Сарв аз бесамарӣ хилъати Наврӯзӣ ёфт,
Ҷигари хеш махӯр, гар самаре нест туро!!!
Сӯҳбати мо сари Наврӯз аст! Ин, ки Наврӯз беш аз 6000 сол таърих дораду оид ба ин оин бузургони барзиёде китобу рисолаву монография навиштаанд, 1 самтест, ки сари он баҳс нахоҳем кард. Ун баҳс илмист! Ва оне, ки илму маърифату донишу хирад дорад, медонад, ки бо Наврӯз ҷанг кардан, коре, ки имрӯз «асҳоб ул риш» мекунанд, ба ҳован об кӯбидан асту оқибаташ мағлубияти комил. Зеро Наврӯзе, ки 6 ҳазор сол нафавтид, фанонопазир аст!
Ёд дорӣ, хонанда, ки бо Наврӯз дар даврони шӯравӣ, дар РСС Тоҷикистон низ ҳарб мекарданд? Ещё как ёд дорӣ!!!
Вале Наврӯз бо роҳу усулҳои партизанӣ душманонашро варшикаста кард. То соате, ки Буриннисо Бердиеваи нозанин бар ҳифзи Наврӯз бархост, тамомии шуарову удабои номдори мо, ки унвонҳои халқиву мардумиву шоиставу хизматнишондода ва медалу орденҳо доштанду бархе имрӯз ҳатто қаҳрамони миллатанд, аз Наврӯз рӯ тофта буданд.
Илло 1 кас, ки Наврӯзро ҳифз мекард ва ин 1 кас ном дошт - ХАЛҚ
Халқи Тоҷик, сар аз истибдоди Искандариву забткории арабии Қутайба ибни Муслиму истилоъи Чингизи муғулу Олими манғит ва то юриши болшевикии урус оини хуршедии ҷадди хеш-Наврӯзро ҳифз мекард. Барои Тоҷик пуштибонӣ аз оини ниёгон ва гузашта аз ин пирӯзӣ дар ин набарди идеологӣ 1 кори маъмулӣ шуда буд. Ҳама душманон рафтанд - Наврӯз монд!
Дар даврони советӣ Наврӯз, исми мустаор, ба масали маъруфи имрӯза Фейк шуд: ДАРВЕШОНА.
Дарвешона маҳфиле буд-унс, маҷлисе буд-дилписанд ва корзоре буд-баста бар нанг. Ҳар кӯча, гузар, деҳа, Вакилеро интихоб мекард (Мири Наврӯзӣ, ки Ҳофиз суруда) ва ин Калон (вакил) аз дари ҳавлии мардум бо 3-4 дастиёр анвоъи ғизо ва пулу манол ҷамъ меовард. Сипас амр медод:
-Қудрат бар тавоноӣ сар кунед; зани бобои Ғулом суманак, Момаи Сайбӣ атола, зани бобои Эшон оши буррида, зани... кулчаву фатиру чаппотиву орзуқу чалпаку ҳалво... таҳия кунанд!
Бо судури ин амри Калони Дарвешона ҳамон шом то субҳи рӯзи идӣ фазои он маҳалларо бӯи куфтаи решаи майсаи гандум ва гӯши фалакро нидои
«Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб мо дафча шанем!!!»
ончунон кар мекард, ки ту гӯӣ то Наврӯзи дигар ягон фаришта тобу бавони навиштани гуноҳи муъмининро надоштӣ...
Сипас хоне ороста мешуд, ба қадди кӯча якто!!! Ва бонувон дар дастурхондориву мардон дар меҳмондорӣ ва духтарон дар ҳуснороиву ҷавонон дар майдондорӣ сабқат мекарданд. Ҳар гӯштингире меомад, ҳар паҳлавоне меомад, ки пояшро сахт бар замин мешаппид, қалби замин метаппид!
Гулдухтари усмабарабрӯи гузар, ки нақши сунъии имрӯзаи Маликаи Наврӯзро мебозид, ҷигари сағераи зангирро онгуна месӯзонд, ки зангӣ пеши лахчаи дили сағера сапедии барф доштӣ.
Тоққишаппон, яъне тоқипартоӣ шуруъ мешуд ва ҷавонон барои худ нимаи дуввум меҷустанд. Шиор дошт, ин бозӣ:
-Қинғола, аз зарби тоқӣ наафтид, ба балоғат расид!!!
Буҷули чемпиони кӯчаи мо-Ҳикматро гов зӯраш намерасид бардорад. Ҳар буҷулбозе буд, ҳар буҷулакие буд, ки аз зарби саққааш дар рӯи олам ген намемонд (саққа буҷули қушқору сирка ва ген-буҷули бузу гӯспанди мода)...
Дангали Комили Мавлонро, ҳини чиликдангал, ҳатто баъзе мардак зӯри вардошт надоштӣ. Чиликро аз марра онгуна мерабуд, ки садҳо метр парида мегузашт ва дигар кӣ тавони «зӯӯӯ»-гӯиву дави марра мекард?
Хайрулло Сиддиқов бо тахаллуси Хайдуки Бодпой (воқеан ҳамон қаҳрамони гумноме, ки дар ҷанги Норак тонки оппозитсияро дуздида, ба Фронти Халқӣ тӯҳфа карда буд), онгуна дар пойга медавид, ки бод пайяшро пайдо намекард. Ва чун бар марра мерасид, ҷуз табассуми гулдухтаракони навқад ва чалпаке анд ҳич насибаш намешуд.
Носирча чу ба майдон мешуд, Чарх аз гардиш мемонд, то зӯрозмоии паҳлавони кӯчаи моро бо лақайу барлосу туркману ӯзбекистониҳо бинад. Ҳай Носир-полвон мешаппид паҳлавонони омадарое, ҳай мезад.
Дар Дарвешона 1 доваре набуд, ки ғалат ҳукм кунад. Ҳар кулӯхе бар сараш мефаромад, аз мухлисони гӯштии сар-сари кӯҳу камар, дар Колизейи Наврӯзӣ ҷо гирифта, ки то рӯзи қиёмат хунаш шуста намешуд.
Наврӯз мардумӣ буд! Наврӯз аз мардум буд!! Наврӯз худ мардум буд!!!
Имрӯзҳо мутаассуф, ҳама чиз сунъӣ шуда. Дуруст аст, ки Наврӯз байналмилалӣ шуд, ки муборакамон бод. Вале ҳамоно бар назарам, ки Наврӯз бояд сирф Ориёии Тоҷикӣ мемонд. Зеро Наврӯз байналхалқӣ, ки шуд, мисли Синову Низомиву Форобӣ...онро низ аз мо мерабоянд. Имрӯзу фардо не...пасфардову садсолаҳо ба баъд...
Таърих гувоҳ аст, ки Юнонро баъди садсолаҳои асри тиллоинаш даҳҳо маротиба қайсарони Рум шикаст доданд, вале он боз эҳё мешуд. Ва ахиран корро душман «хит» кард:
-Бовари мардумро бояд шикаст! Гавҳареро, ки онҳоро бо ҳам мепайваст, бояд ёфту маҳв сохт ва... Олимпиада байнулмилалӣ шуд
Олимпиада танҳову танҳо сирф моли юнониҳо буду ширкат дар он престижи юнонӣ. Олимпиада дар шаҳри муқаддаси Юнони Қадим-Олимпия аз соли 776 то мелод то соли 393 то мелод 292 маротиба баргузор шудааст ва дар он ягон ғайриюнонӣ ҳаққу ҳуққи ширкат надошт!
Мисли Наврӯзи Ориёии Тоҷикӣ буд Олимпиада ва чун байналхалқияш карданду дар он ҳамакнун ҳама қавму қабоил ширкат меварзид, шӯҳрати Олимпиада боло рафту ҳувияти миллӣ коста гардид. Ва дигар то ҳамин рӯзу соате, ки ин матлабро мехонӣ, узви Ихвон ал СССР, Юнон бар худ наомад, ки наомад. Зеро аз юнониҳо такягоҳи азаливу асалинашонро рабуданд. Ин амал ба мисол онро монад, ки аз қавми яҳуд Тавротро бигиранду аз насоро Инҷилро ва аз мусалмонон Қуръонро ва бигӯянд, инҳо моли шумо нестанд-моли башариятанд...
...Ва аммо суоле посух мехоҳад, ки чаро Наврӯз ва оини неки ниёконро имрӯз низ муллоҳои тоҷик «чап гирифтаанд»? Ба саҳ-8 мурур кун ва мебинӣ, ки муллоҳои эронӣ зидд не, ҳатто ҷонибдори Наврӯзанд!!!
Идеологияи антиНаврӯзӣ аз обмӯрии исломи «антиТоҷикӣ» маншаъ мегирад ва агар аҳамият додаӣ, ҳар нафаре, мадориси Покистону Арабистонро хатм кардааст, душмани ин ғоя аст. Толибони покистонӣ бо Тоҷикони Афғонистон чӣ карданд, худ шоҳидӣ. Яъне ҳарб бо Наврӯз ҷанг бо миллати ману туст, хонандаи гиром. А, дар ҷанг бояд кушту буриду шикасту бубаст. Ва мо бояд зидди душманони баддаҳани Наврӯзи протолибиву неоарабӣ, ки ҳич бастагие ба Исломи Ҳанафӣ надоранд, набарду пархош кунем. Ҳамингуна, ки Фирдавсӣ гуфта:
Дариду буриду шикаст бубаст,
Ялонро (муллоҳоро) сару синаву пову даст!!!
Наврӯзатон пирӯз бод! Мо Метавонем!!!