ХАБАРИ ДОҒ

 

(румон)

 (Ба Гулчеҳра Фозилова бахшида шуд)

 

Эпиграф

Меравам!

Меравам, ҳамчун азизи бовафоят,

 Душманатро дӯст медорам ба ҷоят!!!

 (Гулрухсор)

 

Ҳушдор:

Факту арқом, ному насабҳо, гузоришу қисматҳо бофташудаанд. Мутобиқати ҳодисаву воқеот ба фантазияву тахайюли ҳар хонанда бастагӣ дорад. Мо Метавонем!!!

 

Пролог: корҳавас

Ӯ хеле зебо буд! Ин зебоӣ сабаб шуд, ки ӯро бидуни такудав ба кор гирифтанд. Дар редаксия гулеро мемонд, ки атрофаш 10 ҷавони муҷаррад ва навқалами «Комсомоли Тоҷикистон» булбулнамо мепариданд. Вале Ӯ бо ҳама яке буд. Чун бо бародарони худ. Ва зуд, чу диданд, моли ҳич кадоме намешавад, журналистон ӯро хоҳар хонданд.

Вале Ӯ вайро диду бо 1 назар ошиқ шуд. Чун даврон овони гашту гузору мулоқот ва «свидание» набуд, солҳои нангу номусдории мардони тоҷик буд, вай ба хонаи Ӯ оқсақол – хостгор фиристод.

Хостгоронро модараш пазируфта, ризоияти Ӯро пурсид. Ашки чашмон, нигоҳи гурезон ва остини зери дандон гувоҳӣ дод бар модар, ки духтар розист. Тӯй шуд...

 

Боби 1. Интизории аввал

Вай ба Афғонистон рафт. Ӯ бошад, тули 2 сол бо ашки 6 қатор ва қалби пуризтироб роҳи вайро мепоист. Омад. Пул кор карда буд. Мошини ГАЗ-24, пештарин автои даврони советиро харид. Ғурураш дар ҷӯш буду фукаш дар осмон, буруташро табар намебурид ва бо ин салобат бар ишқи Ӯ 1 бар 100 меафзуд. Вале 1 чиз ба ин оилаи хушбахту намунавӣ намерасид: фарзанд...

 

Боби 2. Интизории дуввум

5 соли дигар интизорӣ кашид. Ҳомила нашуд, ки нашуд. Шояд ин стресси интизории қаблӣ буд? Номаълум. Вале вай фарзанд мехост, писар мехост, меросбари ин давлату савлат, мошину кату кӯт мехост. Чизе, ки ӯ дода наметавонист. Ҷои оне, ки Ӯро табобат кунад, дигар шарт гузошт. Бо ризоияти Ӯ вай зан гирифт. Зани 2. Барои зоиш...

 

Боби 3. Интизории сонӣ

Зани № 2 зоид! Хурсандии Ӯро канора набуд, ки дӯстдораш соҳиби писар шуд. Бигзор аз зани дигар, вале падари ин тифл вай аст, ишқи Ӯст охир. Аммо хурсандияш дер напоист. Боғчон, ки фарзанддор шуд, мавқеаш боло рафт ва талаб кард, ки вай аз Ӯ тамоман бибурад. Омад ва гуфт, бе писарам наметавонам:...талоқ...

 

Боби 4. Интизории тӯлонӣ

30 сол дошт! Барвақти бад бева монд. Ваҳ, кӣ гуфт хушдорҳош набуданд? Буданд! Ва хеле фаровон. Вале Ӯ бовар дошт, ки вай пешаш бармегардад. Ва сабр кард. 40 сол интизори вай нишаст.

Баргашт. Баъди 4 даҳсола. Зани №2 мурд, фарзандон парвояш надоштанд ва вай тавба бар лабу ресмони пушаймонӣ бар гардан, пешаш омад. Гуфт, ин ҳама сол ҳамин рӯзро интизор буд. Бо ёди Ӯ ба сар мебурд...

 

Эпилог: Интиқом

Дурӯғ мегуфт. Пеши Ӯ 1 мӯсафеди дардманди бознишастае меистоду дурӯғ мегуфт. Зеро агар дӯст медошт, дар тули 40 сол, ақаллан 1 боракак занг мезад, меомад. Охир Ӯ мунтазири ҳар шарфаи пойи вай 14600 шаби баҳисоб роҳ мепоист.

Не, ин вай набуд, ишқи Ӯ набуд. Ин каси дигар буд. Ё шояд вай умре чунин буду Ӯ инро аз сари муҳаббати қавие, ки дошт, намедид? Дилаш баякборагӣ сард шуд. Гуфт, не, ман барнамегардам!!!

Мӯсафеди пири кӯзала бо ҳасрат баромада рафт...

Дилаш хурсанд шуд. Шод гашт, ки то таки 70 - солагӣ мунтазир нишасту Худо вайро пушаймон пешаш овард. «Неъ!»-и Ӯ интиқомаш аз ин марди пире буд, ки ҳаёташро сӯхт, ҷавонияшро ба бод дод, дар айни авҷи шубоб хиёнат карду дар чорроҳаи зиндагонӣ, 1 бевазани нозанини ҷавонро тани танҳо гузошт.

- Очаҷон, чӣ ба фикр фуру рафтӣ?

Садои 3 шербачааш, ки баъди 30-соли танҳоиву раҳпоӣ, ахиран аз сағирахона гирифтаву тарбият кардааст, ӯро ба худ оварданд. Писаронаш 14, 12 ва 10 солаанд. Ашки чашмашро пок ва қоматашро рост намуд.

Нахустин бор бар оина дида дӯхта, дарк кард, ки ҳоло ҳам зебову гулчеҳраву гулпайкар аст. Ҳатто қоматаш аз будаш баландтар менамуд!

Баъди 40 сол, бо шубҳаву ҳаваси синасӯз на, ки бо бовари том бар ояндаи нек, сӯи берун гом бардошт. Дар кӯча Баҳор медамид ва муғчаҳо сӯяш табассум мекарданд...

Сайёфи Мизроб

Аз муаллиф: Дар замонае, ки мардум камхону ахбори зудрас шудааст, румону повесту ҳикоя низ шакли кутаҳу ихчам бояд бигиранд.

Мо Метавонем!

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter