Аз чӣ аз дил бикашӣ пойи ҳавас аз дили ман?
Тарҷумони алами мо набувад хандаи мо!!!
31.03.2023. Ӯ зодрӯз дорад. Зодрӯзашро бояд таҷлил кард. Ва мегӯям чаро? Ҳар он касе мехоҳад аз дунёи ба ҷаҳолат печидаи Тоҷикистони имрӯза воқиф гардад, бояд ба дунёи ин зан ворид шавад. Зеро ҳар соат, ҳар дақиқа, ҳар сонияи умраш пархош аст, ҷанг аст, ҷадал аст, ҳарб аст: -Пархош бо ҷаҳолат! -Ҷанг бо толибизми асримиёнагии имрӯзиён! -Ҷадали аз даст раҳо накардани озодии 1 Инсон! -Ҳарб бо...аҳли табори ҷоҳилшуда.
Оре, хонандаи гиром, имрӯз ҳар хонаводаи мо сартосар бар умқи ҷаҳлу бухлу кин, ки мутаассуф онро «исломи пок» мепиндоранду дар асл салафияте беш нест, ғутта задаасту мо хамӯш... Ва ӯст, ки тани танҳо бо ин ҷаҳолат ҳарб мекунад. Қиссаи умраш, махсус чанд соли ахири он, чунон дардноку печида аст, ки агар гӯяд, замину замон месӯзад:
Кӯдаки ҳамсоя мегиряд, маро хоб аз куҷо? Хонаи ҳамсоя омад ашки селоб аз куҷо?
Зӯзаи сагҳои кӯча фоли мо бикшода буд,
Хонаи ҳамсоя месӯзад, нагӯ: “об аз куҷо?”
Дасти дев афтода моҳу бечароғ афтодаем,
Ин таҳаммулпешагӣ дар кори маҳтоб аз куҷо?
Он қадар ҳамсоя навмеду манат ошуфтатар,
Чарх мегардам ба самти кори гирдоб аз куҷо?
Дардҳоро андаруни халтаи дил ҷо накун,
Боз пурс аз мо шурӯи роҳи партоб аз куҷо?
Ё лаҷоми умрро дастат бигир ё маҳв шав,
Шоира, гӯ, мисли ту бонуи камёб аз куҷо?
Sh.R.
Марши Ҳуррият
Озода аст! Зеро озодипараст аст. Ин аст, ки ҳаргиз дар чорчӯбаи тасаввури мо намегунҷад. Мани худро дорад ва ҳаргиз накӯшидааст, ки Мо шавад, яъне бо замона бисозад:
Ман мусалмонам, яҳудиям, масеҳиям ,
Ман, ки аз аҳли авастоям.
Ошно бо зеҳнҳои кунд оре нестам,
Аз хурофотон ҳазар дорам, фақат,
Бар лиқои худ назар дорам, фақат.
Ман барои хондани “Таврот”-у “Инҷил”,
ё “Авасто”,
ё ки “Қуръон”,
оташ афрӯзам,
Машъали зардуштӣ бояд, то бихонӣ ҳарфи “Қуръон”-аш
Аввалин бифристаашро арҷ дорӣ,
то бидонӣ қиммати пайғамбаронаш…
Эй, ки побанди хурофотӣ,
бирав бо мағзҳои шустагӣ дар оби ганд,
Бо таҳорат ҳам намегардӣ тамиз,
Дар дилат оина бишкаста,
Шишаҳояш ҳар дақиқа тика-тика мехалад бар дигарон.
Пеши Ӯ оё ту бошӣ арҷманд?
Пеши Яздоне, ки раҳмону раҳим аст,
мешавӣ оё азиз?
Аз ҷаҳолат чашмҳоят косаи хун,
Аз ҳақорат рӯсиёҳӣ пеши Аллоҳи ҳанӯз нашнохтат,
Зулм дорӣ бо ҳама,
Мазҳаби ҷаҳл аст аз ту,
туф бар он рӯҳе, ки амдан бохтӣ,
Ман мусалмонам, масеҳиям, яҳудиям
ва аз зардушт ҳам,
оятеро хондаам,
Ман Худоеро парастам, он ки ҳар ҷо дар ман аст,
Пушти парда , рӯи саҳна, дар сурудан бо ман аст,
Шартнома байни ҳам дорем мо,
Ҳеҷ касро гар наёзорам 2 дунё аз ман аст!
Sh.R
Вораста
Вақте чанд сол пеш дар ИНТ «поккорӣ» шуруъ шуд, довталабона, ба пуштибонӣ аз покгаштаҳо, аз ин ниҳод истеъфо рафт. Ин дар ҳолест, ки бе ягон помпез, ЯГОН шоире имрӯз нест, ки 40-50 таронааш шлягер шуда бошад. Вале беш аз 600 суруди Шоирабонуро ситораҳои санъат мехонанд-сар аз Нигина Рауфу Давлатманди Хол то Шабнаму Сурайёву Фарзонаву Зулайхову Дилшодҳо... Ва бар ироди ҳасадполудаи бархе удабо бо фахр мегӯяд:
Ту, эй, ки айби маро ёфтӣ ба "бевазнӣ",
Тарозуи ту хато буд, вазни мо нашинохт...
Талафоти бе талофиш Модараш буд, бас меҳрабон, сахтгир, муаллимаи аввалин ва дӯсти охиринаш:
Модар маро бубахш, ки аз ғуссаҳои ман,
Дар лобалои сонияҳо хун гиристаӣ.
Аз қисмати сиёҳи мани ғамкашидаат,
Монанди абри тираи ҳомун гиристаӣ!
Бахшанда аст. Метавонад дилхоҳ кӯрнамакиро бубахшояд. Ҳатто хиёнатро! Вале ҳаргиз ҷаҳолатро намебахшад:
Бояд аз дил ҳамаро бурд ба берун, аммо,
Бо чӣ таъмир кунам он пайи нохун, аммо.
То ба Наврӯз фақат хонатаконӣ дорам,
Кинаҳоро бибарам то дили Ҷайҳун, аммо.
Ҷон ба зери қадами дӯст, ки ӯ нохунакист,
Месупурдем, нашуд ҳадя ба мо нон, аммо
Мебарам бар дари ӯ нони мурувват аз ҷон,
То ки имон-ш биларзад чу мусулмон, аммо.
Авф кардам ҳамаро, худ, ки зи авфи абадӣ,
Мерасам бар дари оромиши ин дил, аммо.
Авф кардан, ки бувад одати мардони қавӣ,
Шамъи бахшандагӣ афрӯхт ба маҳфил, аммо…
Sh.R.
Саргардон аст ва ба саргардонон ҳамегӯяд:
Миёни мо, ки девор аст,
Дару дарвоза бекор аст.
Дару дарвозабони мо
Чи беномус, беор аст!
Ба кушки бедаре хорам,
Магар бар ин сазоворам?
Нагӯ қасри вафо моро
Чӣ даркор аст? Даркор аст!
Худам аз интихоби хеш,
Парешонгаштаам-дилреш.
Вагарна дар дар ин бозор,
Фаровон аст, бисёр аст.
Бувад дарбастагӣ беҳтар,
Аз ин сарбастагӣ-бедар.
Дари фарсудаи мо бин,
Фитода кунҷи девор аст.
Агарчи 2 дари дунё
Вуруду хориҷ аст, оё
Тавофи хонаи бедар,
Ба даври нуқта паргор аст?! Sh.R
Шоирабонуи нозанин, узви тими Ихвон ал СССР, ҳамрозу ҳамандешаи худро, газетаи мардумӣ табрик гуфта, ба Ӯ ва 2 гулдухтари нозанину 2 шоҳписари беҳтаринаш тамомии хушии рӯзгоронро таманно дорем. Мо Метавонем!
С.М.