Аз СССР: Пайки дӯст ва Паёми Ориёӣ
Дар арафаи Наврӯзи хуҷастапайк табрикоти фавқ, ки дар зер мехонӣ, хонандаи азиз, дастарси мо гардид. Мо онро бе иҷозаи муаллиф ва бе ҳеч таҳриру таҳрифе ба дасти чоп медиҳем. Бигзор фанатҳои тоҷикистонии “неомусалмони мо” хонанду донанд, ки мусалмонӣ ин нест, ки аз таъриху тамаддуни 6-ҳазорсолаи ориёии хеш ор кунӣ, худро канор кашӣ ва фикр созӣ, ки ҳар чизе то зуҳури ислом будӣ, манъ аст, раво нест, макрӯҳ асту куфр...
Ин табрикоти сафири давлатест исломӣ, ки ба Наврӯз ва оини аҳуромаздоӣ ва тоисломии ақвоми ориёӣ-эронӣ, тоҷик ва афғонистонӣ арҷ мегузоранд. Мо Метавонем!!!
Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад,
Булбул ба тамошои дафу чанг баромад.
Мурғони ҳаво ҷумла ба парвоз шуданд.
Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад.
Фаро расидани иди саиди Наврӯзи соли 1402 хуршедӣ мутобиқ ба 2023 мелодиро, ки имсол бо оғози моҳи мубораки Рамазон, моҳи баҳори навсозӣ ва худсозии инсон, баҳори унс бо Худо ва моҳи раҳмату мағфирати Илоҳӣ ҳамроҳ аст, аз тарафи худ ва ҳамаи эрониён ба мардуми ҳамфарҳангу ҳамзабони тоҷик ва ба ҳамаи мардумоне, ки иди Наврӯзро гиромӣ медоранд ва онро ҷашн мегиранд, самимона табрику шодбош арз менамоям.
Умедворам, ки Худои мутаол, ин идро бар ҳамаамон муборак гардонад ва ин сол, соли зебоӣ, шукӯҳ, азамату хушбахтӣ ва шодкомӣ бошад.
Имсол хушбахтона шоҳиди иттифоқоту таҳаввулоти бисёр хубе дар равобити 2 кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳури Тоҷикистон будем ва умедворам, бо лутфи Парвардигори бузург ва дар партави иродаи мақомоти олӣ, дар соли ҷадид низ равобити ин 2 кишвари тамаддунсоз беш аз пеш тавсеа ёбад.
Наврӯз баҳонае барои меҳрубонӣ ва омиле барои силаи раҳм ва некандешӣ аст. Наврӯз замоне барои таҳаввул ёфтан аст, замоне барои резиши бадиҳо ва замоне барои даст ёфтан ба зеботарин аҳволот аст. Дар Наврӯз кудуратҳо ба фаромӯшӣ супурда мешаванд. Муҳаббатҳо бештар мешавад. Наврӯз достони зебоест, ки дар он табиат, эҳсос ва ҷомеа ҳар 3 дастандаркоранд. Наврӯз ҷашни ҷаҳон аст ва рӯзи шодмонии замину осмон ва офтобу ҷашни шукуфтанҳо ва шӯр зоданҳо ва саршор аз ҳаяҷони ҳар оғоз. Наврӯз, яъне Рӯзи Нав дар таърихи башар ва ҳолати нав дар зиндагии инсонҳо.
Наврӯз Соли Нав аст!
Мо дар дуои оғози таҳвили Соли Нав, аз Худои мутаол мехоҳем, ки ҳоламонро ба беҳтарин ҳол баргардонад. Ин тағйиру таҳаввул яке аз бузургтарин асрори ҳаракати такомулии инсон аст. Наврӯз, рӯзест, ки дар он, замон ба эътидол мерасад, зоишу рӯиш дар табиати Худо оғоз мешавад ва ниёгони мо ба дурустӣ ин рӯзро ба унвони оғози Соли Нав номгузорӣ кардаанд. Наврӯз куҳантарин мероси муштараки миллатҳоест, ки ҳазорон сол дар сарзаминҳои паҳноваре аз шарқи Эронзамин то баҳри Миёназамин ва дар канори ҳамдигар зист мекунанд ва ин густураи ҷуғрофиёӣ "ҳавзаи фарҳангии Наврӯз" номида мешавад.
Наврӯзи дилангез тӯлонитарин "солҷашн"-и ҷаҳон аст. Оғози он аз ҳудуди нимаи замистон оғоз мешавад ва думболаҳояш то нимаи фасли баҳор тӯл мекашад.
Баҳор фасли эътидол аст ва Наврӯз нуқтаи авҷи ин эътидол ва ҳосили эътидоли табиат, рӯиш, зоиш, атрафшонӣ, таровату зиндагӣ аст ва ниёгони мо чи қадар ҳушмандона нуқтаи авҷи эътидолро оғози соли нави худ интихоб кардаанд. Баҳор мадрасаи бузурги Худост ва дарсҳои фаровоне барои мо дорад. Бузургтарин дарси он, дарси умед аст.
Наврӯз мондагор аст!
Рамзи ҳаёти ҷашни Наврӯз, дар пӯёии он аст ва рамзи пӯёиаш дар такрори офаридани он аст. Наврӯз ба унвони паёмовари сулҳу дӯстӣ метавонад шоҳроҳе барои расидан ба ҳадафи ҳамбастагии миллӣ ва минтақавӣ бошад. Рози мондагории Наврӯз пас аз қуруни мутамодӣ дар ин аст, ки бо фитрати одамӣ ҳамоҳанг аст ва ба рӯзгори ҳамаи мардумони рӯи замин муртабит шудааст. Наврӯзи куҳан, ҷашни густураи паҳноварест, ки ҳамгом бо табиат, зиндагӣ ва шодиро барои мардумон ба армуғон меовард. Дӯстӣ меафшонад ва оштӣ месозаду ҳамдилӣ, ягонагӣ ва якпорчагиро дар миёни мардум мегустаронад.
Дар рӯзгоре, ки бархе ба думболи шӯълавар кардани оташи ихтилоф, ҷангу хунрезӣ дар ҷаҳон ҳастанд, ин Наврӯз аст, ки рамзи тавҳидро ёдовар мешавад ва ҳамагонро ба сулҳу ҳамдилӣ фаро мехонад, то биандешанд ба неъматҳое, ки аз ҷониби Худованди якто бар суфраи зиндагӣ доранд ва бидонанд, “ки дар офариниш зи як гавҳаранд". Тамоми ҷанбаҳои ваҳдатбахши ҷашни Наврӯзро наметавон фақат дар мақолот, ҳамоишҳо ва конфронсҳои равшанфикрону аҳли маърифат ҷустуҷӯ кард, балки бояд густураи онро дар умуми мардум ёфт.
Наврӯз моли мардуми ориёст
Кӯшиш ва пешгомии 2 кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамроҳии соири кишварҳои ҳавзаи Наврӯз барои сабти он дар маҷомеъи байналмилалӣ, нишондиҳандаи аҳамияти ин мероси куҳан мебошад, ки мардумони ин кишварҳо рӯзгорони гузашта дар канори ҳам, нигаҳбони фарҳангу тамаддуни худ будаанд. Он чи мо дар бораи Наврӯз медонем, бештар марбут ба фарҳанги шифоҳӣ аст, ки дар тайи ҳазорон сол ба сурати сина ба сина мунтақил шудааст ва мустанадоти марбут ба Наврӯз дар матнҳои куҳан хеле андак аст ва бештар дар матнҳои марбут ба давраи исломӣ мисли осори Абурайҳон Берунӣ ва “Шоҳнома” вуҷуд дорад.
Вале ба ҳар ҳол, бояд гуфт, вежагиҳои аслии фарҳанги Наврӯз, ки каму беш дар ҳама ҷои кишварҳои форсизабон ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз вуҷуд дорад, бо тамоми шукӯҳу бузургӣ дар фарҳанги шифоҳии мардум ҷой дошта ва дар тайи наслҳо мунтақил шудааст. Ҷашни Наврӯз, шодии ҳарсола ва муждаи тафоҳуми ҷаҳонӣ ва пайванди фарҳангӣ миёни миллатҳои ҳамсоя ва ё дур аз ҳам аст. Гувоҳиҳои зиёдеро метавон ёфт, ки ҳамин андеша ва зарурати пайванди фарҳангӣ миёни ақвому гурӯҳҳои гуногун дар бунёду асли ҷашни Наврӯз вуҷуд дорад.
Махсусияти Наврӯз
Вежагии Наврӯз аз назаргоҳи зоти табиӣ ва аслии он, доштани ваҷҳи тақвимӣ ва ҷаҳонӣ аст, ки ин ҷашн бо тағйири фасл ва омадани баҳор пас аз зимистон ҳамзамонӣ дорад. Ҷашнҳои баҳорӣ дар саросари ҷаҳон ва дар ҳамаи фарҳангҳои башарӣ вуҷуд дорад, аммо он чи дар ҳавзаи фарҳанги Наврӯз бар ҷашни баҳорӣ афзуда шудааст, вуҷӯҳи фарҳангии муштарак аст, ки Наврӯзро ба сурати шоҳкори фарҳангӣ ва саршор аз ҳадяҳои оштӣ ва дӯстӣ ва ғанои рӯҳонӣ ва адаб дар меовард. Аз ин манзар Наврӯз на танҳо ҷашни таҷдиди ҳаёти наботӣ ва гиёҳӣ аст, балки ҷашни таҷдиди одоби дӯстӣ ва зиндагонӣ ва лутфи ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ ҳаст ва ваҷҳе аст муштарак миёни мардуме, ки дар густураи паҳновари ин ҳавзаи фарҳангӣ зиндагӣ мекунанд.
Наврӯзро ҳамаи табақоти иҷтимоӣ ҷашн мегиранд ва одобу русуми он дорои танаввӯъ ва шаклҳои гуногун аст. Чунин гуногунӣ ва фаровонӣ аз як сӯ дар назди ҳар гурӯҳ аз баргузоркунандагони Наврӯз истиқлоли маҳалии ононро дар одобу фарҳанги хеш нишон медиҳад ва аз сӯи дигар шабоҳатҳои дар онҳо дида мешавад, ки пайванди фарҳангиро бо номи Наврӯз миёни ҳамсоягон падид меоварад.
Наврӯз сармоя ва дороии фарҳангии ғанӣ ва ганҷинаи бузурге низ мебошад, ки ба ҳамаи мамлакатҳо ва қавмҳои баргузоркунандаи он тааллуқ дорад. Нуктаи муҳим ва шоёни таваҷҷуҳ он аст, ки танаввӯъ ва гуногунииодобу русуми Наврӯз дар наздидигароне, ки онро барпо медоранд дар воқеъ амалан бар зебоӣ ва ғинои он меафзояд ва ин дороӣ ва ганҷи муштаракро бештар саршору оганда аз ишқу дӯстии миёни мардумон мекунад.
Дипломатияи Наврӯз
Хушбахтона иқдомоти хубе дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳури Тоҷикистон дар муаррифии "Наврӯз" сурат гирифтааст, вале боз ҳам ҷойи эҳтимому талоши бештар дар муаррифии ин мероси маънавии ниёгонамон вуҷуд дорад. Бояд аз зарфияти Наврӯз ба унвони 1 амали умдаи ваҳдат ва таваҷҷуҳ додан ба аҳамияти ин ҷашни куҳан ба унвони яке аз пояҳои ҳамбастагӣ, ба манзури ҳар чӣ наздиктар шудани 2 кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрон ва Тоҷикистон бештар истифода кард.
Густураи ҷуғрофиёии Наврӯз ва низ қидмати чандҳазорсолаи он метавонад ба заминаи муносибе барои ҳамгироии мантақавӣ байни кишварҳо табдил шавад ва дар ин миён дипломатияи фарҳангӣ омили муҳим барои ин ҳамгироӣ аст, чаро, ки ҷашни иди Наврӯз бо унвони "дипломатияи Наврӯз" метавонад зарфияти азимеро дар ин замина фароҳам намояд. Бо ғанимат шумурдани фурсат, дар Соли Нав аз даргоҳи Парвардигори бузург барои ҳамаамон саломатӣ, комравоӣ ва муваффақияти рӯзафзун талаб менамоям.
Баромад боди субҳу бӯи Наврӯз
Ба коми дӯстону бахти пирӯз.
Муборак бодат ин солу ҳама сол,
Ҳумоюн бодат ин рӯзу ҳама рӯз!
Дар сояи раҳмати Худованди бузург, ҷонатон баҳорӣ, наврӯзатон пирӯз ва ҳар рӯзатон Наврӯз бод.
Муҳаммадтақӣ Собирӣ
сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳури Тоҷикистон