Парвина Расулова, хонандаи доимии газетаи мардумии СССР меҳмони идора шуда, гуфт, ки мехоҳад мардуми сарбаланди тоҷикро бо ҷашни аҷдодии Наврӯз табрик намуда, назари худро роҷеъ ба санъати миллӣ баён кунад.
- Ҳафтаи равон тариқи телевизион сурудҳои ҳунармандони ҳирфаии саҳнаи тоҷик Саидқул Билолов, Давлатманд Холов ва Ҷовидон Нозимовро гуш карда, 1 ҷаҳон илҳом бардоштам. Махсусан овози Давлатманд Холов бемисл аст. Сурудро тавре ба шунаванда мерасонад, ки шунаванда аз он роҳат мебардорад. Сипос, ки шумо ҳастед ва санъати асили тоҷикро муаррифӣ менамоед, вагарна бо баъзе аз сарояндагони хасакӣ ва туйгард фарҳанги мо ба боди фано меравад.