ХАБАРИ ДОҒ

«Консерти Зинда» ва сарпараст...

  • Чоршанбе, Апр 05 2023

 

Устоди устодони сухангустарӣ ва бузургтарин маъносаройи муосир, Файзалӣ Ҳасанови нозанин занг задаву гуфт:

- Ман узви ифтихории Ихвон ал СССР-ам. Зеро ҳамеша бо хонандагону мухлисони бешумори ин газетаи мардумиям. Ҳамакнун 1 байте дарёфтам, ки посухгӯи мушкили мактабу мадрасаи имрӯзист ва онро бар самъи масъулини вазорати маориф ва илми кишвар мерасонам:

Эй маориф, рӯй бар таълими даври кӯҳна кун,

Ин ҷадидтаълим 1 чизи наве бар мо надод!!!

Файзалӣ Ҳасанов дар охири сӯҳбат гуфт, ки баъди пахши навораш дар саҳифаи фейсбукии Саъдии Маҳдӣ, дар сар ҳавои «1 консерти зинда дорад!», вале барои амалӣ кардани ин ормонаш ба спонсор ё худ сарпарасти фарҳангӣ ниёзест, то ақаллан маоши навозандагонро бупардозад. Дигар боқии консерт ройгон пешкаши аҳли маънӣ мегардад ва ин тӯҳфаи устод бар суханпарасту маънигустарони Тоҷикистон хоҳад шуд...

Аз СССР: Мардуми фарҳангхез ва сахокор. Майдон аз далер аст! Закоту хайру садақаву фитри рӯза ба фонди фарҳанги миллӣ резед ва устодро дар ин азми хайр «Баргузории Консерти Зинда» дастгирӣ кунед. Хайратон пеши Худо мақбултар хоҳад буд. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter