Имрӯз сари ҳар қадам дар дилхоҳ шаҳру ноҳияи кишвар дорухона ё худ нуқтаи фурӯши дорусозӣ амал менамояд. Дорухонаҳо мисли замбурӯғҳои баъди борон рӯ ба афзоиш овардаанд. Мо ёд надорем, ки дорусозони тоҷик ба ин қарибӣ доруи наверо муаррифӣ карда бошанд. Ва ин аст, ки мардум ба доруҳои хориҷӣ вобастагӣ пайдо карданд. Гап дар сари нарху навои ҳамон доруворӣ аст, ки анқариб ҳамарӯза истифода мебарем, вале дар ҳар дорухона бо номи булаҷаби наву кӯҳнаву нархҳои ба худашон хос фурӯхта мешаванд.
Барои аниқ кардани вазъияти ҳол мо аз якчанд дорухонаи ш.Бохтар дидан намудем. Бояд гуфт, ки дар даврони СССР дар маркази вилояти Хатлон бо номи «Аптека» ҳамагӣ 1 дорухона фаолият мекард, ки тамомии аҳолиро басанда буд...
Доруҳои баъдӣ аслӣ нестанд…
Аз назди маркази саломатии шаҳрӣ шурӯъ намуда, дар якчанд дорухонаҳо нархи номгӯйи гуногуни дорувориро пурсон шудем. «Пардифен» ё «Нурофен» аз 32 то 50 сомонӣ арзиш дошт. «Отипакс» бошад аз 50 то 80 сомонӣ қимат дорад. Дохили ҳамон Нурофену Пардифен, Морофену Лабофен айнан якхел аст, вале нархҳои гуногуни чун осмон дастнорас мардумро ноилоҷ кардааст. Доруфурӯше зимни пурсиши нархи дору гуфт, ки доруҳои баъдӣ шакли аслӣ набуда, арзишаш ҳам он қадар гарон нест.
Маълум аст, ки инсон саломатии худро бо ҳар арзише, ки дорад мехарад. Вале қисмати зиёди одамон имрӯз барои солим шудану барқарор кардани саломатии худ аз гаронии нархи маводи доруворӣ метарсанд ба назди табиб раванд. Табибони мо бе ҳеҷ муоина ва аниқ ташхис кардани ҳолати бемор, касро танҳо дақиқае чанд гӯш карда, дар дасташ рӯйхати мисли забони гов дарозро медиҳанду бо ҳамин тариқ гӯё мушкили ӯро ҳал мекунанд.
Доруҳои тоҷикӣ реаксия медиҳанд?
Ба гуфтаи баъзе аз дорухарон, аз истифодаи сӯзандоруи "Цефтриаксон" ба организми чанд тан аз хонавода, ин сӯзандору акси ҳол -реаксия нишон медиҳад. Баъди чанде маълум мешавад, ки ин дору истеҳсоли ватанӣ будааст. Мардум оиди истифодабарии маводи дорувори имрӯз ба тамғаҳои хориҷа новобаста аз нархашон таваҷҷӯҳ доранду метарсанд доруи истеҳсоли худиро харидорӣ намоянд. Чаро? Ин суолест, ки дорусозони мо БОЯД ба он посух гӯянд!!!
Ҷое дигар аз болоравии нархҳо ҳадс мезананду мегӯянд, ки савдогарони беинсофи мо аз даҳонашон кадом рақаме, ки барояд онро ба мизоҷ мегӯянд. Даъво кунед, пресс-курант ё нархномаро нишон медиҳанд. Дигар аз куҷо медонӣ, ин нархномаро кӣ муайян кардааст? Куҷост инсофу имон савдогарони мӯҳтарам?
Дору ва нархи мавсимӣ
Қисмати асосии мардум дар деҳот умр ба сар мебаранд. Агар дар болои ҳар доруворӣ ту аз 20 то 35 сомони нарх гузорӣ, гумон аст мардуми оддӣ онро харидорӣ карда тавонанд. Ширкатҳои воридотии маводи доруворӣ бо аксари табибони мо робитаи мустаҳкам доранд, ки ин ба касе пӯшида нест. Вобаста ба мавсими сол ва хуруҷи бемориҳои мавсимӣ, алалхусус зуком нархи доруҳои лозима хеле гарон мешавад, ки ҳатто дар тасаввурҳо намеғунҷад. Барои мисол агар мо «Парацетамол»-ро гирем он мавсим надошта, дар ҳама фасли сол муштарӣ дорад ва нархаш ҳамон гуна боқӣ мондааст.
Хонанда ёд дорӣ, даврони Пандемияро? Ана ҳамин бадбахтӣ нишон дод, ки ниҳоди доруфурӯшӣ, сар аз А то Я фалаҷ гаштааст. Зеро «бархе доруҳои наҷотбахши КОВИД-19» садҳо ҳам не, ҳазорон ва даҳҳо ҳазор баробар гарон шуданд! Ин додуситад нишон дод, ки сохтори тартиб, танзим ва хариду фуруши дорувор дар Тоҷикистон шаҳри бедарвоза аст!!! Ба пиндори мо кайҳо фурсате расида, ки ин система бевосита зери назорати Раҳбарияти Давлат гирифта шавад!
Доруфурӯшӣ танзимнашаванда аст?
Чаро нархи дору гуногун аст? Бо саволи матраҳ ба Хадамоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар вилояти Хатлон муроҷиат намудем. Роҳбари ин ниҳод аз сӯҳбат дар ин бора худдорӣ намуда, моро ба суи Агентии «Тоҷикстандарт» роҳнамоӣ кард. Ҳол он ки суоли мо пурра ба ин ниҳоди пурқувват вобаста буд.
Фирдавси Маҳмадсаид, муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар вилояти Хатлон зимни суҳбат боз аз якчанд сирру асрори соҳаи доруфурушӣ моро огаҳ намуд. Ӯ иброз дошт, ки чунин бозорҳо танзимнашавандаанд, вале ба хотири ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳар 1 дорухона бо меъёри даромаднокӣ ҳақ дорад, ки нархро то 10 % боло барад.
- Дар ҳолати то 20 % боло рафтани нархҳо 1 меъёри танзимкунанда аз ҷониби Раёсати Хадамоти зиддиинҳисорӣ муқаррар мегардад ва мо мониторингҳо ташкил намуда, садди роҳи он мешавем. Қонун бошад муайян кардааст, ки бо талаби истеъмолкунанда сметаи хароҷотӣ тартиб дода шавад, - афзуд Фирдавси Маҳмадсаид.
Мо пайгири мавзуъем. Мо Метавонем!
Нуриддин Қосимзода, СССР,
вилояти Хатлон