ХАБАРИ ДОҒ

Тантанаи Матбуоти Тоҷик дар Кӯлоб

  • Чоршанбе, Март 29 2023

Аз миёни тамомии тантанаҳои идонаи бахшида ба 111 солагии матбуот (журналистика) метавон танҳо ҳамоиши рӯзноманигоронро дар ш. Кӯлоб таъкиди вежа кард: - Агар ҳамчунин ҳамоиш дар дигар шаҳру навоҳиву вилояти кишвар,  бо чунин вусъату паҳноиву фарогирӣ баргузор шавад, ба таҳқиқ Журналистикаи Тоҷик силоҳи бузургтарини идеологии мамлакат шуда метавонад. Мо Метавонем!

11.03.2023. Соат бо вақти Кӯлоб 17:00 дақиқа. Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик дар ш.Кӯлоб аз гулгузорӣ дар назди Муҷассамаи “Дуои Модар” оғоз ёфт. Назарзода Бахтиёр Худоёр, раиси шаҳри Кӯлоб бо ҷамъи журналистон, ки теъдодашон марзи 60 нафарро убур мекард,  бо нишони эҳтиром ба Зан-Модар дар назди ин муҷассама гулгузорӣ намуданд.

Пасон журналистон дар якҷоягӣ бо роҳбарияти шаҳр, ба хонадони рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, шодравон Аслиддин Достиев, ки дар таърихи 08.08.2022 олами фониро тарк карда буд, рафта, аз ӯ ба некӣ ёд карданд, ки ин амал боиси таҳсин аст.

Сипас, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҷлили Рӯзи матбуот оғоз гардид. Назарзода Бахтиёр Худоёр, раиси шаҳри Кӯлоб аҳли қаламро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик табрику шодбош гуфта, изҳор дошт, ки матбуоти даврӣ дар рушди ҷомеа ва татбиқи ҳадафҳои пешгирифта нақши меҳварӣ мебозад.

Зимни суханронӣ Назарзода Бахтиёр зикр дошт, ки рӯзномаи «Бухорои Шариф», ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ манфиатҳои миллати тоҷикро ҳимоя мекард, баъд аз нашри 153 шумора аз ҷониби бадхоҳони миллат баста шуд. Аммо он ҳамчун марҳилаи пайдоиши нашрияи миллӣ ба идома ва рушди соҳаи матбуот заминаи боэътимод гузошт. Минбаъд, дар оғози бунёди матбуоти миллӣ шахсиятҳои ватандӯсти миллат чун Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва Мирзо Турсунзода хизматҳои шоён кардаанд.

Ҳамчунин дар идомаи чорабинӣ сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Шоҳона Одиназода, сардабири ҳафтаномаи “Пайк” Аҳмади Иброҳим, сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета» Маҳбуба Камолова,

Ҳақназар Ғоиб -рӯзноманигор, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ховаршиноси номдор- Зафар Мирзоён ва ҳамчунин Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи «СССР" дар назди ҳозирин сухан гуфта, аз бурду бохти матбуоти даврӣ ва журналистикаи муосир суҳбат оростанд. Сардабири СССР, бо ишора аз нозукии вазъи кунунии расонаӣ ва эҳтиёти ба доми душман нафтодани қаламкашон ва иғвоангез нагаштани килки ишон, бо ин байт муроҷеъ шуд:

Аз фитнаи забони қалам эҳтиёт бош,

Ғофил машав, ки гардани море гирифтаӣ!!!

 

78 000 сомонӣ - мукофот барои журналистон

Зикр кардан ба маврид аст, ки соли гузашта бо ташаббуси Назарзода Бахтиёр Худоёр, раиси шаҳри Кӯлоб озмуни "Беҳтарин муаррификунандаи дастовардҳои шаҳри Кӯлоб" эълон шуд. Имрӯз ғолибон маълум гардида, бо маблағҳои пулӣ ва диплом қадрдонӣ шуданд:

1. Ҷойи якум - 5000 сомонӣ (1 ҷой)

2. Ҷойи дуюм - 3500 сомонӣ (2 ҷой)

3. Ҷойи сеюм - 2500 сомонӣ (3 ҷой)

Озмуни "Беҳтарин муаррификунандаи дастовардҳои шаҳри Кӯлоб" аз рӯи 4 номинатсия мегузашт:

- Чопи мавод дар матбуоти даврӣ;

- Шунавонидан тариқи радио;

- Инъикос тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ;

- Инъикос тавассути шабакаҳои телевизионӣ.

Дар маҷмӯъ ба ғолибон 78 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд. Информатсия барои андеша, маблағи бузургтарин мукофоти ҷумҳуриявии журналистӣ, Ҷоизаи ба номи А. Лоҳутӣ...500 (пансад) сомонӣ буд. Ба ҳар ҳол Саъдии Маҳдӣ, ки СССР пешбарӣ кардааст, медал ва ҳамин миқдор пул гирифт,

Назарзода Бахтиёр Худоёр изҳор дошт, ки ин озмун соли дигар низ идома ёфта, маблағи мукофотҳо ҳатман дучанд мегарданд. Беҳтарин иқдом! Иштирок кунед, муҳтарам журналситони ватанӣ. Мо метавонем!!!

 

Дипломи СССР ба раиси шаҳри Кӯлоб

Сайёфи Мизроб, сардабири газетаи мардумии СССР дар идомаи тантанаҳои ҷашни касбӣ ба Бахтиёр Назарзода, раиси шаҳри Кӯлоб Дипломи «Пурбинандатарин навори солро» тақдим намуд. Бояд гуфт, ки 2 гузориши видеоӣ  аз шаҳри Кӯлоб, хосса гузориш аз рафти қабули шаҳрвандон аз ҷониби Бахтиёр Назарзода дар Ютуб канали СССР ТВ беш аз 164 000 тамошо дошт. Дар баробари Дипломи вежа ба шаҳрдори Кӯлоб тӯҳфаи рамзӣ ва 1 адад компютери муосир тақдим гардид. Муборак бошад! Мо метавонем!!!

 11 март – Рӯзи матбуоти тоҷик на танҳо дар ш.Кӯлоб, балки бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ, дар шаҳрҳои Бохтару Хуҷанд низ таҷлил карда шуд. Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хатлониро ин маротиб Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон шахсан табрик намуд. Дар Китобхонаи Миллӣ журналистони кишварро масъулини идеологии ҳукумати марказӣ ва шахсан Вазири фарҳанги ҶТ табрику таҳният гуфтанд. Вале он ҷашнворае, ки шаҳрдории Кӯлоб таҳия ва омода намуд, ростӣ, ҳамто надошт. Воқеан раиси ш.Кӯлоб Бахтиёр Назарзода тавонист ҳукуматро ба журналистон ва журналистонро ба ҳукумат наздик созад.

  

 «Народная газета о Народном Президенте»

10.03.2023. Соат бо вақти Душанбе 10:00 дақиқа. Ба муносибати 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар КТН «Шарқи озод» маросими рӯнамоии китоби дувуми «Народная газета о Народном Президенте» дар 2 ҷилд, ки аз ҷониби нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Народная газета” таҳия шудааст, баргузор гардид.

Китоби дувуми “Народная газета о Народном Президенте» идомаи китоби аввал буда, ба фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, ки дар он паёмҳо, суханрониву баромадҳо, мусоҳибаву муроҷиатҳо бо тартиби муайяни сафарҳои корӣ ва расмии Сарвари давлат, ки дар саҳифаҳои рӯзномаи «Народная газета» аз соли 1992 то 1999 ба табъ расидаанд, гирд оварда шудаанд.

  

 Рӯнамоӣ дар Китобхонаи Миллӣ

110.03.2023. Соат бо вақти Душанбе 14:00 дақиқа. Дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими рӯнамоии дастури библиографии «Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият»» доир гардид. Дар рӯнамоӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳои марбута ва воситаҳои ахбори оммаи мамлакат иштирок намуданд.  Дар китоби мазкур сарлавҳаи маводи солҳои 2019 -2021 дар Ҷумҳурият нашршуда пурра гирдовар шудаанд.

Зимни ҳамоиш пешниҳод гардид, ки варианти чопӣ ва электронӣ (ПДФ)-и тамомии рӯзномаву маҷаллаҳои хусусиву расмӣ бояд гирдовар ва ба китобхона супурда шаванд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter