Ҳокими Сафар, муаллиф ва хонандаи фаоли мо аз н.Файзобод ба редаксияи газетаи мардумӣ занг зада (тел: 2385556), гуфт, ки ба вокунишҳои МИҲД н.Файзобод ва хосса муовини раиси ноҳия Маҳмадзода роҷеъ ба матлабҳои танқидиаш эътироз дорад.
- Банда вокунишҳои муовини раиси н.Файзобод Маҳмадзодаро вобаста ба матлабҳои нашршудаам дар газетаи СССР хонда, ба онҳо розӣ нестам. Дар ягон посухи расмии ҳукумати ноҳия ҷавоби мушаххас ва бо факту далел нест. Наход Маҳмадзода камбудиҳоро рӯйпуш карда, барои сафедкуни МИҲД -и ноҳияи Файзобод вокуниш нависад?
Муҳтарам Маҳмадзода! Оё дарвозаи Заркамар ба талабот ҷавобгӯ аст? Боре мушоҳида накардаам, ки кормандони БДА дар маркази шаҳраки 30- солагии Истиқлолият омада, корбарӣ карда бошанд. Вокунишҳои моҳи декабри соли 2022 нашршуда низ ба ҳақиқат посухгӯ нестанд.
Бо рӯйпуш кардани иллатҳою камбудиҳои ҷойдошта корҳои ободонию созандагӣ пеш намераванд, муҳтарам масъулини н.Файзобод!