31.03.2023. Соат бо вақти Душанбе 14:00 дақиқа. Азми Балҷувон дорем. Бо ҳамкорамон - наворбардор А.Собир ба терминали «Озод транс» воқеъ дар километри 9-ум, назди дарвозаи ғарбӣ омадем. Аммо ин ҷо маълум шуд, ки таксиҳо ба сӯи Балҷувону Ховалинг аз терминали дигар, ки дар шафати дарвозаи ҷанубӣ аст (Чимтеппа) мерафтаанд. Маҷбур ба автобуси №2 нишаста, аз он тарафи шаҳр ба ин тарафи пойтахт омадем. Автобус бо тамомии ҳаракати томаш дар тӯли 1 соату 35 дақиқа моро ба ин канори ш.Душанбе овард.
Барои мо 1 чиз нофаҳмо монд – чаро аксарияти таксиҳо ба самти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб аз терминали «Озод транс» мераванду ба ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг бошад аз терминали дигар? Оё хуб нест, ки ҳамаи ин хатсайрҳоро дар 1 терминал мутамарказ кард? Он чизе, ки мо таҷриба кардем, воқеан саргардонист!!! Мо ҳатман дар шумораи баъдӣ ин мавзуъро пайгирӣ хоҳем кард.
Чун нимаи дуюми рӯзи ҷумъа буд, мардум зиёду мошин кам шуд. Бо ронандае суҳбат намуда, ба мошин нишастем. Роҳкиро аз Душанбе то Балҷувон барои 1 нафар 70 сомонӣ. 1 соати дигар лозим шуд то ронанда аз кӯчаҳои гуногуни пойтахт убур карда, моро ба дарвозаи ғарбӣ барорад – ду 15 як 30 шуд! Ҳамон роҳи рафтаро дубора баргаштем! Мо Метавонем!!!
Балҷувони ободу зебо
Шояд ҳаво салқин буд ё роҳ ҳамвор, ки ронандаи мошин ҷавоне бо номи Қурбоналӣ, моро дар муддати каме беш аз 3 соат то ба маркази н.Балҷувон оварда расонид. Аз табиати роҳ дар ҳақиқат лаззат бурдем, ҳама ҷо сабз, талу теппаҳо гулпӯш, нафаси тозаи баҳорӣ ба кас роҳат мебахшид.
Ҳушдори самимӣ: Агар фурсат доред, дӯстони азиз ҳатман дар ин фасл ба Балҷувон биёеду аз табиати нотакрори он ҳаловат баред. Ҳавои тозаи ин диёр худ 1 сарват аст!
Шабро дар 1 меҳмонхонаи нави маркази ноҳия рӯз кардем. Меҳмонхонаи замонавӣ, барои сайёҳ ё меҳмон ба ҷуз ҷойи хоби бароҳату оби гарму ТВ ва 1 пиёла чой дигар чи лозим? Ҳаст ва нархаш ҳам бад нест – шабе 100 сомонӣ.
01.04.2023. Соат бо вақти Балҷувон 07:11 дақиқа. Маротибаи охир ман ба н.Балҷувон 10 сол пеш омада будам: 1 қишлоқи вайронаву бе роҳу бе коммуникатсия. Имрӯз маркази ноҳияро нашинохтам – биноҳои нав, тарабхонаву меҳмонхонаҳои бисёр, маҷмааҳои хизматрасонӣ, кӯчаҳо тозаву озода, шабонгоҳ бошад Балҷувон мисли рӯз равшан аст. Тӯли чанд соли ахир даҳҳо бинои маишиву маъмурӣ қомат афрохта, имрӯз шаҳракро оро медиҳанд. Қалъаи «Беки Балҷувон», ки ҳоло дар он корҳои таъмиру таҷдид давом дорад, ба маркази ноҳия ҳусни хосса зам кардааст. Чанд нафар аз кормандони бахши коммуналӣ кӯчаву пиёдагардҳоро мерӯфтанду марде аз паси онҳо партовҳоро ҷамъ карда, мебурд.
Хулоса, интизор надоштам, ки чунин ободиву зебоиро мебинам.
384 иншоот дар 1 кӯҳманзар
01.04.2023. Соат бо вақти Балҷувон 08:00 дақиқа. Ба МИҲД н.Балҷувон омадем. Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ, раиси ноҳияи мазкур моро хеле самимона пешвоз гирифт ва дар саҳни бинои ҳукумат дар бораи ободониҳои ин мавзеи зебои кишвар гуфт. Тавре зимни суҳбат мавсуф иброз дошт, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи мазкур 384 иншооти ҳаётан муҳим бунёд ва азнавсозӣ карда шуд.
- Аз он ҷумла, 11 муассисаи таълимӣ, 1 кӯдакистон, 1 Қасри фарҳанг, 1 гулгашт, 1 боғӣ фарҳангӣ, 1 Маркази бонувон, 11 бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст, 1 маркази саломатӣ, 1 дорухона, 1 толори варзишӣ, 9 майдончаи варзишӣ, 1 майдончаи бозии кӯдакон, 5 меҳмонхона, зеро н.Балҷувон ноҳияи сайёҳӣ ва гардишгарӣ аст, 25 маркази савдо, 16 маркази хизматрасонӣ бунёд карда шуд. Ба ғайр аз ин мо бо мусоидати соҳибкорону худи мардум 3 пулро азнавсозӣ намуда, 75 қитъаи роҳҳои маҳаллиро таъмиру барқарор кардем. Дар 87 мавзеъ хати оби нӯшокӣ кашида шуда, 2 кӯча чароғон гардид, ин танҳо бархе аз корҳост. Ҳоло мо ба ҷашни дигари миллӣ - 35 солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат омодагӣ дорем, - афзуд Бахтиёр Сафарзода.
Сокинон, хосса бошандагони биноҳои 2-ошёна шод аз онанд, ки бо ба ҳайси раиси ноҳия омадани Бахтиёр Сафарзода мушкили об дар маркази ноҳия ва деҳаҳои наздик ба куллӣ ҳал шудааст. Шояд ба он хотир, ки Бахтиёр Сафарзода то омадан ба вазифаи раиси ноҳияи Балҷувон дар КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» кор карда, мутахассиси хуби таъминоти об ва корез аст. Ӯ на танҳо дар Балҷувон, балки дар 68 шаҳру ноҳияи кишвар медонад, ки проблемаи об дар куҷост!
Имрӯз сокинони биноҳои истиқоматии Балҷувон, биноҳои маъмурию маишӣ ва меҳмонхонаҳо аз оби тоза фаровон истифода мебаранд, муҳимтар аз ҳама бе меъёр...
257 лоиҳаи ҷашнӣ
Бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар н.Балҷувон бунёд ва азнавсозии 257 иншооти муҳимро ба нақша гирифтааст.
- Тибқи нақша то соли 2026 мо бояд дар ноҳияи 20 адад муассисаи таълимӣ, 15 адад муассисаи тиббӣ, 12 адад корхонаи саноатӣ, ки хушбахтона аллакай пурра ба фаолият шуруъ кардаанд, 23 маркази савдо ва хизматрасонӣ бунёд намоем. Инчунин тасмим гирифтаем дар 16 қитъа хати оби нӯшокӣ ва дар 17 қитъа хати барқ кашем, дар 40 қитъа таъмиру навсозии роҳҳоро ба анҷом расонем, - таъкид дошт раиси ноҳияи Балҷувон.
Бояд гуфт, ки дар сарзабзӣ ва ободии ин диёри куҳан бешак саҳми Давлатзода Нусратулло Муқим, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷӯмҳурии Тоҷикистон, ки раҳбари гурӯҳи корӣ оид ба омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар н.Балҷувон аст, назаррас буда, мардум аз ӯ минатдоранд.
MadeinBaljuvon
Фаолияти 12 корхонаи саноатӣ дар н.Балҷувон барои мо воқеан ғайричашмдошт буд. Дар байни ин корхонаҳо 2 корхона ба коркарди гиёҳҳои шифобахш, ки дар сарзамини Балҷувон фаровон аст, машғуланд ва аллакай маҳсулоти хеш – хуч, донаи каду, алафи ботлоқӣ, гиёҳи чойкаҳак, соқа ва гардгираки ҷуворӣ, гули бобунаро коркарду бастабандӣ намуда, ба бозори ватанӣ бароварданд. Дар ин баробар корхонаҳо маҳлули спиртӣ низ истеҳсол мекунанд. Агар нафаре, ки боварӣ дошт, ки ҳеҷ гоҳ Балҷувон чизе истеҳсол намешавад, пас хато кардааст. Маҳсулоти MadeinBaljuvon алакай дар савдост!
Ба ғайр аз ин корхонаҳои истихроҷи нафт, коркарди сангу шағал ва маҳсулоти дигари сохтмонӣ низ фаоланд.
Мактаби нав дар Олучадараи Боло
Чун шунидем, ки раиси ноҳия ба яке аз деҳаҳои дурдаст – Олучадараи Боло роҳ пеш гирифтанист, мо ҳам ҳамроҳ шудем. Олучадараи Боло деҳаи хурд буда, аз шоҳроҳи Душанбе – Ховалинг дар масофаи хеле дур ҷойгир аст. Баъзе мегӯянд беш аз 30 км масофа аст, вале ин 30 км-ро агар аз бероҳа равед, ба назар 100 км менамояд.
Ба он деҳа, ки роҳи басо душвор дорад, рафтуомад худ 1 қаҳрамонист. Вале ҳастанд ҷавонмардони бонангу номуси тоҷик, ки новобаста аз дурӣ ва мушкили роҳ, талош намуданд, ки дар ин деҳаи дурдаст мактабу бунгоҳи тиббии нав созанд. Раиси ноҳия барои изҳори ташаккур кардан ба назди мардуми ин деҳа рафт. Ҷавоне бо номи Рустам (насабашро нахост бигӯяд ва шояд ҳам дуруст бошад, чун хайр кардӣ, бояд касе нафаҳмад) азм кардааст, дар ҷойи мактаби кӯҳнаи деҳа, ки ибтидоӣ буда, 30-40 сол пеш сохта шудааст, мактаби наву замонавӣ бунёд намояд ва ҳамин корро ҳам кард- мактаби нав сохт!
Рустами Замони мо инчунин ният кардааст дар шафати мактаби нав 1 бунгоҳи тиббӣ ва 1 майдончаи варзишӣ низ бисозад, ки офаринаш бод. Овардани масолеҳи сохтмонӣ ба ин гӯшаи дурдасти мамлакат худ 1 имтиҳон аст, мактабсозӣ бошад қаҳрамонист. Офарин Рустами Достони даврони мо!
Сокинони деҳа, ки беш аз 50 хоҷагиро ташкил менамоянд, умедворанд, ки пас аз истифодаи расмӣ мактаб аз таълими ибтидоӣ ба миёна, яъне таълими 11 сола хоҳад гузашт. Зеро хонандагони аз синфи 5-ум боло барои идомаи таҳсил ба мактабҳои деҳаҳои дигар, ки дар масофаи 7-10 км ҷойгиранд, мераванд.
Гузоришҳои дигари видеоии ҳайати эҷодии газетаи СССР ва ютуб канали мо, хосса қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси н.Балҷувон Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ дар Ютуб СССР ТВ гузошта шудаанд, марҳамат, балҷувониҳои сарбаланду сарбадор дароед ва тамошо кунед. Мо Метавонем!!!
Ҷамила Ҳусейнова, СССР,
А.Собир, суратгир,
Душанбе – Балҷувон – Душанбе,
31.03. - 01.04.2023