26.02.2023. Соат ба вақти Лас Вегас 16:37 дақиқа (ба вақти Душанбе 02:37).
Ин шоме буд аз пирӯзӣ, ғалабаи ҷавонмардӣ, тантанаи далерӣ, шодбошии ғаййурӣ, муваффақияти нотарсӣ, идонаи муштзӯрӣ, шаби талош бар азму ҷазм, шаби ҷомаи амалпӯшии орзуҳо. Шабе буд, ки ҳар ҷавони Тоҷик дар дил гуфт:
- Мо Метавонем!
Ин шаб Тоҷикро чун авлоди Рустами Таҳамтан бори дигар бар оламиён муаррифӣ кард. Шабе буд, ки гӯиё рӯҳи Золи Зар бар нахустин гурзмушти бар пешонаи пили сапед задаи Рустами наврасаш каф мекӯбид. Бешак чунин буд. Зеро дар ин шаб Тоҷики диловаре аз 1 тангкӯчаи Кӯлоби Бостонӣ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати гурдзой, гарданкаш, муштзӯр, пилпайкар муаррифӣ намуд. Вале дар ин моваро танҳо 1 кас ё 1 чиз намерасид... Фирдавсӣ, ё худ дастгоҳи таблиғотие, ки ин тантанаро ба халқу миллати худи ин қаҳрамон муаррифӣ кунад.
Хонанда дарк кард, ки сухан сари пирӯзии Нурулло Алиеви 22-сола, ҷавонтарин размкори ҷанги бидуни шарту шурут («ҳарби бе қойида»-и арабӣ чунин тарҷума мешавад) дар қаҳрамонии UFC меравад.
Рӯзи дигараш, ки навораҳояш дар сархатти ТВ ва расонаҳои давлатии аксарияти давлатҳо меистод, аз 1 ходими ТВ Варзиш пурсидам, ки чаро набарди Нурулло Алиевро дар UFC ва гузашта аз ин пирӯзияшро таблиғу ташвиқ накардеду зинда («мустақим»-и арабӣ, ки мо дӯст медорем) пахш насохтед? Посухаш маро шокӣ кард:
-Ака, ба мо иҷозат нест, ки ин намуди ҷангро таблиғ 1 сӯ, умуман намоиш диҳем. Зеро кадом горе-идеологи филологе, ки замоне мушовиру мудаббир будааст, ба ТВ-ҳо манъ кардааст ташвиқу намоиши варзишеро, ки бо хуну халаф ба анҷом мерасанд...
РРРасидем!!! Эй мардум, ҳой масъулин! Шумо миллатро чумо (чмо-тарсуро дар Армияи Советӣ чунин мегуфтанд) карданиед? Магар саргузашти талхи тоҷикони Афғонистон ба шумо дарси ибрат нашуд, ки онҳоро «фарҳангӣ» ва «адабпарварда» ва «ғарб-ул-интеллигент»-и сунъӣ карданду ин тоҷикакон бо диди чанд Толиби ваҳшӣ думро хода карда, ватанашонро партофта гурехтанд? Фирор мардуме кард, ки дар таркибаш Аҳмадшоҳи Масъуд дошт, ки 10 сол тани танҳо бо Армияи боқувваттарини олам-Артиши Советӣ ҷангид ва пирӯз омад!!!
Шумо бо таблиғу ташвиқи китобу дафтару фарҳангу маърифат (инҳо кори хубанд, вале набояд охири кор бошанд охир!) бо ин миллат чӣ кор карданиед? Фарҳангу донише, ки ҷасорату ғаййурӣ надоранд, ба фулусе наарзанд!
Зи ғайрат гар яке мардонагӣ кард,
Ту гӯӣ ҷоҳиле девонагӣ кард?
Магӯ ҷоҳил, ки ҷои ҳайрат аст ин,
Ки беҳ аз оқили беғайрат аст ин!!!
Театр ва кино...
Ҳоло бисёр менолем, ки мардум ба театр намеравад! Хуб ҳам мекунад, ки намеравад!!! Зеро бо ин намоишномаҳое, ки дорем, охирон шуълаи мардонагиро дар қалби миллат хоҳем кушт! Шумо гӯед, ки чӣ саҳнаи ҷолибу дидание доред, ки мардум раваду аз театр баромада, нафаси осуда гирифта, бар худ гӯяд:
-Мо миллати ҷангиву ҷавонмардем!!!????
...Он қадар киноҳои гирёнчак, филмҳои сусту заъиф, сенарияҳои дилсардкунандаи очам мурду сағера мондаму беваи бачагумкарда...ҳоооо... дорем, ки баъдан ҳайрон аз худ мепурсем:
-Чаро ҷавони Тоҷик ба хизмат намеравад? Чаро қирғиз хонаашро вайрон мекунаду ҷои ҳифзи қишлоқаш, ҷои он, ки рафта хонаи 1 қирғизи таҷовузгарро низ сӯзад, думро хода мекун(ем)ад???
Садҳо ҷавонмард дар марзи қирғиз барои дифоъи Ватан фавтид. 1 филм ун сӯ, 1 саҳнаи театрӣ гузоште(д)м? 1 очерк, 1 китоб, 1 қисса, 1 повест, 1 мақола дар газетаҳои расмии давлатӣ навиштем??? 100-ҳо ҳазор пиру барно, зану марди оддӣ камон гирифтаву зидди «Бадии Башарият»-наҳзату давлати исломияш шӯрид, ба ҷанг рафт, кушта шуд, маъюбу маслуқ монд. Роҷеъ ба корномаи 1 тани онҳо филме кардед, саҳнае гузоштед, матлабе навиштем? А, баъди ин шумо чӣ мехоҳед, аз ин ҷавонон??? Ҷав кошта, гандум гирифтание(м)д?
-Ҳар он кас он даравад, оқибат, ки мекорад!!!
Сафват Бурҳонови нозанин боре 1 тезиси хубе гуфта буд. Қирғизҳои идеолог ногоҳона Тоҷикро онгуна ҷангиву таҷовузкор муаррифӣ карданд, ки «алови чашми миллати худро гирифтанд!», яъне қирғизҳои худро тӯронданд... Акнун дарк кардӣ, хонанда, ки Ленини Бузург на беҳуда мегуфт:
-Аз ҳамаи санъатҳо барои муҳимтаринаш кино мебошад!!!
Кинои советиро дида, миллионҳо нафар корду шамшеру таппончаву автомат гирифта, ба ҳифзи ватан медавид. Мо бошем куҷо медавем? Аккурат, ё ба ҳаҷ, ё ба мардикории Амрикову Россия. Аврупо-ку расидем, «чмо» то бехи гӯш. Барои он ки наронанд падарро фурӯхта, бо модар хиёнат мекунем...
Зеро барои машинаи идеологии мо, мутаассуф, таблиғу ташвиқи ҷавонмардӣ, далерӣ, ҷасурӣ, бонангӣ, баномусӣ, муштзӯрӣ, ҷанговарӣ... қариб ба ҷиёнат баробар шудааст...
Нурулло Алиев бошад, дар амал нишон дод, ки Тоҷик миллати ҷангҷӯ, ҷангӣ, ҷанговар ва ҷанганда аст! Ҷангид ва нахустин нафаре шуд, ки аз Тоҷикистон ҳам не, аз қораи Осиё, аз миёни тоҷику ӯзбеку қирғизу қазоқу туркману афғону ирониву покистониву ҳиндӣ...ба Ҷоми UFC баромад ва дар нахустин размаш бо муштзӯри номии бразилӣ, Рафаэл Алвес, ки аз худаш 10 сол калон будӣ, пирӯз гардид!
Роҳи тайкардааш, 1 афсона аст. Афсонаи «Золушка»-и русӣ (мутаассуф қаҳрамонҳои афсонавии мо Кали Зиракҳоянд, ки ҳатто намешавад ин ҷо корбаст намуд!). 1 бачачаи ба таъбири Бобои Ғулом «шефи тангкӯчаи Кӯлоб», ки баъдан ба пойтахт омада, таҳрим мекард (пинҳонӣ аз волидайн, ки ахириҳо зери таблиғи «фарҳангӣ!» мондаву саддаш мегузоштанд), оҳиста, вале пайваста, рушд карда, дар тамомии намуди варзиши тан ба тан дастболо мешуд. Ҳадафаш Лас Вегас ва UFC буд, зеро кумираш Ҳабиб Нурмагомедови доғистонӣ буд ва ба орзуяш расид. Акнун мехоҳад дар вазни 70 кг, шукӯҳмандтарин вазн дар ин размоиш, чемпиони ҷаҳон шавад. Шахсан ман бовар дорам, соате мерасад, ки Ҳабиб барои монандияш бо Нурулло ифтихор хоҳад кард. Ҳоло баракс аст...
Пирӯзии Нурулло Алиев дар ним соат номи Тоҷикистонро вирди забони миллиардҳо сокини Кӯраи Замин кард. Ва ҳамаи ин дар ҳоле, ки дар Ватанаш 1 очерки телевизионӣ, 1 лавҳаи родиоӣ, 1 гузориши матбуотӣ дар борааш нанавиштанд. Зеро...
Зеро мо таблиғи ҷавонмардиву муштзӯрӣ, ҷангу ҷадалро бар худ ор кардаем. Ва шарми мо бод, агар чунин гаштаем...
Газетаи мардумии СССР то ҳаст мубаллиғи ғаййуриву ҷасуриву ҷангу ҷадалпарвардагии миллати Тоҷик боқӣ мемонад. Мо Метавонем!
PS: Ростӣ, чун ҳар тоҷики «фарҳангӣ» ва «адабпарварда»...мухлиси ҷанги тан ба тани бе шарту шурут нестам. Вале, «чёрт побери!!!», пирӯзии Нурулло дар чашмонам ашкро ҳалқа баст. Ин ашки мурод буд, ашки умед буд, ашки шодӣ буд, ашки бовар буд, ки ин Миллат ҷасуру ҷанговар аст ва ҳич гоҳ пеши ғосибе сар хам нахоҳад кард...
Чун ин ҳарфҳо аз дилам мегузашт, пардаи хонаро канора кардам, ки субҳ медамид: Ба таҳқиқ ин Субҳи Эҳёи Ҷасорату Ҷавонмардии Миллати ман буд.