Салом СССР! Вақти омӯзгориям шогирдони зиёдро ба илм омӯхтану соҳиби касб шудан ташвиқ мекардам. Ва борҳо мегуфтам, ки агар нахонӣ Россия рафта, муҳоҷир мешавӣ. Яъне онҳоро аз муздурӣ метарсонидам ва орзу доштам, ки ақаллан мисли худам омӯзгор шуда, дар Ватан кор кунанд. Шогирдон савол медоданд, ки «устод Шумо Россия меравед?» ва ман қотъеона мегуфтам: Неъ!
Солҳо гузашту бо тақозои ҳаёт муҳоҷир шудам. Дирӯз ҷавоне дар Маскав аз дур шинохта наздам омад, гарм ба оғӯш гирифту ҳолпурсӣ кард. Гуфтам нашинохтамат. Гуфт: Устод, ман фалонӣ, ба ман аз синфи 9 то 11 дарс додаед!
Инро шунида, агар аз 1 тараф шод шуда бошам, аз тарафи дигар замин накафид, ки дароям…
Исматулло Файзализода,
муаллими муҳоҷир,
ш.Маскав