Дуруд ба СССР!Саноатчиёну соҳибкорони истеҳсолкунанда 70%-и хазинаи кишварҳои пешрафтаро пур мекунанд. 3 факти ҷолиб аз ТВ-ҳои Ӯзбекистону Россия оиди муносибати давлат ва бизнес:
- Соли 2014 И.Каримов гуфта буд, ки касе, ки ба тадбиркору фермер монеа эҷод мекунад, Душмани Президент аст! Дар ФР институти рушди соҳибкорӣ ва иқтисод амал мекунад. Дар Англия бошад вазорати рушди соҳибкорӣ ҳаст!
Факти дигар аз РБК: аксарияти давлатҳои тараққӣ карда (Италия, Япония, Хитой) корро аз рушду эҳёи соҳаи саноати сабук ва бофандагӣ – духтани сару либос, истеҳсоли матоъҳои нассоҷӣ сар карда, сипас ба қуллаҳои баланди рушду такомули дигар соҳаҳои миллӣ расидаанд!
Барои ҶТ саноати сабук, мисли компютерсозӣ соҳаи нав нест. Дар РСС Тоҷикистон вазоратҳои саноати сабук, хизмати маишӣ ва саноати маҳаллӣ дар алоҳидагӣ амал мекарданд. 3 вазир дар ҷамъ дар тобеияти худ даҳҳо сехҳои дӯзандагии чарму матоъро доштанд.
Маннон Махсумов,
ш.Истаравшан