ХАБАРИ ДОҒ

(ё чи гуна Фейсбуки Сукерберг расонаи расмии вазири маориф шуд)

 

ВОКУНИШ БА МАТЛАБЕ ТАҲТИ УНВОНИ “КАРТОШКАҶАМЪКУНӢ – ТАЛАБИ НАВ ДАР МАКТАБ”

(“СССР”, 16.03.2023, №10-11)

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкориҳои беғаразона бо ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ қаноатманд буда, ҳамеша навиштаҳои онҳоро пайгирӣ менамояд ва камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаро бартараф мекунад.

Вазорат матлаби дар ҳафтаномаи “СССР” нашршударо таҳти унвони “Картошкаҷамъкунӣ – талаби нав дар мактаб”, ки дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” низ бознашр гардида, дар он бар иддаои раиси маҳаллаи Роҳи нави ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш, Идибек Пириев дар МТМУ №47-и ноҳияи Вахш аз хонандагон картошка талаб карда, дар ҳолати наовардани картошка онҳоро намегузоранд “ба дарс дароянд”, пайгирӣ намуд.

 Матлаби мазкур дар ҷаласаи назди муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода бо иштироки мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ва директори МТМУ №47 мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт.

 Маълум гардид, ки МТМУ №47-и ноҳияи Вахш соли гузашта бо маблағи 8 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Даврон Ҷӯраев бозсозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар муассиса ягон хонанда барои наовардани картошка аз дарс пеш карда нашудааст. Қайд бояд кард, ки дар ноҳияи Вахш барои ҳар 1 муассисаи таълимӣ 0,5 то 1 гектар замин барои кишти картошка ҷудо карда шудааст, ки ҳосили он ба муассисаи таълимӣ ва омӯзгорон дода мешавад.

Ҷамъоварии пули ҷорӯбу сатилу латта дар муассисаи мазкур асоси воқеӣ надошта, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва ғизои маънавӣ гирифтани онҳо обуна шудан ба нашрияҳои соҳавие, ки мазмуну муҳтавояшон ба синну соли хонандагон мувофиқ аст, тавассути Кумитаи падару модарон ба роҳ монда шудааст. Тибқи дастури вазири маориф ва илм танҳо Кумитаи падару модарон метавонад ба намоиши барномаҳои театрикунонидашуда берун аз вақти дарсӣ иҷозат диҳад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан аз ҷониби шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш вокуниш ба матлаби мазкур ба идораи ҳафтаномаи “СССР” ирсол гардида буд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Аз идора: Муҳтарам кормандони маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон! Аввал ин, ки вокуниши расмиро тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №622 бояд шахси якум, яъне вазир имзо карда, он ба идораи рӯзнома ирсол гардад.

Дуввум он ки вокуниши шуморо вобаста ба шикояти шаҳрванд Идибек Пириев идораи газетаи СССР  вақти омода шудани матлаб дастрас кардааст ва нашри вокуниш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бидуни огоҳии редаксия аз рӯи одоб нест!

Бояд гуфт, ки гуруҳи «Ахбор барои афкор» ва шабакаи иҷтимоии Фейсбук расонаи расман эътирофшуда ва бақайдгирифташуда нест, ки шумо ба он посух бигӯед ё дар вокуниши расмӣ номи ин гурӯҳро биёред!

Дигар ин, ки мақсади мо танқид ё таҳқири муаллим набуд (шумо матлабро ингуна пешниҳод кардед!), балки нишон додани проблема ва ҳалли он аст, ки бояд пешгирӣ карда шавад.

Чорум, дар идораи газета сабту навори суҳбат бо хонандагони картошкаовару муаллимони картошкаҷамъкун маҳфуз аст ва мо рӯзҳои наздик онро гузориши видеоӣ намуда, дар Ютуб канали хеш - СССР ТВ нашр хоҳем кард! Мо ҳеҷ гоҳ бидуни факту рақам ҳарф намезанем ва дуруғгӯ баровардани газетаи мардумии СССР, ки тайи 15 соли фаъолият дар саргаҳи набардҳои итиллоотӣ қарор дорад, аз рӯи оини ҷавонмардӣ ва ҳамкорӣ нест.

Боқӣ саломат бошед ва камбудиҳоро бартараф кунед! Мо метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter