ХАБАРИ ДОҒ

Аловуддин Абдуллоеви аз зиндаҳо ҳам зиндатар...

  • Чоршанбе, Март 01 2023

Оғоз: дар меҳмонии СССР

03.10.2021. Ҳунарманди мардумӣ Аловуддин Абдуллоев ва коргардони шинохтаи синамо Носир Саидов (директори муассисаи давлатии телевизиони Сафина) дар шаҳри бостонии Кӯлоб барои омода кардани барномаи мукаммали фарҳангӣ бахшида, ба истиқболи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҷлили Рӯзи Забони давлатӣ машғули кори эҷодӣ буданд. Дар иҷрои ин рисолати пурмасъул банда низ  ҳамчун ҳунарманди театр ширкат доштам.  Лаҳзае, ки тамрини навбатӣ ба анҷом мерасид, сардабири газетаи мардумии СССР Сайёфи Мизроб тамос гирифта, чун оини неки сокинони Кӯлобшаҳр, моро ба меҳмонӣ, ба хонаи аждодияшон даъват карданд.

Суҳбати мо асосан атрофи корҳои эҷодӣ сурат гирифт. Ҳозирин бештар ба ҳунару маҳорат ва ҳазлу шӯхиҳои  шодравон Аловуддин Абдуллоев таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд. Сайёфи Мизроб аз намоишномаи “Арчин мололанд” ёдовар шуда, иҷрои нақши Султонбекро аз ҷониби Аловуддин Абдуллоев ва нақши Сулаймонро аз тарафи камина ҳамчун тамошобин баҳои баланд доданд. Гуфта шуд, ки нақшҳои мазкур самимона иҷро гардидааст. Дар ин намоишномаи аҳли эҷоди театри Маяковский, ки дар таҳияи Бурҳониддин Раҷабов рӯи саҳна омад , Аловуддин Абдуллоев сазовори иҷрои беҳтарин нақши мардона дониста шуда буд.

Сипас дӯсти сардабир ва хабарнигори мардумии фаоли СССР дар водии Кӯлоб, устод Алии Беҳудуд, ки ҳам таббохӣ доштанду ҳам чойхоначигӣ “баромади намакин” карда, табъи моро болида намуданд. Аловиддин бошад, бо хандае, ки аз чашмонаш ашк мешорид, кору рафтору гаппарониҳои “хулиганӣ”-и Алиро копӣ карда, мегуфт, “намурам, албатта нақши ӯро низ рӯи саҳна меорам!”.  Яъне дилаш аз чизе гувоҳӣ медоду мо бошем бехабар бар ин шӯхии навбатияш механдидем...

Ғамхори ниёзмандон.

 06.10.2021. Баъди баргузории чорабинии бошукӯҳ дар шаҳри бостонии Кӯлоб шодравон Аловуддин Абдуллоев иқдом гирифтанд, ки ҳамроҳ бо Носир Саидов бошандагони муассисаи давлатии беморони рӯҳии ноҳияи Восеъро аёдат намуда , 1 миқдор маҳсулоти хурока,  шустушӯӣ ва дигар маводи лозима кумак расонем. Дар ин муассисаи иҷтимоӣ аз ташрифи мо, ба хусус омад-омади ҳунарманди асил  ва ширинкорӣ шинохта Аловиддин Абдуллоев роҳбарият ва бошандагон бисёр хушнуд гардиданд. Баробари ворид шудан ба саҳни беморхона, аз забони беморони рӯҳӣ бо нишоту сурур чунин суханон “Ҷентелмен”омад, ”Ё пирм,ё пирм яке меқапа яке намеқапа”, ”Хона дорӣ?”, “Ала бугу вайронш кадм” ... садо медод, ки ин барои мо бисёр тааҷҷубовар буд. Аз чунин пазироии бошандагон дар чашмони марҳум ашк ҳалқа зада, ба сардухтур ваъда доданд, ки аз ҷониби аҳли ҳунар як барномаи фарҳангӣ дар ин муассиса пешкаш мекунанд ва афзуданд “агар намурам, миоям!”... 100 афсӯс....

 Ҳама дӯсташ медошт

Дар  сафарҳои ҳунарии якҷо бисёр мушоҳида кардаам, ки Аловуддинро ҳамаи мардум барои ҳунари нотакрораш дӯст медошт. 1 лаҳза то ҳанӯз бароям хотирмон аст, ки дар шаҳри Кӯлоб ба  ӯ 1 сокини деҳоти дурдасти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин гуфт, “Модари бистарии ман ба ҳунари волои Шумо зиёд мухлис ҳастанд ва мехоҳанд аз наздик вохӯрда, бароятон дуои хайр кунанд!”. Бо вуҷуди ташвишҳои корӣ ва камии вақт Аловуддин ба хотири эҳтироми модар ба манзили онҳо рафта, дар ҳалқаи оилаи Назаровҳо беш аз 2-соат суҳбату ҳазлҳо карданд. Дар ин хонадон аз саҳнаи “Лаку Пак” ва барномаи “Шӯхиҳои Аловуддин” ва дигар намоишномаҳо ёдовар шуданд. Пеш аз гусели мо, модари мариз бо лаҳҷаи ширин аз омодани ҳунарманди дӯстдоштааш хушнудӣ карда, гуфтанд “Имрӯз бачам, дардма нӣ прра фромӯш кадум!”.  Сипас ба мо дуои хайр дода, бо табассум  гуфтанд, “Имрӯз воқеъан эҳсос кардам, ки ханда ҳам доруст-инсонро табобат мекунад!”.

Дар сафар

Аловуддин ҳангоми сафар ба шаҳру ноҳияҳо бо вуҷуди ташвишҳои зиёди корӣ кушиш мекарданд, ки  мусофирони ба мошинаш савор шударо то макони даркорӣ  расонанд. Дар роҳ низ ҳамеша ҳазлу шӯхӣ мекарданд. Боре гуфтанд, ки ман аз ҳар ҳамсафари хеш, ба хусус шахсони рӯзгордида чизеро меомӯзам ва он дар офаридани  нақшҳо ва пешбурди кори эҷодиам лозим аст. Ин сухани ӯро ба хотир оварда, имрӯз ҳамчун дӯстӣ наздикаш  эҳсос мекунам, ки марҳум то лаҳзаҳои охирини ҳаёт авом буданд ва нақшҳои воқеъан ҳам диданию ҷолиб  меофариданд. Аз ҳар сафар ва суҳбаташ бо мардум идеяи нав пайдо мекарданд. Ва ин аст, ҳама нақшҳояш сирф фолклорӣ, мардумӣ буданд!

 

Ҳазлро дар ҳама маврид хуш меписандид

Боре, ҳини сафар дар шаҳри Кӯлоб, ба 1 нуқтаи сӯзишворӣ рафтем. Ҷавоне, ки машғули хизматрасонӣ буд, бо шеваи маҳаллӣ гуфт,  “навбати ки ай?”, шодравон бо шӯхӣ пурсид, ки “Бензинут тозаай, братан?”. Ҷавони шухтабиат низ бо ҳазл гуфт:

 “ Акаи Аловуддин номи гугирда нагир, ки бензинмон мекафа! До чего тозаай!!!”.

-Ита, ки боша мошина запрафка кун-бо хандаи осмонкаф  гуфт Аловиддин.

                                 

Ҳунари воло ва хоси нақшофарӣ

То ҳол барои аксар тамошобини барномаи “Шӯхиҳои  Аловуддин” иҷрои чанд нақш дар 1 вақт аз ҷониби 1 нафар ҳайратангез аст. Борҳо шоҳидем, ки аз ин ҳунари ӯ мепурсиданд. Барои таҳияи ин барнома ба шодравон воқеъаҳои ҳаётиро низ нақл мекарданд ва ё навишта мефиристоданд. Аз рӯи нақли мухлисон бо ҳунару маҳорати вижа барномаи мазкур омода ва диданию хотирмон пешкаш карда мешуд. Абдуллоев кӯшиш мекарданд, ки нақшҳои офаридааш бештар ҷанбаи ахлоқию тарбиявӣ дошта бошанд. Умуман ҳунари ӯ нотакрор аст. Бо забони ноби тоҷикӣ ва шеваҳои мухталифи кӯлобиву лақайиву помириву ёвониву дарвозиву ғармиву хуҷандӣ сухан карданро дӯст медоштанд. Ҳангоми  сафарҳояш ба деҳот ва суҳбат бо мухлисон тарзи сухаронии онҳоро зуд аз худ карда, дар нақш меофариданд ва эҳтироми ҳама маҳаллаҳоро дар мади аввал қарор медоданд.

 

Анҷом: ёдаш ҳамеша дар хотираҳо боқӣ хоҳад монд

Аловиддин Абдуллоев касбу ҳунари хеш ва дар симои нақшҳои офаридааш зиндагиро зиёд дӯст медоштанд. Ифтихор аз ободию пешрафти кишвар мекарданд. Бисёр дӯсти вафодор буданд. Дар ҳаёти шахсиаш низ шоистаи пайравӣ буданд. Давраи фаъолияташ дар вазифаи роҳбари Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон аҳли ҳунар бо роҳнамоияш ба рушду пешрафти назаррас ноил гардид. Аҳли эҷоду ҳунарро зиёд дастгирӣ мекарданд. Барои мо ҳамкасбону дӯстонаш бисёр таассуфовар аст, ки дар авҷи камолоти ҳунар, санаи 17-уми феврали соли 2022, ба таври ногаҳонӣ ва ғайриинтизор ҷаҳони фониро падруд гуфтанд. Вале ҷойи Ӯ дар саҳнаи ҳунари Хатлон ва Тоҷикистон абадан холист. Ёди Ӯ бо ҳунари асилаш ҳамеша дар хотираҳо боқӣ хоҳад монд. Барои қадршиносӣ аз ҳунари волою нотакрораш бо ибткори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Кохи фарҳанги вилоят ба номи Аловуддин Абдуллозода гузошта шуд ва масъулин тасмим доранд рӯзҳои наздиктарин дар ин макон Осорхонаи ин ҳунарманди беназирро низ ташкил намоянд. 

Муҳаммад Шомиддинов,

Ҳунарманди театри вилоятии мусиқии мазҳакавии

ба номи А.Муҳаммадҷонов

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter