ХАБАРИ ДОҒ

Троллейбус 1 соат вақти моро гирифт…

  • Панҷшанбе, Март 09 2023

Идибек Додарҷонов, сокини шаҳри Душанбе бо редаксия тамос гирифта, гуфт, ки аз истгоҳи фурудгоҳи пойтахт то истгоҳи сирк дар троллейбуси №4 дар 50 дақиқа расидаанд.

   - Расо соати 16:30 дақиқа. бо дустам Собири Абдурозиқ дар истгоҳи фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба троллейбуси №4 рақамаш 2019 савор шудем. Чанд дақиқа нишастем, пасон аз ронанда пурсон шудем, ки кай ҳаракат мекунад, ӯ гуфт, ки ҳозир ба роҳ мебарояд. Мо нафаҳмидем, ки «ҳозир» гуфтаи ронанда расо 20 дақиқа будааст. Сабрамон лабрез гашту дубора пурсидем, ки кай равон мешавад, ин маротиб ронанда бо 1 дағалӣ афзуд, ки «агар саросема бошед, бо таксӣ равед!».

Троллейбус расо соати 16:50 дақиқа ба роҳ баромад. Аз истгоҳи фурудгоҳ то Садбарг дар муддати 20 дақиқа расиду боз 20 дақиқаи дигар дар истгоҳи собиқ «Олами китоб» дар интизори мусофир истод. Ба истгоҳи сирк соати 17:40 дақиқа расидем. 50 дақиқаи вақти мо мусофиронро ин троллейбус гирифт! 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter