Қад 2 то чун шуд, ғами рӯзӣ 2 боло мешавад...
25.03.2023. Соат бо вақти Душанбе 10:00 дақиқа. Ҳайати эҷодии газетаи мардумии СССР ва Ютуб канали СССР ТВ имрӯз ба меҳмонии бошандагони Муассисаи давлатии «Хона – интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода», ки дар байни мардум бо номи «хонаи пиронсолони Батош» машҳур аст (ин хона – интернат дар ҳудуди деҳаи Батоши ҷамоати деҳоти Қаратоғ ҷойгир мебошад) омадем, то ин ки дар ин моҳи шарифи рамазон аз ҳолу аҳволи онҳо хабар бигирем. Зеро аёдати вомондагону пирону дардмандон низ яке аз расму русуми наврӯзӣ ва рамазонии аждодии мо буд. Мо Метавонем!
Хона – интернати интернатсионал
Тавре дар суҳбат бо мухбири СССР Ашӯралӣ Бобоев, директори Муассисаи давлатии «Хона – интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода» қайд намуд, айни замон дар ин ҷо 190 нафар истиқомат менамоянд.
Аз ин теъдод 115 мард ва 75 нафар зан, 28 нафар маъюбони гурӯҳи 1-ум, 53 нафар маъюбони гурӯҳи 2-юм ва 3 нафар маъюбони гурӯҳи 3-юм бо будубоши доимӣ фаро гирифта шудаанд.
Аз 190 нафар 96 нафар бошанда барҷомонда буда, хурду хӯроку нигоҳубини онҳо дар утоқ анҷом дода мешавад. Яъне хоҳарони тиббӣ онҳоро мехӯронанду мепӯшонанд, тозаву тамиз мегардонанд, ба ҳаммом мебаранду сару рӯяшонро пок ва орову шона мекунанд.
Дар 1 соли ахир бошад, 5 нафар бошандагон ба муҳити оилавӣ баргардонида шуданд, ҳоло онҳо дар оилаи худ зиндагӣ доранд.
Чизи дигаре, ки диққати моро дар ин хона – интернат ҷалб намуд, ин гуногунмиллат будани бошандагон аст:
- Ҳамин ҳоло дар хона – интернат 96 нафар тоҷик, 46 нафар рус, 25 нафар ӯзбек, 1 нафар немис, 10 нафар тотор, 1 нафар арман, 2 нафар қазоқ, 2 нафар туркман, 5 нафар украин, 1 нафар осетин ва 1 нафар мордов бо ҳам дӯстона ва тибқи қавонини нонавиштаи инсонӣ, ки поёнтар дар борааш хоҳем гуфт, зиндагӣ доранд.
Тақдири инсонҳои инҷо низ мисли худашон гуногун аст: нафаре пиру барҷомондаву бекасукӯй асту дигаре бемор, аз саввумӣ фарзандон рӯй гардонида ва ё имкони нигоҳубини падар ва ё модари худро надоранд (!?), ҳастанд нафароне, ки пас аз маҳбас омадаанд, зеро ҷойе барои рафтан надоштанд, маъюбону маълулон, ки имконияташон маҳдуд аст…
Кумитаи бошандагон ва тақсимоти одилона
Барои мо ҷолиб он буд, ки дар байни бошандагони хона – интернат Кумитаи бошандагон фаолият менамояд ва раҳбарии онро Умеҷон Валиев бар ӯҳда дорад. Умедҷон, ки 1 ҷавони хеле донишманд, тарбиятгирандаи хона – интернати кӯдаконаи Чорбоғ аст.Ҳамон хона – интернате, ки чанд сол пеш дар маркази ш.Душанбе оташ гирифта буд. Пасон хона – интернати Чорбоғро аз пойтахт берун бунёд намуданд, вале Умедҷон, ки дигар ба балоғат расида буд, бо ҳамроҳи оилааш, ки ӯ ҳам тарбиятгирандаи хона – интернати Чорбоғ аст, ба Батош омаданд:
-Духтари онҳо, бо пуштибонии бевоситаи раиси ҷумҳури кишвар дар синфи 6-ум дар Мактаби президентии ш.Душанбе таҳсил менамояд!!!
Чун гуфтем, Умедҷон, ки раҳбари Кумитаи бошандагонро бар зимма дорад, саъй мекунад тамомии мушкилоти мардумро то нарасидан ба маъмурият ва раҳбарият байни худ ҳал кунанд.
Фарзи мисол, касе бемор аст ё коре дорад, ё бояд барои хабаргирии хонавода ба шаҳрҳои Душанбеву Турсунзода ё Шаҳринаву Бохтар биравад, бояд пеш аз ҳама инро бо раиси Кумитаи бошандагон мувофиқа кунад. Ба ҳар 1 нафаре, ки аз муассиса берун мебарояд, маълумотномаи махсус, амсоли «увольнительная» дода мешавад. Дар он маълумотнома ҳатман рақамҳои телефони маъмурият ҳаст – кӣ медонад дар роҳ чӣ шуданаш мумкин!
Мушкилоти дигари мубрамро низ Кумита бо бошандагон ҳаллу фасл мекунад ва дар сурати лозима баъдан ба раҳбарият муроҷиат менамоянд.
Баробарӣ ва баробарҳуқуқӣ дар инҷо пойдор аст! Ҳар чизе, ки аз тарафи шахсони саховатпеша оварда мешавад, байни ҳама бошандагон баробар ва одилона тақсим меёбад. Сари дастархони хӯрок низ адолат побарҷост – байни 4 нафари нишаста нон, чой, компот, қанду шоколад ва мева баробар тақсим карда мешавад ва муҳимтар аз ҳама ҳар кас ҳаққи худро мехӯрад!
Тӯйи Ҳусейнбою Фарзона
16.03.2023. Аккурат 10 рӯз пештар аз омадани мо, дар хона – интернат тӯйи арӯсию домодии 2 бошанда Ҳусейнбой ва Фарзона баргузор шуд. Тавре бошандагон нақл карданд, тӯйи ин 2 ҷавонро директори муассиса Ашӯралӣ Бобоев дар муддати 1 рӯз бо шукӯҳ ва шаҳомати хосса ташкил намуд.
Ҳусейнбою Фарзона низ мисли аксари бошандагони ҷавон бо ҳамдигар дар хона – интернати ш.Панҷакент 7 сол пеш ошно шуда, пасон тақдир онҳоро ба хона – интернатҳои Деҳмою Бохтар бурда, билохира ба Батош овардааст. Ҳусейнбой Алиев зодаи н.Деваштич буда, аҳли оилааш имрӯз дар ин ноҳия зиндагӣ доранд. Фарзона бошад ятим ба воя расидааст.
Ашӯралӣ Бобоев барои онҳо хонаи алоҳида ҷудо намуда, бо мебели лозима муҷаҳҳаз кард, сару либоси арӯсию домодӣ ҳадя намуд, хони идона орост, ҳофиз низ овард, ки офаринаш бод.
- Зане хубтару зеботар аз ин бонуи ман ёфт намешавад! Ман ҳамин ҳоло худро хушбахттарин марди дунё меҳисобам ва шукр мекунам, ки бахт маро ва ман бахтамро ёфтем!!! - мегӯяд дар суҳбат Ҳусейнбой.
Навори пурра суҳбати ин арӯсу домоди нав дар Ютуб канали мо СССР ТВ гузошта шудааст ва шумо метавонед онро тамошо кунед. Мо Метавонем!!!
Дар умум дар ин хона – интернат 13 оила зиндагонӣ мекунад, ки ҳамагӣ дар ҳамин мавзеъ ҳамдигариро интихоб кардаанд...
Дуо барои Нурулло Алиев
Исуфалихон Одинаев, бошандаи дигари хона – интернат зимни суҳбат аз Нурулло Алиев, паҳлавон ва размкори тоҷик дар муҳорибаи омехта (UFC), ки чанде пеш меҳмони хона – интернати Батош шуда, барои бошандагони ин ҷо хони идона орост, ёд овард.
- Мо ҳамеша дуогӯи Нурулло Алиев ҳастем, бисёр ҷавонмард будааст, раҳмат ба падару модараш барои тарбияи чунин фарзанд. Омада аз мо дуо гирифт, Худо кунад, ки ҳамеша ғолиб ояд паҳлавони номии тоҷик, - таъкид медорад Исуфалихон Одинаев.
Моҳбону ва Мунаввара
Дар ин ҷо бо 2 зане ошно гаштем, ки ҳарду ҳунарманданд. Яке аз онҳо холаи Моҳбону Шарипова, зодаи ш.Кӯлоб буда, зани зиндадилу хушчақчақ аст. Ӯ аз риштаи мӯйина ҳар гуна ороиш барои рӯи мизу курсӣ ва зергулҳо (ваза) мебофад.
- Аз бекорӣ кадукорӣ, гуфтаанд. Шукри ҳукумату давлати азизамон, ки аз ҳеҷ чиз камӣ надорем, ҳар рӯз рақсу бозӣ, оши палаву ширинӣ ҳаст – мардуми саховатпеша хеле зиёд хайр мекунанд. Ман барои зебоӣ ҳунармандӣ мекунам ва бо нархи рамзӣ 5-10 сомонӣ ба хоҳишмандон маҳсулоти корамро мефурӯшам, - иброз медорад холаи Моҳбону.
Ҳамсуҳбати дигари мо Мунаввара Безминова мебошад, ки танҳост. Ин зан ҳам майлу рағбат ба бофтану дӯхтан дошта, барои кӯдакон жемперу ҷӯроб ва кулоҳ мебофад. Вай низ маҳсулоти ҳунари дастии хешро ба он нафароне, ки ба аёдат меоянд, бо нархи рамзӣ пешкаш мекунад.
Дар девори утоқи Мунаввара акси Холзода Абдулҳаким Қувват, директори Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ насб карда шудааст, ки дастгиру пуштибони ҳамешагии ин пири танҳост. Мунаввара мегӯяд:
«Я на него смотрю и мне хочется жить!».
Аксарияти бошандагон аз амалҳои неки Абдулҳаким Холзода ёд мекунанд ва таъкид медоранд, ки маҳз Абдулҳаким Холзода ба аёдати онҳо бештар аз ҳама омада, дар баргузории тӯю сур ва ё маросими мотаму ҷанозаи бошандагони ин макон саҳми зиёд мегузорад...
«Хабарам гир…!»
Бошандагони Муассисаи давлатии «Хона – интенати шаҳри Турсунзода», ки зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои Ҷумҳури Тоҷикистон аст, аз ҳеҷ чиз камие надоранд. Лаби дарё, хонаҳои алоҳидаи барҳаво, 3-4 маҳал хӯрок, шириниву қанду қандалот, кату мизу курсиҳои бофароғат, хоҷагии ёрирасон, дарахтони сояафкану мевадор, ҳавзу ҳаммому сартарошхона ва муҳимтар аз ҳама хайру сахову базму тараб-ёри ҳамешагии онҳост. Агар гӯем биҳишти солдидаҳоро мемонад ин макон, хато намекунем.
Бошандагон, шукронаи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳеҷ чиз камие надоранд. Вале !!! Онҳо ба лутфу меҳру навозиши аҳли оила ва хешовандону пайвандон сахти сахт ниёз доранд! Пас, биёед дар ин моҳи шариф, тӯҳфаи беҳтарини хеш, суроғу дилвардории наздиконро аз ишон дареғ надорем.
Мардум! На танҳо дар ин хона – интернат, балки дар тамомии мактаб – хона – интернату беморхонаву ятимхонаҳо ёру бародар, модару хоҳар, аммаву хола ва Падару Модар доред, ҳатман аз ишон хабар гиред! Онҳо ба хабаргирии мову шумо эҳтиёҷ доранд! Мисли оне, ки холаи Моҳбону Шарипова вақти хайрухуш пайваста такрор мекард:
«Духтарҷон! Хабарам гир….!».
Ҷамила Ҳусейнова, хабарнигор,
А.Собир, суратгир.
Душанбе –Турсунзода – Душанбе