ХАБАРИ ДОҒ

Мо бо туем, Бадахшони азиз!

  • Чоршанбе, Март 01 2023

Агар кӯҳи Бадахшон лаъл гардад,

Ба дидори бадахшонӣ наарзад!!!

 15.02.2023. Соат бо вақти Хоруғ 10:01 дақиқа. Бар асари фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғ 8 нафар зери тарма ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар беному нишон шуданд ва ҷустуҷӯи онҳо чанд рӯз давом кард.

Худи ҳамон рӯз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши 1 изҳорот хабар дод, ки ҳамчунин, 12 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба Маркази ташхиси Хоруғи Боло бистарӣ гардида, 2 нафарашон дар ҳолати вазнин қарор доранд. Дар пайи тармафароии 15-уми феврал, 7 манзили истиқоматӣ зери тарма монда, пурра хароб гашта, 10 хонаи дигар қисман зарар дид. Консулии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ низ зери тарма монд.

Пеш аз ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода буд, ки бар асари тармафароӣ дар шаҳри Хоруғу ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, минтақаи Варзоб рӯзи 15.02.2023 дар умум 10 нафар ба ҳалокат расидаанд.

 

Бадахшон таҳти назорати шахсии Президент

15.02.2023. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба офатҳои табиӣ, аз ҷумла фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ гардид, ба пайвандону наздикони шахсони ҳалокшуда изҳори амиқи тасаллият карданд.

Бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби шахсони масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони аввали 1 қатор вазорату кумитаҳо Комиссияи давлатӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуд.

Дар асоси дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои Комиссияи давлатӣ вазифадор шуданд, ки дар муҳлати кутоҳтарин оқибатҳои офати табииро бартараф карда, ба оилаҳои зарардида кӯмаки моддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, аз қабили маводи хӯрока, сару либоси гарм ва дигар ашёи зарурии рӯзгор дастрас намоянд. Таъкид бояд кард, ки рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ таҳти назорати шахсии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

  

Давлат Сафар:

Ҳасрати Бадахшони азиз

Ё Раб, ғаме, ки соя фиканд аз сарам бубар,

Хуршедвор соя зи бому дарам бубар.

Аз нур ханда бахш лабам гул кунад аз он,

Ашкам марезу ҳасрати чашми тарам бубар.

 

Тармаргҳои тарма надиданд рӯзи хуш,

Тардомании сояи шаб аз барам бубар.

Рӯзу шабам якест нағунҷам бар ину он,

Ғафлат зи хоби кобусии бистарам бубар.

 

Дасти ғами гулӯи падармурдаҳо бигир,

Оҳу фиғони ҷону дили модарам бубар.

Хуршед зеби кӯҳи Бадахшони миллат аст,

Рӯзи сиёҳи барфи сафед аз сарам бубар.

 

 Барфрезиву тарма дар Шуғнон

16.02.2023. Бар асари боришоти беисти барфу борон дар ҳудуди деҳаи Вужи ноҳияи Шуғнони ВМКБ фаромадани тармаи калонҳаҷм ба қайд гирифта шуд, ки маҷрои рӯдхонаи Ғундро баст.

Дар баёнияе, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ВМКБ паҳн намуд, гуфта мешавад, ки ин омил ба тадриҷан кам гардидани ҳаҷми об дар нерӯгоҳи барқи обии “Помир -1” оварда расонд ва дар сурати зарурат, маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ карда мешавад. Баъди ба эътидол омадани вазъ маҳдудият бардошта хоҳад шуд. Маъмурияти ВМКБ аз сокинони вилоят хоҳиш кардааст, ки дар чунин ҳолатҳо ба таҳлука наафтанд.

Бино ба итиллои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди қурбониёни тармаи рӯзи 15-уми феврал, ки биноҳои истиқоматии маҳаллаи ба номи Носири Хисрави шаҳри Хоруғ зери он монда буданд, ба 13 нафар расид. 2 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Тибқи маълумоти ахир 4 хона пурра, 35 хона ва 5 иншооти хоҷагӣ қисман осеб дидаанд.

 

 Аскар Ҳаким:

Андӯҳи Хоруғ...

Андӯҳи ту, Хоруғ, диламро хун кард,

Баҳман ба ту ин ҷабру ситамро чун кард?!

Бас бегунаҳу покдилӣ, раҳмати Ҳақ,

Фарзанди туро ба ҷаннаташ маскун кард.

  

19 қурбонии тарма…

Рӯзҳои 17 – 18 феврали соли ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон 24 ҳодисаи лағзиши тарма, 6 ярч ва 5 сел ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итиллоъ дод.

 

ВМКБ

17.02. 2023. Соат ба вақти Хоруғ 21:11 дақиқа. Дар километри 352 роҳи мошингарди Душанбе – Дарвоз – Хоруғ, ки аз деҳаи Умараки ҷамоати Қалъаи Хумб мегузарад, сел омад. Ғайр аз ин соати 22:10 дақиқа дар километри 347-уми роҳе, ки аз қаламрави деҳаи Зинди ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб убур мекунад, лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Роҳ барои ҳаракати мошинҳо баста мебошад. Дар айни замон техникаи махсуси Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ барои рафъи паёмадҳои ин офат ҷалб карда шудааст.

 

Вилояти Хатлон

18.02.2023. Соат ба вақти Кӯлоб 02:30 дақиқа. Дар километрҳои 224, 227, 235 ва 237 роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мегузарад, ярч ба қайд гирифта шуд. Барои тоза кардани роҳ аз лойқа 4 техникаи мансуб ба Вазорати нақлиёт ҷалб карда шудааст. 

18.02.2023. Соат ба вақти Кӯлоб 02:45 дақиқа. Дар километри 21-уми роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг, дар наздикии деҳаи Учқуни ноҳияи Восеъ лағзиши замин мушоҳида шуд. Дар ин мавзеъ низ техникаи мансуб ба Вазорати нақлиёт фаъолият мекунад. 

НТҶ

17.02.2023. Соат ба вақти Рашт 21:05 дақиқа. Дар километри 196 роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Рашт-Лахш, ки аз қаламрави ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби оби ноҳияи Тоҷикобод мегузарад, бар асари борони пуршиддат сел омад. Техникаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон сангу регу шағали селоварда дар роҳҳоро тоза кард ва ҳаракати мошинҳо дубор оғоз шуд.

17.02.2023 аз соати 08:10 то 21:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километрҳои 47, 56, 57, 58, 59, 65, 66, 68,5 69, 70, 71, 72 роҳи мошитнгарди Душанбе – Айнӣ бориши пуршиддати барф сабаби омадани тармаҳои зиёд шуд. Роҳи мазкур ҳанӯз ҳам баста аст.

Шумораи қурбониёни тарма дар кишвар то ин рӯз  ба 19 нафар расид…

 

 Нозир Ёдгорӣ:

Дар тасаллои туям

Эй Бадахшон, дар тасаллои туям,

Дар тасаллои ту аз ин марги тар.

Хонаи бишкаста барпо мешавад,

Одамон аммо намеояд дигар

Ҷафс бо ту, дар барат истодаам,

Дарди ту дар дидаву ҷону ҷигар.

Қомататро хам макун, Қоматбаланд,

Дар барат Кӯлобу Суғду Бохтар!!!

 

Сарвазир ба Бадахшон рафт!

20.02.2023. Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ш.Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом дод.

Сарвазири мамлакатро дар ин сафар роҳбарони 1 қатор вазорату кумитаҳо ҳамроҳӣ намуда, гурӯҳи корӣ аввал аз мавзеи фаромадани тарма дар маҳаллаи Носири Хусрави ш.Хоруғ дидан намуд. Дар ин ҷо Сарвазири мамлакат бо оилаҳои аз офати табиӣ зарардида мулоқот намуда, изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввали сар задани ин офати табиӣ дар фикри мардум буда, алаккай сару либос, рахти хоб ва маводи ғизоӣ барои ин оилаҳо тавассути мошинҳо ба самти вилоят ҳаракат доранд. Таъкид гардид, ки ягон оилаи зарардида аз зери таваҷҷӯҳи Роҳбарияти олии мамлакат дар канор намонда, барои дар фурсати кӯтоҳтарин ҷуброн ва барқарор кардани ин зарар тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ карда мешаванд.

Сарвазири мамлакат бо роҳбарону фаъолони вилояту шаҳри Хоруғ, оилаҳои зарардида ва онҳое, ки дар натиҷаи ин офати табиӣ наздикони худро аз даст додаанд, вохӯрӣ анҷом дод.

Қоҳир Расулзода аз он изҳори таассуф намуд, ки ҷони одам ҷуброннопазир аст ва бо ягон роҳ наметавон онро баргардонид. Аммо хисороти молие, ки дар натиҷаи фаромадани офати табиӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба қайд гирифта шудааст, бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурсати хеле кӯтоҳ барқарор хоҳад шуд...

 

Ҳайати эҷодии Газетаи мардумии СССР ба ҳамаи онҳое, ки дар натиҷаи тармафароӣ азизони худро аз даст додаанд, тасаллият менамояд ва ба тамомии сокинони Бадахшони азиз сабри ҷамил мехоҳад. Фирдавси барин ҷои шаҳидони тармафароӣ бод!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter