли Сангак Сафаров, Қурбони Чол, Иброҳим Исмоил, Султони Чол, Талаби Оҳангар, Шӯҳрат Олимову Одинамад Раҷабов ва садҳо қумандони саркаши дигар, Бобоҷон Абдулвоҳидов аз ғояҳои сулҳпарвари сарвари ҷавони давлати Тоҷикон сухан мегуфт ва афкори ваҳдатофарро таблиғу ташвиқ мекард...

            Соли 1998 ӯро, ки 5 сол ба ҳайси муовин кор мекард, ба ҳайси сардабири «Садои Мардум» баргузиданд. Пас аз сари Муродалӣ Шералиеви раҳматӣ, ки нахустин туъмаи ҷанги таҳмилӣ дар Тоҷикистон гардида буд, шояд Абдулвоҳидов яке аз беҳтарин муҳаррирони ин рӯзнома бошад. Ба ҳар сурат ӯ тавонист газетаро дар шароити хеле сахту сангин ба хонандатарин рӯзнома табдил дода, коллективи корро сарҷамъ намуда, журналистонро бо маоши шоиста таъмин намояд.

Аз марҳум то ҳанӯз бо некӣ ёд мекунанд. Ва ба таҳқиқ дар ҳамон шабу рӯзҳо номи Бобоҷон Абдулвоҳидов миёни ситораҳои дурахшони бинои пуровозаи «Шарқи Озод» чун Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Акбари Саттор дурахшу ҷилваи вежаи худро дошт!

            Роҷеъ ба фолияти касбии шодравон бовар дорам, ҳамкасбу ҳамсолонаш хоҳанд навишт. Вале ман мехоҳам, ба ибораи Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, роҷеъ ба «сағерапарастӣ»-и ӯ гӯям.

Дар Кӯлоб ва дар Душанбе хона дошт ва ин хонаҳо хонаи тамомии журналистони ватанӣ буданд. Касе Кӯлоб хидматӣ мерафт, ҳатман дар хонаи Бобоҷон Абдулвоҳидов воқеъ дар маркази шаҳр ҷо мешуд-меҳмонхонаву гостинитса барои хабарнигор аз куҷо дар он овон???

Ва ҳар нафаре аз водии Кӯлоб ё минтақаи Қурғонтеппа ба пойтахт меомад, шабро дар хонаи Абдулвоҳидов, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон рӯз мекард-пулу маблағ аз куҷо???

Ва ин хонаҳо на танҳо кӯрпаву болишт, ки нуқлу навову кабобу шаробу базму тараб ва сӯҳбатҳои самимии то дили шаб низ дар худ доштанд.

Вақте Бобоҷон-ако сардабир шуданд, хонаи худро дар Кӯлоб ба журналистони маҳаллӣ, ки аксарият бехонаву дар буданд, ройгон ва муфт ба иҷора доданд. Ҳамонгунае, ки ҳар боре сафар мекарданд, хонаашро ба журналистони ҷавон мегузоштанд.

 

Руҷуи лирикӣ

Мухтори Абдулло-шарикдарси питериям, ки дар даврони сардабирии марҳум хабарнигори музофотӣ буданд, қисса карданд, ки;

-Боре ба қабулгоҳи раиси вилояти вақти Ленинобод-Қосим Қосим рафтем. Дар қабулгоҳ менишастем, ки ёвари раси омада гуфт, ки «Марҳамат устод, Шуморо раис интизоранд!». Бобоҷон Абдулвоҳидов гуфтанд, «Ба раис гӯед, ки ман қабулашон бе хабарнигори вилоятиамон намедароям!». Ёвар ҳайрону музтар баргашта, пеши раис рафтанд. Аз акои Бобоҷон гилагузор шудам, ки «Устод, мо одами хурд, о, худатон дароед буд!», ки гуфтанд:

-Писарам! Ҳампеша бояд қадру қимати ҳампешаашро ҳифз кунад! Ту обрӯи «Садои Мардум» дар вилояти фавқ ҳастӣ ва ту ин ҷо бояд рақами 1 бошӣ.

Чанде ба баъд, ёвар омада гуфт, «марҳамат, раис ҳардуятонро қабул мекунанд!».

 Фикр кардам, ин лутфи сардбаир охири кор аст, вале чун ба дари кабинети раис расидем, Абдулвоҳидов пофишорона аввал маро ҳурмат карда, пеш дароварданду сипас худашон вориди дафтари кори Қосим Қосим шуданд...

Ку дигар чунин раҳбаре???

Ба таҳқиқ Бобоҷон Абдулвоҳидов аз классикони журналистикаи советии Тоҷик буданд, ки ин касбро шоиста, то ба даврони соҳибистиқлолӣ оварданд ва то соати марг (12.02.2008) ба журналистикаи ҳирфаӣ содиқ монданд.

Мутаассуф, ҷои ишон, мавзеи журналистони классик, абадан дар миёни мо имрӯз холист.

Мо Метавонем!

Сайёфи Мизроб

журналист

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter