31.03.2023. Соат ба вақти Душанбе 18:37 дақиқа. Одили Нозир, яке аз беҳтарин журналистони кунун, ки шахсан банда иззаташ мегузорам, дар маҳфиле, ки ҳам нақши ифтор дошту ҳам дар таърифу тавсифу ифроти ҳузури андешамандони давр ғуттавар, ногаҳ эътироз намуд, ки «эй, Сайёфи Мизроб, шунидам эроде бар маъруфтарин ғазале, ки ҷумла тоҷикистониён хоҳ-нохоҳ медонанд, доштаед, пас чаро онро расонаӣ намекунед? Ин хоҳиш не, супориш аст ва медонам, ки СССР дархосту амру супориши хонандаро иҷро мекунад. Зимнан чун хонандаи СССР ба сардабир супориш медиҳам, ин ғазалро тафсир кунад, то хатои дар 10-сӯма (10 сомона дар назар аст) рафта ислоҳ шавад. Ба вежа дар мавриде, ки Бонки Миллӣ ва Вазорати Молия ҳушдор медиҳанд, ки чанд купюра иваз шудаву дар шакли ҷадид ва навтарин бознашр мегардад...
Ифторро гуфти Бобои Ғулом «заҳри баданамон кард, ин Одил». Вале чӣ илоҷ? Супориши хонанда бар мо амр аст. Пас ррраафтееммм.
...Сухан сари ҳамон ғазали маъруфе меравад, ки дар кисаи ҳар хонанда ҳаст. Даст ба ҷайб бубар! Нест? Ва агар ҳам нест, пас раву ба даст бигир ва ин мисраъҳоро бихон ё нигар ба акс:
Ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар - ӯро ёр бод,
Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархурдор бод...
Пеш аз оне, ки дар бораи ин байт ҳарфе занем, 1 муруре мекунем ба таърихи тасаввуфия. Дар адабиёти клоссик бисёр муршиду пешвову шайху соликоне будаанд, ки номашон замину замонро меларзонид. Вале ба таҳқиқ ҳама онҳо камари ҳиммат бар хидмати бузургтарин шайхи ворастаи Тоҷику форс, ки парчами Исломро бар боми олам васл кардааст, яъне Боязиди Бистомӣ, барбастаанд. Байт:
Ҳар кас, ки рӯ ин сӯ кунад, бо Боязид ӯ хӯ кунад,
Ё дар Саноӣ рӯ кунад, ё бӯ диҳад Атторро!!!
Яъне ҳама ёРони Боязид аҳли тасаввуфанд (дар ҳарфи калон омадани «Р» хатои техникӣ нест-ин рамзист, ки баъд ташреҳ медиҳем). Ва ровиёни асрори малакутӣ ва низ соҳибпиндорони даврону воқифони асрор медонанд, ки Боязид 3 бор кӯшиши ҳаҷҷ ва умра кардааст ва ҳар 3 бор аз нимароҳ баргаштааст.
Байт:
Сӯи Каъба шайхи уммат Боязид,
Аз барои ҳаҷҷу умра медавид!
Аввалан ӯ дар Мадина модарашро ба хоб мебинаду сари маҳмил аз Макка баргардонида, ҳузури Очаҷонаш мешитобад (бузургии модарро бин, хонандаи модарситез! Ва агар ин сутурро хондиву модарат зинда аст, бархезу ба аёдаташ шитоб, ки зиёрати ҳаҷҷ дармеёбӣ! Ва агар нест, ба арвоҳаш дуое бубахш!!!).
Бори 2-юм Боязид марде фақирро мебинаду пулхарҷи ҳаҷҷашро ба ӯ медиҳад ва гирдаш 7 бор давр мезанад ва бармегардад, ки ҳаҷҷам қабул шуд (акнун дидӣ, хонанда, ки соате Президенти ҶТ мегӯяд, ҷои ҳаҷҷ ва расходи барзиёд дасти ниёзманде бигиред, ҳаҷҷатон қабул аст, шумо бовар надоред. Инро танҳо Президент не, нафаре мегӯяд, ки «Дахл ул Ҳарам» аст!).
3 –вумин бор вақте Боязид аз Бистом берун мешуд, зангие маст бо шамшери бараҳна пешаш мебарояд, ки ту гӯӣ дар ҳаққи ӯ шоир гуфта:
Теғ додан бар кафи зангии маст,
Беҳ, ки илме нокасе гирад ба даст!!!
Ва он негр ба Боязид мегӯяд, баргард, вагарна сарат бо ин шамшер биандозам, ки «Худо дар Бистом асту ту Макка меравӣ?!»...
Зангӣ ишорат бар худи Боязид дорад, ки ту худ худоӣ ва ба Худ О ва зиёрати хонаи Ӯ чаро меравӣ? Хавотир машав хонанда, мо аз мавзуъ дур нарафтаем. Ва ана дар ҳамин мавзеъ, ки Боязид қарор дошт, сӯфиён «АналҲаққ» мезаданд. Мансури Ҳаллоҷро дар ҳамин ситуатсия сангсор кардаву ба дор кашидаву оташ задаву дар Даҷла афганда буданд. Ин водиест, ки на ҳар кас тоби онро дорад. Зеро дар ин водӣ сӯфӣ ёРи Худо мешавад. Ва ҳар касе ёРи ӯст, Ёри Худо низ ҳаст. Зимнан ҳазрати Амирҷон ана ҳамин мавзеъ ва мавзуъро дар назар дорад, ки мегӯяд:
- Ҳар кӣ моро ёРРР кард, Эзид мар - ӯро ёр бод!!!
Ёд кардан сифати «манӣ» дорад ва ҳар касе ман-манӣ кард, ҳеҷ гоҳе поку вораста нашуд. Зимнан Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1314-1385) наметавонист бигӯяд, «эй мардак, то маро ёд накунӣ, Худо ёри ту намешавад!!!». Ин корро имрӯз муллоҳои салафиву алафӣ ва эшону шайхтемурҳои авомфиреб мекунанд, ки ҳаргиз бар пойбӯси қадамҷои сӯфиёни пок набитвонанд расид.
Ва аз сӯи дигар ЁР ба маънии рафиқ ва шарик ҳам меояд. Яъне ҳар кӣ моро шарики худ кард, Эзид низ шарики ӯст. Дар урфият ҳаст ку: «Ёри девона Худост». Дар мавзеъи ҷунун аҳли тасаввуф ва ирфон бар ҳамин водиҳо мерасиданд, ки Ёри Худо мешуданд ва ҷуз Ӯ касеро барнамегузиданд (муруре кунед бар Ҳофизнома ва бар луғоти «ғайбат» ва «ҳузур» ниг. ба акси 2).
Аз сӯи дигар хаттотон ва донандагони хуби алифбои ниёкон медонанд, ки ҳарфи дол ва ре тақрибан 1 хел навишта мешаванд ва бо садоноки пеш ва дилхоҳ ҳуруфи баъдӣ намечаспанд (د, ر). Хулласи калом, дар навишт ва баргардонии ин мисраъ, ба вежа ҳарфи саввуми вожаи 4-ум хато ҳам не, саҳви назар рафтаасту یار (ёр) хонда шудааст یاد (ёд).
Ингуна хатоҳо басе пуранд дар адабиёти клоссики мо. Мисле, ки болои Р нуқта ояд Зе мешаваду рӯи Дол нуқта афтад, дар аксари маворид мегардад Зод...
Хеле алифбои сангин аст ҳуруфи арабӣ ва ҳамин аст, ки банда доиман зидди гузариш бар хатти ниёии арабиасос будам, ҳастам ва мемонам. Зеро агар гузарем, аз ҳамин 15-20% донишманде, ки дорем, гуфтаи Бобои Ғулом низ «ҷонамон халос мешавад» ва куллан бесавод мемонем...
Хулласи калом, БОЯД ин хатои техникӣ ва назарӣ ислоҳ шаваду шоҳбайти фавқ чунин навишта ва дар купюраҳои пули миллӣ сабт шавад, то рӯҳи Ҳазрати Амирҷон ором гирад ва баракаташ бар асъори миллӣ бирасад:
Ҳар кӣ моро ЁР кард, Эзид мар - ӯро ЁР бод,
Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархӯрдор бод!!!
Ва агар кӯтоҳ, ихчам ва дар шакли перпендикулярӣ 2 байти дигарро ҳам шарҳ надиҳам, Одил Нозир боз гиребонам мегирад ва тану тӯши ӯро ҳар касе дидааст, медонад, ки зи сари ғазаб ба чӣ коре ин таҳамтан қодир аст. Зимнан рафтем:
Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,
Ҳар гуле, к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод!
Моҷарои Қуръонист дигар. Медонем, ки бадтарин ва малъунтарин хорафган Аби Лаҳаб буд (Абдулазиз ибни Абдумутталиб ал Қурайшӣ 549-624) амак ва қудои Муҳаммад (с) (2 духтари расули мо ба дасти писарони ахирӣ буданд, ки зи сари ҷаҳлу кин писаронро маҷбур кард, аз онҳо ҷудо шаванд- хонандаи гиром, ёдат ҳаст наҳзатиҳо низ дар соли 1990 бо занҳои кӯлобиву ленинободиву коммунисту комсомолкаҳояшон чунин рафтор карда буданд?) ва душмани ашаддии ӯ, ки сари роҳи пайғамбар хор меафганд. Дар Қуръон ӯ маҳкум шудааст бо занаш, ки суханчин-ғайбатчӣ буд (занакҳои ғайбатчӣ дарси ибрат бар шумост, ки ин номаъқулиро бас кунед!). Ва ана ҳамин хорандозро Худо маҳкум мекунад ва мегӯяд:
- Таббат ядо аби Лаҳаб ва табб... (шикаста бод дастони Абу Лаҳаб ва ҳам шикастанд (бурида, хушкида бод)...
Вале Ҳазрати Амирҷон дар мавзеъест баланд, ки мегӯяд, ҳамин хорафкан низ ба Биҳишт равад:
- Ҳар гуле к-аз боғи васлаш бишкуфад, бе хор бод!!!
Ва дар мақтаъи ғазал аз ин баландӣ ҳам болотар уруҷ мекунад:
Дар ду олам нест моро бо касе гарди ғубор,
Ҳар кӣ моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод!
Ин, ба гумони ғолиб, акнун қиссаи муқаддамтар аз қуръонист ва бар Инҷил, Библия бастагӣ дорад. Соате, ки Исои Масеҳро дар кӯҳи Голгофа чормех мекашиданд (крест), пайғамбари мурсал ба Худо муроҷеъ шудаву гуфт:
- Прости им, ибо не знают, что делают (Лк. 23:33-34)
PS: Ва аз ҳама охир: ин ҳукми қатъӣ не, ки назари фардии ман ва даъват ба баҳс аст. Дар ҳар сурат, ба пиндори мо мисраъи 1-ум ба таҳрир ниёз дорад. Мо Метавонем!