ХАБАРИ ДОҒ

Рамазон омаду и(мо)нсоф рафт…

  • Душанбе, Апр 03 2023

То намонад деги ҳастият зи ҷӯш,

Рав, матоъ арзон хару қиммат фурӯш!!!

 

Боз моҳи мубораку мӯътабари Рамазон ба кулли мусалмонони рӯи олам меҳмон аст. Лек тоҷирони " боинсофу боимону ҳоҷӣ-бовои" мо маҳз дар ҳамин моҳи муборак нархҳоро ба арши аъло мерасонанд, ки на ҳар муъмин бар ин нархҳо дастрасӣ дорад. Нархи молҳои ниёзи аввалия сар карда аз картошкаву пиёзу сабзӣ то гӯшту дигар анвои хӯрока хело боло рафтааст.

Аксарияти сокинон бар андешаанд, ки чаро савдогарон маҳз дар ҳамин моҳи хайру эҳсон нархро боло мебаранд? Зеро мардум пас аз гуруснагии рӯзона мехоҳад зимни ифтор ягон луқмаи бомазза истеъмол намояд ва маҷбур аст, ки барои рӯи хони хонадон хариди хубу босифат анҷом диҳад. Хонаводаеро шахсан медонам, ки моҳҳо гӯштро истеъмол намесозад. Лек маҳз ҳамин моҳ маҷбур аст то барои ҳифзи саломатӣ ва нигаҳдории қуввату дармон гӯшт бихарад. Фикр кун, хонандаи азиз, нархи 1 килограмм гӯшти гов пеш аз оғози моҳи шарифи Рамазон чанд сомонӣ арзиш дошту дар ин моҳ то чанд сомонии дигар боло меравад. Фарқият хело зиёд. Ҳоло ин танҳо нархи гӯшт аст.

Ба кӣ бовар кунем?

Мо ба хотири дақиқан муайян кардани гаронии нархҳои бозор ба МИҲД шаҳри Бохтар муроҷиат намудем. Масъули иқтисоду савдо Қурбон Вализода, муовини раиси шаҳр будаанд. Зимни муроҷиат ҷаноби Вализода моро "хуш" пазируфта, аз саволҳои мо канораҷӯӣ карда, моро сӯи бозори марказӣ раҳнамун сохтанд. Дигар чӣ монд? -Ррроҳ сӯи бозор.

Пушти дари утоқи раиси бозор Ҳ.Шерхонзода 15 дақиқа интизор шудем. Марди миёнасоли хушмуомила ва боодоб вориди утоқ шуда, моро хушомадед намуд. Ӯ танҳо аз андак боло рафтани нархи гӯшт ёдоварӣ намуда, мушкилро ба сари тоҷирон партофт. 

 Нархи маҳсулоти дигар ба монанди орд 1 кило 5-5,60 сомонӣ, тухм аз 1,20 то 1,70 сомонӣ, шакар то 10 сомонӣ барои 1 кило, шир аз 5 – 6 сомонӣ сари ҳар литр, сабзӣ то 5 сомонӣ барои 1 кило гарон шудаанд. Ин факту рақамҳо дар санаи 27.03.2023 дар маълумотномаи ҶДММ «Фаровон»-и шаҳри Бохтар дарҷ гардидааст.

Лек харидорон дар бозор аз болоравии ҷамиъи нархҳо шикоят доранд.

Ҳукумат чаро 30 сол хомӯш аст???

Дар маълумотномаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар вилояти Хатлон ин рақамҳо дигар чизро нишон медиҳад, он ҷо фарқият аз 20 дирам то 1 сомонӣ гаронтар аст. Мо ба кӣ бовар кунем?! Ҳукумат, Хадамот ё мардум?

Дар ҳолате, ки ҳамасола имону инсофи фурӯшандаҳо дар моҳи бахшоишу кушоиш ғайб мезанад, чаро ин ниҳодҳо ақаллан 1 бор дандон нишон намедиҳанд? Чаро 1 бозор, 2 тоҷир, 3 ҷаллоб, 4 қаллоб ба ҷавобгарии умум кашида намешаванд? То ба дигарон ШОЯД дарси ибрат гардад...

Ба назар мерасад, ки дар ҳукумат ҳатто дарк намекунанд, ки вазъи халқи оддӣ дар кадом поя қарор дорад. Чиновникҳо, вазирон, раисон, масъулин, ДЕПУТАТҳооо ақаллан худашон бозор мерафта бошанд? Ё гушнаро чӣ парвои сер? (Шумо ин масалро баракс хонед-дия!!!)  

 1 сорту дуюм сорт…

Ҳамаи ин нархҳо, ки дар боло ишора шуд, аз бозори марказии "Фаровон"-и шаҳри Бохтар мисол оварда шудаанд. Савдогарон арзиши маҳсулоти худро боз ба сифатноку дуюмдараҷа тақсим карда, нархҳои аввалиро қиматтар ва дуюмиро бошад каме пасттар маънидод мекунанд. Шоҳиди он гаштам, ки мардум бештар аз гаронии нархҳо гиламанд буда, аз ноилоҷии худ харидорӣ мекарданд. 

Чун қисмати барзиёди аҳолии мамлакати мо мусалмононанд, аниқ аст, ки рӯзаи фарзиро адо менамоянд. Вале чаро дидаву дониста маҳз мусалмонҳо бар бародарони худ дар ҳамин моҳи мағфират зулм карда, нархҳоро то осмонҳо мебардоранд!?

 Хайру саховат - намоиши бепул?

Чизи дигаре, ки дар моҳи шарифи рамазон мӯд шудааст, ин намоиши хайрот аст. Чун тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мебинем, нафаре бо 10- 20 кило маводи озуқаворие, ки барои оилаи ниёзманд хайрот медиҳад, онро ба таври худаш реклама менамояд. Ҷое гуфтаанд: ончунон хайр намо, ки агар ба дасти рост диҳӣ, дасти чапат хабар набарад. Лек аз ин гуфтаҳо мо фарсахҳо дурем. Барои он ки он намоише, ки мо бо некиву саховати худ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ менамоем чи суд аз онҳо.

Бархеҳо бар он назаранд, ки онҳо ин амалҳояшонро ба хотири озод шудан аз андоз менамоянд. Некии ҳар кас танҳо назди Худованд маълум аст, ки ба кадом хотир анҷом додааст.

Моҳи Рамазон худ мардумро аз ҳар гуна амалҳои нопок канор карда, инсонҳоро ба якдигарфаҳмӣ, якдилӣ ва нияти нек кардан даъват менамояд. Пас биёед, Инсон бошему Инсон бимонем!

 

Нуриддин Қосимзода, СССР,

вилояти Хатлон

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter