Симои ноҳия имрӯз назар аз солҳои пеш андак дигаргун шуда бошад ҳам, вале партовҳои назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъби касро хира месозанд. Назди МИҲД пур аз партову ифлосиҳост. Чун ноҳия таърихи кӯҳан дорад, мусаллам аст, ки таваҷҷӯҳи меҳмонони дохиливу хориҷӣ ҳам ба он зиёд мебошад.
Чун 1 меҳмони дохилӣ хостем аз мавзеъҳои таърихии ноҳия, аз пешрафту ободии ин сарзамини таърихзо тайи солҳои ахир огаҳ шавем, лек ҳамоон ифлосиҳо...каме ноҳинҷор кардамон.
Партовро мебардоранд?
Барои посухи саволҳои беҷавоби худ ба ҷамоати шаҳрак, ки дар назди мақомоти маҳал воқеъ аст, раҳсипор шудем. Мутаассифона, ба саволҳо касе посух гардонида натавонист. Маҷбур шудем аз худи мақомоти маҳал ба суолҳоямон посух ҷӯем. Ниҳоятан Алиҷон Тоҷиев, ки вазифаи муовини аввали ноҳияро бар дӯш дорад, бо мо ҳамсӯҳбат шуда, нахуст аз ҷудо гардидани маблағҳо барои ободонӣ ҳарф зад. Мавсуф иброз дошт, ки бинобар сабаби беаҳамиятии роҳбари пешини Идораи манзилию коммуналии ноҳия проблема дар ин самт хеле зиёд аст.
- Мо ба ҷойи ӯ нафари дигарро таъин намуда, техникаҳое, ки дар мувозинати ҳамин корхона ҳастанд, аз таъмир баровардем. Воқеан тайи 3-4 рӯзи ахир партовҳо тоза карда нашудааст, иброз медорад муовини раис.
Бетартибӣ дар бозори «Қубод»
Рӯ ба рӯйи мақомоти маҳал бозори марказии ноҳия бо номи " Қубод" амал менамояд. Назди бозор ҳам партовгоҳеро мемонад. Дохили ҷуйчаҳои обгузари канори роҳ аз қуттиҳои холии оби нӯшокӣ ва дигар ифлосиҳо, ки бо буданашон ҳусни мавзеъ коста мегардад, пур аст. Аз 2 тарафи роҳи мошингарди ҳудуди ноҳия, ки аслан роҳи бесоҳиберо мемонад, на аломат дида мешаваду на нозири танзимкунандае. Роҳ чунон танг аст, ки на ҳар ронанда мошини худро дар ин роҳ гузошта метавонад. Барои гузоштани нақлиёти автомобилӣ аз ҳар ронанда 5 сомонӣ, нафари ношинос, ки гуё соҳибмулк аст, мегирад. Таваҷҷӯҳ кун, хонанда, АЗ ЯГОН ИСТГОҳ Ё ХУД СТОЯНКА НЕ, аз РОҲИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯВӢ ПУЛ МЕСИТОНАНД!!! Нозири БДА бошад ба ин носомониҳо чашм мепӯшад.
Дар сӯҳбат, муовини соҳавӣ Алиҷон Тоҷиев қайд кард, ки мо аломатҳои роҳро дар ҷойҳои лозимӣ насб кардем, лек ронандагон нақлиёти худро дар куҷое, ки мехоҳанд он ҷо мегузоранд.
Нозири роҳ аз ин қоидавайронкуниҳо мӯҳри хомӯшӣ бар лаб задааст. Назди бозори марказӣ, ки бо МИҲД ҳамсоя мебошад, аз бесарусомониҳо лабрез асту ягон корманди бозори ҷамъиятӣ дар ин бора ҳарфе намегӯяд.
КЖКП ё партовгоҳ?
КЖКП - Раёсати хоҷагию манзилӣ ё баровардани партовҳои сахти маишӣ, аз ворид шудан ба ин корхона пай намебарӣ, ки ин ҷо партовгоҳ аст, ё ягон коргоҳ. Зане, ки пешвозамон гирифт, нав ба ин мансаб таъин шудаасту номашро Қодирова Раҷаббӣ хонд. Фаъолияташро ҳафтае беш нест. Роҳбари навтаъин ҳам аз собиқ раҳбар гиламанд шуда, афзуд, ки ҳатто то ҳол техникаи корӣ омода нест (аммо муовини раис гуфта буд, ки мошинҳоро аз таъмир баровардаанд), то партовҳои ҳудуди ноҳияро тоза карда, бароранд. Ҳол он ки вазифаи аввалиндараҷаи кормандони коммуналӣ ҳамин аст.
Дар тавозуни корхона 4 техника ба қайд гирифта шудааст. Тавре гуфта шуд, дар коргоҳи мазкур набудани техника мушкилоти №1 ҳисоб мешавад. Дар дохили корхонаи болозикр ҳатто мизу курсии ободро дидан амри маҳол аст. Дохил ҳам мисли беруни бино нообод. Баъди ба буҷаи корхона ворид намудани маблағи муайян, ин ниҳод метавонад партовҳои рӯзҳо истодаи назди бозору мағозаҳоро барорад. Вале бозори марказии ноҳия аз бастани шартнома бо КЖКП саркашӣ мекунад. Шояд бо гарм шудани ҳаво ва зиёд шудани бемориҳои сироятӣ масъулин ба фикре биёянд?…
0,5 млн барои чист?
Новобаста аз он ки ба хонаи мо касе меҳмон мешавад ё не, мо бояд дохил ва гирду атрофи онро тозаю тамиз гардонем, то хушоянд бошад. Дар ҷое, ки мо зист дорем, он ҷо бароямон Ватани бобоӣ ном дорад ва нагузорем ҳар гуна партов онро "ороиш" диҳад. Мунтазир нагардем, ки касе онро имрӯз тоза мекунад, ё фардо. Бо даст додани имконот ҳатман онро бубояд аз байн бардошт, чунки обод кардани Ватан аз обод кардани кӯчаву бозору манзилу макони ҳар яки мо оғоз мегардад.
Барои ободонии н.Қубодиён 500 000 сомонӣ ҷудо карда шудааст, вале барои кадом ободӣ ва кадом навоварӣ, маълум нест. Модоме, ки кӯчаҳо, сар аз назди бинои МИҲД н.Қубодиён пур аз партову ифлосист, пас ин маблағ барои чӣ ё КӢ сарф мегардад? Суолест, ки посух металабад ва мо пайгири мавзуъ мемонем. Мо Метавонем!
Нуриддин Қосимзода, СССР,
вилояти Хатлон