Клубҳои фарҳангӣ ва қасрҳои фарҳанг дар музофот қариб, ки ба фаромӯшӣ рафтаанд. Мардум мегӯянд, ки аксарияти биноҳои клубҳои фарҳангиро дар колхозу совхозҳо кайҳо тахрибу барканор ва ё фурӯхта, дар ҷояш дигар иншоот сохтаанд. Театрҳо бошанд, имрӯз асосан дар шаҳрҳои калон фаоланд; театрҳои шаҳру ноҳияҳои дур аз пойтахт, қариб, ки ягон барнома надоранд – ин аз афишаҳои холиву кандаву шикаста ва қулфи калони паси дари онҳо маълум аст.
3 театр дар 1 вилоят…
Тавре дар суҳбат бо мухбири мо Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати фарҳанги МИҲД вилояти Хатлон, зикр намуд, айни замон дар ҳудуди вилоят 8 театр, ки аз ин 3 театри касбӣ, 1 театри ҷумҳуриявӣ дар н.Данғара ва 5 театрҳои халқии дигар дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаолияти пурсамар доранд.
- Имрӯз 3 театри вилоятӣ ба мисоли Театри мусиқии мазҳакавӣ ба номи А.Муҳаммадҷонов дар ш.Бохтар, театри Саидалӣ Вализода дар ш.Кӯлоб ва театри лӯхтаки «Афсона» дар маркази вилояти Хатлон пайваста бо намоишномаҳои худ ба бинанда ғизои маънавӣ мебахшанд, - таъкид дошт Рамазон Насриддинзода.
286 клуби фарҳангӣ…
Бино ба итиллои Рамазон Насриддинзода тақрибан 10 адади хонаҳои фарҳангие, ки аз солҳои пешин боқӣ мондаанд, дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 36 адади дигар таъмирталаб мебошанд.
- Қисмати зиёди биноҳо бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ таъмиру азнавсозӣ мешаванд ва корҳои бунёдӣ аллакай оғоз гардидаанд. Ягон клуб имрӯз хусусӣ гардонида нашудааст ва нахоҳад шуд. Клубҳои фарҳангӣ дар тавозуни ҷамоатҳо ва МИҲД шаҳру ноҳияҳо қарор доранд, - афзуд Рамазон Насриддинзода.
Дар умум дар вилоят 286 адад клубҳои фарҳангӣ амал мекунад.
Спектакл ҳаст, тамошобин нест
Сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон мегӯяд, ки имрӯз дар аксари театрҳо анқариб мушкилоти ҷиддӣ дида намешавад. Дар театрҳои халқӣ бошад мушкилот худи ҳамон омода набудани толорҳову асбобҳои саҳнавӣ буда, дар баъзе театрҳои дурдаст норасоии мутахассисон воқеан проблема аст.
- Ва 1 чизро бояд иқрор шуд, ки вақти намоиш дар театрҳо тамошобин хеле кам аст. Ин камбудиҳо марҳила ба марҳила ҳалли худро меёбад. Ҳарчанд намоишномаҳо тамошобоб ҳам бошанд, бо пешрафти техника ва технология мардум ба театрҳо кам рӯ меоранд. Манзурам телефонҳои мобилӣ аст, - баён медорад Рамазон Насриддинзода.
Масъулони театрҳо бар зимни надоштани тамошобин бо роҳҳои гуногун ва тариқи мактубҳо маҷбур мешаванд, ба ҳукумати шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ кунанд. Ҳунармандон барои офаридани 1 намоишнома моҳҳо заҳмат мекашанд, вале на ҳама вақт ин заҳмат подош меёбад. Манзури мо аншлаг ва оватсияҳои қаблист, ки ҳоло ҳатто дар толори театрҳои касбии Душанбе низ тухми анқо шудаанд.
Драмманависҳо ангуштшуморанд
Отахон Саидзода, роҳбари театри мусиқии мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар имрӯз аз надоштан ё камчин будани драмманависон ёдоварӣ намуда, иброз медорад, ки барои ба саҳна гузоштани намоишномаи хуб драмманависон лозиманд.
- На танҳо дар вилояти мо, балки дар тамоми ҷумҳурӣ драмманависон ангуштшуморанд. Аз сабаби надоштани асарҳои саҳнавӣ мо аз драммнависони ҳамсоядавлатҳо истифода мебарем, вале мушкилоти асосӣ боз ҳам сари тамошобинон ва драматургия аст. Тавассути намоишномаҳо мо бори дигар аз гузаштаи хеш огаҳ мешавем, вале афсус, ки таваҷҷӯҳ ба асарҳои офаридаи театрии мо ками дар кам аст!-таъкид медорад Отахон Саидзода.
Кӣ дур шуд – театр ё мо?
Ҳисси ба театр рафтану театрро дӯст доштанро мо бояд аз наврасӣ дар замири кӯдакону наврасон парастиш намоем, зеро агар дасти кӯдакро боре гирифта, ба тамошои барномаҳои театрӣ равем, ӯ бори дигар хостори тамошои барномаҳои нав мегардад. Чӣ мешавад агар волидайн аз дасти фарзандонашон гирифта, сӯи театр баранд, онҳоро бо гузаштаи худ ошно созанду одаму оламро барояшон кашф намоянд? То кай мо фарзандонамонро сӯи масҷид таҳрик медиҳему ақаллан 1 бор таъкид намесозем, ки театр раванд???
Гуноҳ аз кист? Падару модар, театр, драмманавис ё каси дигар...
Нуриддин Қосимзода, СССР
вилояти Хатлон