Коре, ки Суҳроб Қосим сар кард
Хуб дар ёд дорам, ки соли 2011 бо ибтикори бевоситаи президенти вақти ФФТ, марҳум Сӯҳроб Қосимов дар ноҳияи Рашт дастаи футбол таъсис ёфта, иштироки он дар лигаи якуми кишвар ба роҳ монда шуд. Бо дархост ва пешниҳоди Генерали зиндаёд, яке аз мураббиёни собиқадор Салоҳиддин Бухориев, ки дар дастаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ фаъолият дошт, ба Рашт сафарбар шуд. Ҳадафи Суҳроб Қосим аз таъсиси дастаи футболи “Рашт”, “пеш аз ҳама нишон додани суботу оромӣ дар Ғарм” буд. Зеро касе дар ёд дошта бошад, ҳатто то солҳои 2010 тамоми Васоити Ахбори хориҷи кишвар талош меварзиданд, ки аз ин минтақа ҳамчун аз 1 минтақаи ҷангзада ва ноороми Тоҷикистон матлаб нашр намоянд. Салоҳиддин Бухориев то моҳи ноябри соли 2011, яъне давоми бештар аз 1 мавсим, бо дастаи “Рашт” дар мусобиқа байни дастаҳои Лигаи якуми Тоҷикистон иштирок намуд.
Таъсиси ФФМР
Моҳи сентябри соли 2014 бошад, бо супориши бевоситаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дар водии Рашт Федератсияи футболи минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун (ФФМР) ташкил карда шуд. Масъулияти ташкил ва баргузории Конференсияи таъсисӣ-интихобии Федератсияи минтақавии мазкурро ман ва роҳбари маъмурияти ФФТ Шавкат Ахмедов ба зимма доштем. Дар ташкилу баргузорнамоии ин Конференсия раиси вақти ноҳияи Рашт Сайидумрон Абдураҳмонзода кӯмаки зиёд намуданд. Дар Конференсияи таъсисӣ-интихобии Федератсияи футболи минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун раиси шаҳри Роғун ва раисони ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор (ҷамъ 6 шаҳру ноҳия) иштирок намуда, ба вазифаи раиси Федератсияи футболи минтақа раиси ноҳияи Лахш Умедхоҷаи Зоирро интихоб намуданд. Вазифаи Котиби масъули Федератсияро бошад ба корманди бахши ҷавонони ноҳияи Лахш Усмоналӣ Сафаров бовар карданд. Хато накунам, 3-4 соли аввал Федератсияи мазкур фаъолияти хуб дошт. Ҳамасола, Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюм дар минтақаи Рашт бо иштироки 6 даста дар сатҳи зарурӣ баргузор мешуд. Вале баъди ба кори дигар гузаштани Умедхоҷаи Зоир ва ба вилояти Хатлон омадани ӯ, футбол низ аз минтақаи Рашт рахт баст, аммо ба куҷо, номаълум...
Раиси наву мушкили кӯҳна
Бо мақсади ба эътидол овардани вазъ ва беҳтар намудани кори ФФМР боз ҳам бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ 25-уми майи соли 2018 дар ноҳияи Тоҷикобод Конференсияи ҳисоботӣ-интихобии Федератсияи футболи минтақа баргузор ва раиси ноҳияи Нуробод Ҳасан Дӯстзода, раис интихоб шуд. Қобили зикр аст, ки дар 2 соли аввал новобаста ба тамоми мушкилоти ҷойдошта, мусобиқа байни дастаҳои лигаи дуюм дар минтақаи Рашт, дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор гардид. Соли дигараш бошад, Ҳасан Дӯстзода аз вазифаи раиси ноҳияи Нуробод барканор шуд ва бо барканории ӯ, футбол низ дар ин минтақа барҳам хӯрд. Кор то ҷое расид, ки дар соли 2022 мусобиқа байни дастаҳои лигаи дуюм дар минтақаи Рашт, умуман баргузор нагардид.
Пешниҳоди Ҳамидзода
Имсол дар нахустин ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки санаи 13-уми январ дар меҳмонхонаи “Ҳаят-реҷенси Душанбе” баргузор шуд, узви Комиҷроияи ФФТ, сардори РВКДҶТ дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Бароталӣ Ҳамидзода мавзуи адами футбол дар минтақаи Раштро ба миён гузошт ва пешниҳод намуд, ки аз ҳама роҳу воситаҳо истифода намуда, бояд фаъолияти Федератсияи футболи минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун эҳё шавад. Мо ин ҷо мавзуро жарфтар кор намегирем, вале ҳаминро бояд гӯшзад созем, ки вақте роҳбари ҳирфавии мақомоти қудратӣ онро муҳим ва зарурӣ меҳисобад, пас ба таври оҷил бояд ҳаллу фасл шавад. Зеро футбол яке аз паҳлӯҳои муҳими ҳаёти иҷтимоии мардуми кишвар ба ҳисоб меравад ва аз он ҳамчун омили асосии тарбияи наврасону ҷавонон дар роҳи ватандориву ватансозӣ бояд истифода кунем. Ҷиҳати бартарафсозии ин мушкилот аз ҷониби Комиҷроияи ФФТ қарори махсус ҳам қабул карда шуд.
Чораҳои фаврӣ
Тасмим гирифта шуд, ки имсол ҳамаи 6 дастаи иштирокчии Лигаи дуюми Тоҷикистон дар минтақаи Рашт, бо сарулибоси вежа, тӯбу тӯрҳои дарвоза ва дигар ашёи варзишӣ таъмин карда шаванд. Мавзуи пардохти арзиши хидматрасонии доварони бозиҳо дар лигаи мазкур низ ҳоло баррасӣ шуда истодааст ва боварӣ дорем, ки дар наздиктарин маврид, бо пайдо шудани имконият, роҳи ҳалли худро меёбад. Яъне дар маҷмуъ Федератсияи футболи Тоҷикистон омода аст, ки ҳамчун ниҳоди идоракунандаи футбол дар кишвар, барои пешрафти он дар ин минтақаи кӯҳистони кишвар аз тамоми воситаҳои мавҷуда истифода намояд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ягон кишвари дунё Федератсияи футбол масъули таъмини дастаҳо бо сарулибос ва ашёи варзишӣ нест. Гузашта аз ин, тоҷикон мақоли хубе доранд, ки “садо аз 2 даст бармеояд”. Дар баробари чунин чораҳои фаврӣ андешидани ФФТ, агар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор низ ҷиҳати иҷрои “Барномаи давлатии рушди футбол дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” чораандешӣ мекарданд, футбол дар ин минтақа барҳам намехӯрд.
Илова бар ин, агар шахсони алоҳидаи сарватманди зодаи ин минтақа, ки хушбахтона шуморашон хеле зиёд аст, як зарра ба ин намуди зебои варзиш таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд, нур болои нур мешавад. Ба гунаи мисол, Раҳим Бобоҷонов ё худ Раҳими Ғармӣ, ки дар саховатмандиву ҳотамтабиатӣ маъруфу машҳур аст, метавонад бо харҷи андаке, баробар ба харидории 1 хонаи дар Душанбе барои сарояндае...мушкилоти футболро дар 1 водии бузурги кишвар бартараф созад. Он фанатҳое ки иддао доранд, тӯби футбол сари Ҳазрати Ҳусайн асту футболистон Язидҳо... гуфти бобои Ғуломи кӯлобӣ “рӯшона сияҳ” кардаанд. Бубинед, ки футбол дар кишварҳои арабӣ чигуна пеш мераваду Роналдои масеҳӣ дар гирду атрофи Мадинаву Макка чигуна футбол мезанад...
Нуралӣ Хоркашев,
хабарнигори варзишии СССР