ХАБАРИ ДОҒ

Ҳаққи кӯдаки ятим насиб намекунад!

  • Чоршанбе, Апр 12 2023

 

 

02.04.2023. Соат бо вақти Душанбе 14:55 дақиқа. Салом устод Сайёф! Чанд рӯз пеш, аниқтараш рӯзи 19.03.2023 чанд нафар аз Россия ба завҷаи шодравон Баҳодур Уроқов занг зада, худро кормандони ширкати «Газпром» муаррифӣ намуда, барои гузаронидани маблағи кӯмак, корти бонкиашро пурсидаанд. Янга ҳам бовар намуда, ба онҳо акси корти бонкиашро равон кардааст.  Дар натиҷа аз корт наздики 9000 сомонӣ, ки дӯстони раҳматии Баҳодур ва газетаи мардумии СССР гузаронида буданд, гум шудааст…

Яъне, инҳо қаллобон буда, аз корти янга ва ин оилаи бесаробонмонда 9000 сомонӣ, ки пули ҷамъшудаи кӯмаку ҷубронпулии кӯдакони марҳум буд, дуздиданд.

Эй, беинсофҳо! Агар заррае виҷдон доред баргардонед, зеро ҳаққи беваву кӯдаки ятим ба касе насиб нахоҳад кард!

Орзуи Карим,

журналист, ш.Бохтар

Аз СССР: Ин ҳодиса ҳушдорест бар дигарон, ки ба ҳар нафаре бовар накунед ва корти худро ба онҳо нишон надиҳед...

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter