ХАБАРИ ДОҒ

 

05.03.2023. Соат ба вақти Данғара 16:23 дақиқа. 1 одат дорам, ҳар баҳор аз Данғара убур мекунам. Чаро? Ин суолро нафаре ҳамин ҳоло дод, ки боре баҳори нозанини диёри Тоҷиконро дар ин водии нопайдоканор надидааст! Воқеан ҳам агар касе ин зебоиро бо чашми сар надидааст, пас ҳу, ҳамон сужаи телевизионие, ки ҳар баҳорон нишон медиҳанду хуни нофи лола то камари сарояндагону раққосони хушхиром мерасад, ана ҳамин мавзеъ аст. Вале ин дар айни авҷи баҳор аст. Оғозаш, тамоман зебост. Аммо коргардонҳои сармотарсаки мо дашти нав ҷомаи сабз ба бар кардаи Данғараро бо гулу гиёҳи ҳамакнун сарбарзада, ки ҳомили сияҳгӯшу, гули сағераҳаку тағорашикан, буттаҳои зардаку ситорача аст, надидаанд. Ҳамин гули зарди ахириро Очаи ман, ки зодаи ҳамин ноҳия будӣ, аҷаб зебо месуруд:

Гули зардак нидо мегуфт,

Садои кибриё мегуфт,

Ба ҳар гуфташ Худо мегуфт,

Баҳори нав муборак бод!!!

            Ман аз забони Очаам шунида будам, ки дар хамгашти Себистон, роҳе ки сӯи Гумсӯй (самти гумшуда) мегардад, пур аз сияҳгӯш аст. Ҳамасола аз ин гулҳо мечидаму ба Очаҷонам мебурдам ва раҳорраҳ ашӯлаи наврасиямро месурудам:

Ман аз гулзор гул чидам,

Ман аз ҷӯбор гул чидам,

Ман аз кӯҳсор гул чидам,

Бишуд гулдастаи тайёр,

Барои Модари ғамхор...

 Имрӯз, ки Ӯ нест, гул мечинаму нисори бонувони нозанин ва модарони гиром месозам. Мо Метавонем!

Хулласи калом, дар ҳамин соату вақту дақиқа, аз ин хамгашт гул чидам. Дастагуле мураттаб аз 8 дона сияҳгӯш оростам ва шодон чамбаракро сӯи пойтахт тоб додам. То Душанбе расидам, ки соати аккурат 17:28 дақиқа шудааст. Мошинро ба шустгарӣ (мойка) додам ва хостам, ки занг занам, вале!!! Тилфонам набуд!!!

Баъди андешаи тӯлонитар аз умр (ба пиндорам! Зеро банда баъди КОВИД-19 фаромӯшхотир шудаам!!!), ахиран дарк кардам, ки тилфонамро шояд ҳини гулчинӣ гум карда бошам. Мурватро бо чамбар тоб дода, сӯи Себистони Данғара бозпас роҳ гирифтам. То расидам... шаб шуд. Ва тилфонро аз даст додам! Неъ, нафаҳмидӣ хонанда. Онро ёфтам. Вале аз даст рафт. Чигуна? Ин суоли хубест:

 Шаб буд, чанд нафареро, ки он ҷо буданд, гуфтам ба ман занг занед, то дар дили шаб чароғаки тилфон рӯшан шаваду он пайдо. Вале ба бахти ману тилфонам, маҳз ҷое, ки ӯ, яъне тилфон афтодаст, алоқа набуд!!! Оҳ, акои Бек Сабуре!!! Аз ман қарздор шудед!!! Хулласи калом, ҳолдонҳо гуфтанд, ки субҳи солеҳ аз ин мавзеъ подаву галлаву рама мегузарад, ва аз 1000 ҷони тилфонат 1 тоаш намераҳад. Зеро онро, яъне тилфонро зер карда, то чанд сантиметр ба хок медароранд ва «қаври тилфонта ба зиндагиш мекананд!»-ҳушдор дод хирадманде. 1 роҳ монд, дар торикии шаб, ҷустуҷӯи тилфон. Ба ман аз ҳама муҳим сим-корт лозим буд... Ва гуфтам:

-Касе ёфт, тилфон аз ӯ!

Ҳукм чун садо дод, нафаре, 11 дақиқа ба баъд, дар торикии шаб садо дардод:

-Ёфтам!

Ман низ ҷавонмардона, симкорту аксу матлабҳои сиррии дохили онро гирифтаву «Айфон 12 ПРО»-ро ба ӯ тақдим кардам. Мо метавонем!

 Ва аммо сӯҳбати имрӯзаи мо, бо ту хонандаи ин сутур, сари ин моҷаро нест. Гап сари Очаҷонҳои мост; Модарони мо, ки ид доранд!

Мо-дар... Яъне Мо Дар дохили Он будем. Яъне офарандаи ҳаёт. Ғаффор Мирзо, шоири шӯридаи советии тоҷик ибораи рехтае дорад, ки «гӯсола буданд, олимони дин, ки ишқро сарчашмаи ҳаёт намехонданд».

Ман меафзоям:

-Буққачаанд муллоҳои навбаромади проарабии мо, ки фикр доранд, Худо одамро барои Мард офаридасту зан дастёр, кӯмакрасон, канизаки ӯст... Зеро ба пиндори сирф шахсии ман, ки метавонад ғалат бошад, Худо Одамро барои Ҳавво офарид, на баракс. То аз Ҳавво бонувони дигар ба дунё оянду суфуфи мардумро афзоянд. Воқеан ҳам Ҳавво дар тарҷумаи таҳтуллафз ба маънии «сарчашмаи зиндагонист».

Хонандаи огаҳ медонад, ки Худо чанд ҳазор сол қолаби Одамро фикр карда офарид... Вале бубинед, ки 1 зан, Модар, Оча, Нан, Бува, Мама, Ача, Мазер ҳамагӣ дар 9 моҳ кореро мекунад, ки Худо дар ҳазорсолаҳо кардааст! Ин ҷо шаккокӣ нест. Зеро Худо ахиран Модарро тавре оварид, ки аз офариниши одамҳо худ канор равад. Тасаввур мекунед, агар зан Одам намеофарид, ҳоло дар дунё чанд одам будӣ? Шояд 5-6 нафар. Вале чашм кушову ба гузар, деҳа, шаҳрак, кӯчаву хиёбон назар кун, хонанда. Кардӣ? Дидӣ, ҳазорон-ҳазор кӯдакро дар тавутоз? Инҳоро Модар офаридааст! Модаре, ки ману ту-хонандаи ин сутурро низ ӯ оварида. Ту, гуфта, маҳз туеро дар назар дорам, ки фикр дорӣ «Сайёф маро мегуфта бошад?».

Пас худ хулоса кун, хонанда, ки агар на чунин аст, чаро Худо дини охирин ва пайғамбари барҳаққашро аз байни қавми ширишутурхӯре оварид, ки духтаронро зиндадаргӯр мекарду статуси зан аз ғулом низ поинтар будӣ дар он анҷуман? Фикр кардӣ? То-та!

Ва имрӯз ҷараёнҳои наве, ки мехоҳанд Модарро ба зинаҳои қаблии тоисломӣ, яъне то ҳадди ҷаҳолати араб паст бурда расонанд, зидди беҳтарин Офаридаи Худо, ки худ офаранда аст, шӯридаанд, ки аз ин роҳи бад бояд баргардӣ, хонанда.

Нео-мусалмонон талқин доранд, Модар ва Падар ягон аҳамияте дар дину мазҳаб надоранд. Номаъқул кардаанд!!! Ҳар нафаре Модари худро арҷ намегузорад, ҳаргиз бар дину мазҳабу масҷиду калисову дайру куништ низ эҳтиром қоил нест. Зеро агар ин нафар Офаридаи дастраси худро, ки Модар аст, иззат накунад, пас чигуна бар Худои ло макон бовар дорад? Ман шубҳа дорам бар имону эътиқоди ингуна афроди худнамо. Ту чӣ, хонанда?

Зимнан, бубин, Давлати мо чигуна бар Модарон арҷ мегузорад, ки дар таркиби давлатдории худ Рӯзеро бар Модарон бахшидаву статуси иди расмии давлатӣ дода, рӯзи истироҳат эълон карда, ҷашн мегирад. Ҳар нафаре, ин рӯз ин идро ҷашн намегирад ва бар дилхоҳ бонуе, сар аз 1 рӯза то 100 сола, ҳамчун бар Модари эҳтимолӣ ва Модари миссионер арҷ намегузораду ӯро табрик намекунад, на шаҳрванди Тоҷикистон аст ва на бандаи Худо.

Такфирӣ шуд, гуфтӣ, хонанда, ҳукми ахирӣ? Чаро не?

Сахтгӯро сухани сахт ба ислоҳ орад,

Чирки пироҳани пӯлод ба собун наравад!

Рӯзат Муборак Модари Тоҷик!!! Модаре, ки ҳатто ҳамин нопокзодаҳои ахирзамонро низ ту зодаву боз дӯст ҳам медоришон. Зеро Мо-Дарӣ охир...

Ҳаргиз дар ин ҷаҳон мислат фаришта нест,

Беҳтар зи ту Худост, фарде сиришта нест!

Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter