ХАБАРИ ДОҒ

Шаҳодатномаи таваллуд ва 100 сомонӣ

  • Чоршанбе, Март 29 2023

 

07.03.2023. Соат бо вақти Душанбе 10:44 Тоҳир Олимов, сокини ҷамоати «Сарвати Истиқлол»-и деҳаи Меҳрободи н.Кушониён ба редаксия занг зада (тел: 888880470), гуфт:

   - Барои гирифтани ҳуҷҷати шаҳодатномаи фарзандам ба идораи ҷамоат муроҷиат кардам. Ҳангоми муроҷиат масъулин бо муомилаи "хуб" аз ман 100 сомонӣ пул талаб намуданд. Ҳол он ки шаҳодатнома тибқи қонун ин қадар арзиш надорад. Хабар ёфтам, ки барои шаҳодатномаи тифли то семоҳа 13 сомониву чанд дирам муқаррар шудааст. Ин бори аввал нест ва шояд мисли ман волидони дигар ҳам бо чунин ҳолатҳо рӯ ба рӯ шудаанд. Аммо вақте қонун дигар асту амал дигар, ба кӣ дод гӯем?

Дар 1 рӯз шояд 10 нафар барои гирифтани шаҳодатнома муроҷиат менамояду аз ҳар яке агар 100 сомонӣ ситонанд, пули калоне мешавад. Ин маблағ ба кисаи кӣ меравад? Ҳамин бетартибӣ ва поймол намудани қонуну кодексҳои соҳаро, кӣ бояд ба низом дарорад?

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter