Тайи 1 моҳи ахир беш аз 10 нафар аз шаҳрвандони кишвар, ки дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, яъне маҳбасҳо қарор доранд, ба идораи газетаи СССР занг зада, гуфтанд, ки омодаанд бо кор дар сохтмони аср – НБО Роғун гуноҳи худро ба қавле бишӯянд. Инҳо мегуфтанд, аз «беҳуда дар чордевори зиндон пӯсиданҳо» беҳтар аст, ки дар Роғун кор кунанд, «то нафъамон бар ҷамъият расад!»
Яке аз маҳбусон, И.Г. (номи пурра дар редаксия маҳфуз аст), ки сокини ш.Хуҷанд буда, айни ҳол дар яке аз маҳбасхонаҳои пойтахт адои ҷазои ҷиноятиро паси сар мекунад, гуфт, ки касби ронандагиро аз худ кардааст ва мехоҳад ба ҳайси ронандаи мошинҳои гаронвазн ба майдони сохтмони НБО Роғун рафта, кор кунад:
- Мисли ман мардони соҳибкасб хеле зиёданд. Мо омодаем ҳамаи неруи худро дар кор дар НБО Роғун сарф намуда, бо ин ҳам ҷазоямонро адо кунем ва ҳам фоидае ба давлат ва хонаводаи худ биёрем. Ин тавр зарари расонидаи хешро ба давлат ҳам мепӯшонем ва ҳам дар рушду пешрафти кишвари азизамон саҳми худро мегузорем. Агар масъулин барои ин кор иҷозат диҳанд, бисёр кори хуб мешуд, - мегӯяд И.Г.
Воқеан ҳам чаро масъулин ин корро накунанд, вақте дар ҳақиқат ҳам дар ин сохтмони аср коргар намерасад? Ин буд мавзуе, ки ҳафтаи равон мо пайгираш будем. Бо мо бошед ва бо тафсилоти вазъ ошно шавед. Мо Метавонем!
Шароит ҳаст, коргар на…
Мувофиқи маълумоти ҶСК «НБО Роғун», дар айни замон ширкатҳои сохтмонии ин иншооти муҳим, ба зиёда аз 8 ҳазор нафар мутахассис эҳтиёҷ доранд. Ин нукта 24 феврал дар ҷаласаи Ситоди корӣ оид ба таъмин намудани ширкатҳои сохтмонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» бо мутахассисон ва коргарон, ки дар ш.Душанбе баргузор гардид, таъкид шуд.
Ҳафтае нест, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби коргарон ба сохтмони НБО Роғун эълон надиҳад. Шумораи ярмаркаҳои баргузоршуда барои ҷойҳои кории холӣ дар ин НБО низ охир надорад. Моҳи декабри соли пор ҳатто паси ҳам 2 маротиба чунин ярмарка дар ш.Бохтар низ баргузор шуда буд. Ҷасаҳои кории вазорат низ дар ин самт хеле зиёд аст.Мо барои мисол охирин эълони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишварро, ки дар сомона ва саҳифаи расмӣ дар шабакаи иҷтимои Фейсбук нашр шудааст, омухтем.
Маош ва шароити кориро вазорат хеле таърифу тавсиф кардааст, аз он ҷумла маоши пасттарин 3000 сомонӣ ва маоши баландтарин то 15 000 сомонист. Шароити корӣ низ ба назари кордеҳон хеле олист:
-кормандон дар вахтаи корӣ бо ҷои хоб, ҳаммом ва оби гарм таъмин карда мешаванд. Либоси тобистона дар 6 моҳ 1 маротиба аз ҳисоби корфармо дода мешавад. Либоси зимистона дар 2 сол 1 маротиба аз ҳисоби корфармо дода мешавад. Пойафзол дар 1 сол 1 маротиба аз ҳисоби корфармо дода мешавад. Дастпӯшак дар 1 вахтаи корӣ (ним моҳ) 2 маротиба аз ҳисоби корфармо дода мешавад.
Ва хароҷотҳои вахтавӣ чунин пардохт карда мешаванд, аз ҷумла:
- дар ҳар рӯзи корӣ 30 сомонӣ барои хӯрок;
- роҳкиро вобаста ба ҷои истиқомат;
- ҷубронпулии якрӯза ҳангоми дар роҳ будан (музди меҳнати якрӯза).
Вале чаро бо ин ҳама шароит ба НБО Роғун коргар намеравад, нофаҳмост. Агар коргар лозим аст, пас чаро маҳбусонро набарему арзонтар ва ҳатто ройгон, мисле, ки дар даврони шӯравӣ мекарданд, кор нафармоем? Охир худи онҳо мехоҳанд ихтиёран рафта кор кунанд-ку?!
Пешниҳод дар баррасист!
Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суоли мухбири СССР дар робита ба мавзуъи «бо кор фаро гирифтани маҳбусон» дар сохтмони на танҳо НБО Роғун зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ин пешниҳод аллакай байни вазорату кумитаҳои даркорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
- Масъалаи бо кор дар сохтмонҳои калон ба мисли НБО Роғун таъмин намудани маҳбусон аллакай дар баррасӣ аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тарафдори ин пешниҳод аст ва айни замон ин масъала байни вазорату кумитаҳои марбутаи кишвар омухта шуда истодааст. Мо интизори хулосаҳои ин ниҳодҳо ҳастем ва ҳангоми ба даст омадани натиҷаи мусбат ҳатман ин корро роҳандозӣ мекунем. Бубинед, магар бад аст вақте маҳбус кор карда маош бигирад? Метавонад аз ҳисоби маошаш ҳам зарари расонидаи худро ба тадриҷ пӯшонад ва ҳам ба хонаводааш пул фиристад. Мо тарафдори ин пешниҳод ҳастем ва фикр мекунам, ки дар ояндаи наздик ин механизм ҳатман ба кор медарояд, - гуфт Музаффар Ашӯриён.
Бархӯрди дершуда...
Хеле аҷиб аст, дар мавриде, ки бо кор таъмин кардани маҳбусон (албатта, на террористу экстремисту ҷинояткорони ашаддӣ ва ретсидивист) дар таҷрубаи давлатдории тамомии кишварҳои дунё буд, ҳаст ва мемонад. Вале дар вазоратхонаҳои марбутаи ҶТ «айни замон ин масъала байни вазорату кумитаҳои марбутаи кишвар омухта шуда истодааст...». Ҳой масъулин, о, ин 30 сол бо чӣ кор банд будед?
Дар давлати бепаҳнои СССР сохтмонҳои БАМ, Космодром Байконур, «Малая земля», «Целина» ва садҳо объектҳои муҳими стротегӣ ва иҷтимоиро бандиён месохтанд. Дур наравем, дар ҳамин н. Данғара «зона свободного поселения» буд, ки маҳбусони тоҷикистонӣ тунели Себистонро сохта, садҳо ҳазор гектар замини водии Кӯлобро сероб карданд ва ғ. ва ҳ. Пас чаро ин таҷрубаи хуб имрӯз корбаст нашавад? Ва ё маҳбуси хурду бузург, террористу майдақонуншикан, ки ҳукм мегиранд, ҳатман бояд дар зиндон пӯсанд?
Масъаларо баррасӣ не, ҳаллу фасл бояд кард. Ё интизори фармонед, а, масъулини соҳа???
Мо пайгири мавзуъ хоҳем буд. Мо Метавонем!
Ҷамила Ҳусейнова, СССР