ХАБАРИ ДОҒ

Бохтар: сохтмон бо реҷа шуд

  • Чоршанбе, Май 10 2023

Прокуратураи вилоят муроҷиати Зайниддин Варқа, сокини ш.Бохтар, к.Дӯстии халқҳо, хонаи 16, ҳуҷраи 11-ро дар бораи риоя накардани тартиби иҷрои корҳои сохтмонӣ аз ҷониби сохтмончиёни биноҳои баландошёна дар ҳудуди маҳаллаи Шабчароғи ш.Бохтар, ки санаи 29.12.2022 дар ҳафтаномаи «СССР» бо сарлавҳаи «Дод аз дасти сохтмончиён» ба табъ расид, мавриди баррасӣ қарор дод.

Бо натиҷаи санҷиш ба директорони ҶДММ «Бохтарсозанда» Орипов У.С., ҶДММ «Комрони Шамсулло» Боқиев С.Ш. ва ҶДММ «Собир-Сам»-и ш.Бохтар Сафарзода С. барои фавран бартараф намудани қонунвайронкунӣ ва дар фаъолияти минбаъда ба роҳ намондани иҷрои корҳои сохтмонӣ бо истифодаи дастгоҳҳои садотақвиятдиҳанда, техника ё таҷҳизоти сохтмонию таъмирии садобарор дар вақту соатҳои ғайри корӣ (аз соати 1700 бегоҳирӯзӣ то соати 800 пагоҳирӯзӣ) ва рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳатӣ (шанбе ва якшанбе) амри хаттӣ дода шуда, муроҷиат қонеъ карда шуд.

Р.Имомзода,

муовини якуми прокурори вилоят,

мушовири адлияи дараҷаи 1  

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter