Саъдӣ Ҳамроев, сокини ш.Ваҳдат ба идора занг зада (тел: 935005093), гуфт, ки 38 сол боз ба фурӯши газетаву журнал машғул асту 1-ум бор бо чунин мушкил рӯбарӯ шудааст.
- Дӯкони газетфурӯшии ман дар бозори марказии ш.Ваҳдат ҷойгир аст. Ман 38 сол боз ба фурӯши газетаву журнал ва маводи конселярӣ машғулам. Ҳеҷ гоҳ мушкил пеш намеомад, вале имсол кормандони СЭС-и шаҳри Ваҳдат чанд маротиба омада, аз ман талаб доранд, ки барои дӯкони фурӯши матбуоти даврӣ хулосаи санитарӣ бигирам. Дар баробари ин худам низ бояд дафтарчаи санитарӣ дошта бошам. Магар ин талабашон дуруст аст? Ман бо хӯрока сару кор надорам ку!? Мехостам масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала рушанӣ андозанд.