Ҷумъабой Яҳёев, муаллиф ва хонандаи фаоли мо аз ш.Хуҷанд ба редаксия занг зада, гуфт, ки рӯзҳои охир тамоми воситаҳои ахбор ва махсусан интернетро изҳороти собиқ директори китобхонаи миллӣ ва журналист Абдулқодир Талбаков, ки худро зардуштӣ эълон кард, гирифтааст.
- Ӯ дар баромадҳояш изҳор менамояд, ки аллакай дар ҷумҳурӣ 150 тарафдор дошта, мехоҳад, ки дар вазорати адлия «Ташкилоти зардуштӣ» - ро сабти ном намояд. Назар ба қавли ӯ, ин рафтораш ба эҳсосоти динии мусалмонон сахт зарба задааст, ки баъзе фанатҳо тайëранд ӯро ҷисман нобуд созанд. Ҳатто то ба аз кор рафтанаш аз китобхонаи шаҳрӣ ҳар рӯз хизматчиëни мақомотҳои қудратӣ то коргоҳ ӯро муҳофизат карда, бурда меовардаанд.
Аз лиҳози маънӣ ман аз вазорати адлия хоҳиш менамоям, ки ҳеҷ гоҳ ин ташкилотро сабти ном накунад, зеро ин бешубҳа боиси нооромиҳои зиëд хоҳад гашт. Зеро бузургони хирадманди мо гуфтаанд: Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ!
Аз СССР: Вой бар мусалмонии мову шумо, ки 10 миллион нафар аз 1 кас тарсем. Эмонатонро мустаҳкам кунед, ҷои чунин пешниҳодҳои фанатӣ намудан ва он ҳам аз тариқи газетаи мардумие, ки дар он ҳама қишрҳои ҷамъият, бедину диндор, тарсову яҳуду мусалмону бутпараст имкони навиштану нашр кардани ғояи хешро доранд.
Мо Метавонем!