Абдуқаюм Кенҷаев, донишҷӯи факултети "Санъати театрӣ ва режуссура"- и Донишкадаи давлати фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо редаксия тамос гирифта (тел: 98343145), гуфт, ки рақси мардона аз байн рафта истодааст.
- Ҳарчанд, ки мутахассиси соҳаи рақс ҳам набошам, вале 1 чизро мушоҳида мекунам, ки солҳои охир дар чорабиниҳои давлатӣ ва ҷумҳуриявӣ рақси мардона дида намешавад. Солҳои пеш ба назар мерасид, ҳол он ки рақси мардонаи тоҷикӣ хеле диданибоб аст.
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода шуъбаи рақс амал мекунад, ки дар он донишҷӯписарон ангуштшуморанд. Ва мардум ба донишҷӯписароне, ки дар шуъбаи рақс мехонанд, ҳар гуна амалро нисбат медоранд. Агар мо имрӯз рақси мардонаи тоҷикиро эҳë накунем, пас кӣ мекунад? Хуб мешуд, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сари ин ин масъала ҷиддӣ андешад, зеро рақс 1 ҷузъи асосии соҳаи фарҳанг аст.