22.02.2023. Соат бо вақти Душанбе 11:00 дақиқа. Дар қабулгоҳи телевизионии редаксияи газетаи мардумии СССР баҳси рӯбарӯе, ки мо ҳафтаи пор дар бораи баргузориаш хабар додаву хонандагони завқмандро даъват карда будем, шуруъ гашт.
Адиб ва журналист Одина Раҳмон аз ш. Кӯлоб, муаллифон ва хонандагони фаоли мо Шодибек Кабутов аз н.Лахш, Ҳаким Ғуломов аз н.Дӯстӣ, Аброр Соқиев аз ш.Ваҳдат, Зайнулобиддин Ҳусейнов аз н.Ёвон ва Ҳакимҷон Саидакбарзода аз н.Кӯшониён сари мизи гирд нишаста, бо ҳам дар бораи давлати СССР ва суду зиёни он ба тоҷикон, арабпарастиву хештаншиносӣ, бурду бохти забони тоҷикӣ баҳс намуданд.
Нури Рушан ва Абдурашиди Ҳамидзод бо сабаби пайдо шудани кори оҷил дар ин нишасти рӯбарӯ иштирок карда натавонистанд, ки хеле мутаассифем. Зеро бо онҳо баҳс боз ҳам тундтару диққатҷалбкунандатар мешуд. Дар ҳар сурат, умедворем, дар баҳсҳои баъдӣ ишон низ ширкат меварзанд. Мо Метавонем!
Суҳбату баҳси дӯстон пурра сабт шуда, тавассути Ютуб канали СССР ТВ пахш шуда истодааст, ки ҳар нафар метавонад ба Ютуб даромада, онро бинад. Ин ҷо мо тасмим гирифтем пораеро аз ин суҳбат, ки ба давлати абарқудрати СССР ва суду зиёни он ба зиёиёни тоҷик бахшидаа шуда буд, барои шумо хонандагони азиз нашр намоем.
Дар охир танҳо 1 ҳушдор дорем, ки дар ин баҳс Бобои Ҳакиму Зайнулобиддини «СССРпараст» танҳо буданду «душманони СССР» зиёдтарак. Зимнан кӯшиш кунед, дар оянда паҳлӯи инҳо бошед, агар метавонед...
Одина Раҳмон:
СССР динро гирифт!
- Мо тоҷикон пас аз пошхӯрди давлати Сомониён тӯли ҳазорсолаҳо давлати худро надоштем. Бояд шукрона аз он кард, ки маҳз шуравӣ - СССР миллати тоҷикро соҳиби давлат кард. СССР аз лиҳози маишӣ давлати беҳтарини олам ба шумор мерафт, зеро ба гуфти пирон сағерапарвар буд, таҳсилу табобату истироҳат ройгон буду садҳо имтиёз барои мардум пешкаш мегардид.
Маҳз С.Айниву А.Лоҳутӣ ва академик Б.Ғафуров, ки дар саргаҳи сиёсату забону адабиёти тоҷик дар оғози асри 20 меистоданд, барои мукаммал ва мустаҳкам шудани республикаи Тоҷикистон саҳми бориз гузоштанд. Бо пофишории даҳҳо ходимони сиёсии он замон Тоҷикистон ҳамчун республика шинохта шуд, ҳол он, ки дар Маскав душманони форсизабонҳо мехостанд Тоҷикистон автономия бошаду монад. Вале маҳз дастури И.Сталин буд, ки Тоҷикистон республикаи комилҳуқуқи СССР гашт, инро набояд фаромуш кард.
Аммо идеологияи СССР динро аз мардуми тоҷик дур кард, яъне имтиёз доду динамонро гирифт! СССР давлати бехудоӣ буд ва шкур, ки фано шуду мо ба дину мазҳаб баргаштем...
Ҳаким Ғуломов:
Бузургтарин лоиҳаи капиталистӣ ҷомаи амал пӯшид!
- Дар ҳар 1 давру замон сохторҳои давлатдорӣ пайдо шудаанд. Динҳои зиёд ҳам буданд, агар ба Худованд бовар кунем, метавонем бигӯем, ки СССР ҳам бо хости Худо пайдо шуду бо хости Худо пош хӯрд. Он давлатҳое, ки пеш омаданд, бо вуҷуди пешравӣ камбуду норасоиҳо ҳам доштанд. Аммо фақат СССР тавонист, ки баробарии мардумро ба миён орад, на бой буду на камбағал. Ҳама якхел буд, ҳама медонист, ки дар симои давлати СССР пушту паноҳ дорад.
Мутаассифона, сабаби якуми пошхӯрди давлати СССР ин сохти капиталистӣ буд. Мамлаккатҳои капиталистӣ аз сохти коммунистӣ тарсида, барои барҳам додани СССР аз роҳҳои гуногун истифода бурданд. Барои барҳам додани давлати абарқудрати СССР Гитлерро ҳам ба миён оварданду ҷанги дуюми ҷаҳонро низ сар карданд, вале натавонистанд ин давлатро бишкананд. Ягона роҳашон ин идеология нав ва вайрон кардани ботини инсонҳо буд, ки ин идея муваффақ шуд. Он ки мегӯянд, ки М.Горбачев сабабгори пошхӯрдани СССР аст, хатост, барҳам додани ин давлат аллакай то омадани М.Горбачев ба сари қудрат, ҳатто аз давраи раҳбарии И.Сталин оғоз шуда буд.
Бо дасти худи мардуми кӯрнамаки шӯравӣ СССР-и бузургро Америка ва Аврупои капиталист барҳам доданд – бузургтарин, беҳтарин ва ҳадафмандтарин лоиҳаи 100 сол пеш ба нақшагирифташудаи капиталистон ҷомаи амал пӯшид...
Зайнулобиддин Ҳусейнов:
Танқид накунем!
- «Ба гузашта мо бояд бо тапонча тир напаронем» - гуфтааст нависандаи шинохтаи советӣ Расул Ғамзатов. Баъзе аз хонандагон ба сиёсати давлати СССР санг меандозанд, ки он аз мо тоҷикон дину фарҳангу дороиямонро гирифт. Ман ба ин розӣ нестам. СССР ба мо озодӣ, давлат, миллат, илм, дониш, касб, хонаву дар ва ҷойи кор дод. Муҳимтар аз ин, тамомии миллатҳои СССР дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ғалаба карданд, вале имрӯз президенти Федератсияи Россия вобаста ба ин мегӯяд, ки «Мы воевали, мы победили!», яъне ғалабаро танҳо моли русҳо медонад, ки мутлақо хатост! Заҳмату талоши мардуми кишварҳои Осиёи Миёнаро ба инобат намегирад ва сипосу офарин ба Сарвари давлатамон, ки ин нуктаро чанде пеш дар яке аз ҷаласаҳои президентон баён доштанд.
Ба СССР бояд бо чашму нияти нек нигоҳ кард, мисле, ки аз давлати Сомониёну Исмоили Сомонӣ фахр мекунем, бо СССР низ бояд фахр кард. Биёед, ҳамин гуна баҳсҳоро бас кунем! Шояд пас аз 100 сол насли дигар меояду ин сохти давлатдории моро ҳам зери тозиёнаи танқид мегирад. Барои ҳамин ба гузашта набояд бо тапонча тир паронд, зеро ҳатман бо тӯп хоҳад ҷавоб дод...
Шодибек Кабутов:
Русҳо ғуломи мо буданд
- СССР бузургтарин давлати рӯи дунё буд. Ҳар 1 ҷамъият паҳлуҳои манфиву мусбат дорад ва инро наметавон нодида гирифт. Яке аз бузургтарин дастоварди давлати СССР ин озодии занон буд, ки чодару фаранҷиро аз сари занҳои шарқ гирифту ба онҳо хату саводу касб омӯхт.
Дигар ин, ки на мо ғуломи русҳо будем, баръакс русҳо барои мо чу ғулом кор мекарданд, мактабу беморхона сохтанд, заводу фабрика, ГЭСу СЭС таъсис доданд, роҳу хона сохтанд, дар дурдасттарин деҳа магазин кушоданд. Дар бораи клубу театру стадион ҳарфе намегӯям, ҳама медонанд...
Ҳакимҷон Саидакбарзода:
СССР дигар лозим нест!
- Аввалан бояд гуфт, ки давлати СССР ҳам система буд. Ташкилкунандагони СССР мо халқиятҳои хурд нестем, давлатҳоро давлатдорони бузург бунёд мекунанд. Мо танҳо итоат мекунем, қабул кардем, то зиндагиямон хуш гузарад. СССР давлати хуб буд, вале 1 камбудӣ дошт, аз дин моро дур кард. Ва ҳамин динбадбинӣ СССР-ро ба таназзул овард. Бояд гуфт, ки агар абарқудратҳо хоҳанд, метавонанд СССР-ро дубора ташкил намоянд, вале ин системаи советӣ – баробарӣ дигар барои онҳо лозим нест. Давлатҳои нав лозим, системаи нав лозим, ки фарқ кунад. Пас аз сотсиализм демократия омад, кӣ медонад пас аз демократия боз чӣ системае ихтироъ мекунанд?
Доҳии пролетариат В.Ленин халқи тоҷикро намедонисту намешинохт, мо маҳз дар давраи И.Сталин соҳиби давлат-республика шудем. Дар оғоз мо тоҷиконро ҳатто намехостанд автономия кунанд, вале пофишории фарзандони фарзонаи миллат аст, ки моро чун давлати алоҳида шинохтанду узви 15 республикаи советӣ карданд. Ин далели таърихист!
Аброр Соқиев:
Сталин доҳӣ не, душман аст!
- Тоҷикон баъди революсияи кабири Октябр қариб, ки аз давлати худ мемонданд. Мо дар ин ҷо бояд ба пантуркистон ташаккур гӯем, зеро он замон қазоқу бошқирду тотору ӯзбеку қирғиз... мехостанд давлати худро бо номи «Алаш» бунёд намоянд. Дар харитаи онҳо ҳатто нуқтае бо номи тоҷикон набуд. Болшевикон аз қазоқу бошқирду туркҳо тарсида, тасмим гирифтанд, ки вилояти тоҷикон ташкил шавад ва монеаи ин проекти бузурги пантуркистон гардад. Вале боз ҳам душманон моро ба Ӯзбекистон шомил намуда, автономия таъсис доданд.
Ман ҳоло мебинам, ки аз И.Сталин бародарон бут тарошида истодаанд, дӯстон И.Сталин форсизабонҳоро бад медид, зеро замоне Эрон Гурҷистонро мутеи худ карда буд. И.Сталин тоҷикон, ягона халқи форсизабонро дар Осиёи Марказӣ чашми дидан надошт, инро набояд фаромӯш кард. Сипос ба С.Айнӣ, Шириншо Шотемур, Нусратулло Махсум ва даҳҳо фарзандони тоҷик гӯед, зеро маҳз бо дахолати ин бузургон тоҷик соҳиби давлат шуд. Вале боз ҳам вақте Тоҷикистон пас аз автономия баромадан республика гашт, И.Сталин аз тарси он ки рӯзе тоҷикони форсизабон Осиёи Марказиро мегиранд, аввалин шуда қисми ҳарбии русро дар марзи Тоҷикистон оварда, мустақар кард, ки то ҳол ин қисмҳои ҳарбӣ, бо исми Дивизияи 201 дар кишвари мо ҳастанд.
Маҳз И.Сталин сабабгори репрессияҳои НКВД ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ буду сабабгори марги садҳо ҳазор мардуми советӣ шуд...
Одина Раҳмон:
800 000 душмани халқ?
Боре дар 1 мақола хонда будам, ки вақте республикаи Тоҷикистон таъсис меёбад, ба И.Сталин нома менависанд, ки дар Тоҷикистон 800 ҳазор душмани халқ ва сохти советӣ ҳаст. Он замон аҳолии Тоҷикистон 1 миллиону 200 ҳазор нафарро ташкил менамуд. И.Сталин фармон медиҳад, ки ҳамаи 800 ҳазор душмани халқ куштаву парондаву маҳбусу бадарға шаванд. Вазири вақти ВКД Тоҷикистон ин телеграммаи И.Сталинро ба назди Б.Ғафуров мебарад.
Б.Ғафуров мегӯяд, ки агар мо 800 ҳазор «душмани халқ»-ро паронему бадарға кунем, мамлакат бо 400 ҳазор аҳолӣ барҳам мехӯрад. Бо талоши Ғафуров Сталини тоҷикбадбин дарк мекунад, ки ин омор хатост ва ҷони миллати тоҷик аз нестӣ мераҳад.
Ин ҳам 1 кӯшише буд барои аз байн бурдани республикаи Тоҷикистон ва тоҷикон.
Китобати Мубораки Қадам, СССР