ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: пиёз чин!

  • Чоршанбе, Апр 19 2023

 

Бо назардошти нархи пиёзи наву кӯҳна дар бозорҳои ш.Душанбе ва шикояти зиёди хонандагони мо дар бораи танзим нашудани нархи маҳсулоти кишоварзии нав, тасмим гирифтем ин ҳафта ба н.Ҷайҳун – ноҳияе, ки дар он тамомии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон аввалин шуда мепазад, роҳ пеш бигирем. Мо кишти пиёзи барвақтӣ, харҷи деҳқони пиёзкор ва нархи он дар сари заминро ба риштаи таҳлил кашида, пасон нархро дар бозорҳои Бохтару Душанбе муқоиса намудем. Бо 1 ҳарф метавон гуфт, ки нархи пиёз дар кишвар дар пасманзари беназоратии кулл, аз ҷониби ҷаллобону қаллобони расмиву ғайрирасмӣ боло мерафтааст. Гузоришро пайгир бошед. Мо Метавонем!

08.04.2023. Соат бо вақти Ҷайҳун 09:23 дақиқа. Субҳи барвақт аз пойтахт баромада, сӯи ш.Бохтар роҳ пеш гирифтам. Расо соати 08:00 дақиқа ба маркази вилояти Хатлон расида, бо ҳамкорам Нуриддин Қосимзода, хабарнигори минтақавии газетаи СССР дар вилояти Хатлон ба самти н.Ҷайҳун равон шудем. 

Дар МИҲД н.Ҷайҳун ба мо тавсия доданд, ки ба ҷамоати деҳоти «Қумсангир», калонтарин ҷамоати ноҳия равем, зеро маҳз деҳқонони ин ҷамоат нахустин шуда дар мамлакат пиёзи барвақтиро чида, ба бозорҳои Бохтару Душанбе ва ҳатто Хуҷанд содирот кардаанд. Эмомиддин Одиназода, раиси ҷамоати деҳоти «Қумсангир» моро хуш қабул намуда, ба 2 хоҷагии деҳқоние, ки бо кишти пиёзи барвақтӣ машғуланд, ҳамроҳӣ кард.

 

Нозук ва серхарҷ

Зайниддини Аслиддин, яке аз хоҷагидорон имсол дар замини 1 га 30 сотих пиёзи барвақтӣ коштааст. 1 ҳафта шуд, ки ба чидани пиёз сар карда, нархи пиёзи нав дар сари замини ин деҳқон 4 сомонӣ барои ҳар 1 килост.

   - 1 ҳафта шуд пиёзи барвақтиро ба бозор баровардаам. Нархи 1 кило пиёзро бо назардошти тамомии хароҷоти кардаам, 4 сомонӣ гузоштам. Бубинед, барои кишти пиёз, шудгору омодасозии он, нуриҳои минералӣ дар ҳамин 1 га 30 сотих наздики 60 ҳазор сомонӣ сарф кардаам. Ин бо назардошти андозу пули об. Ба ғайр аз ин, ҳамин ҳоло барои чидани пиёз ба мардикор пул медиҳам, халтаи махсус мехарам, барои бор кардани халтаҳои пиёз низ пул додан лозим. Бор кардани 1 халта пиёз 1 сомониву нархи халта, ки соли гузашта 80-90 дирам буд, имсол 1,10 сомонӣ шудааст. Барои мардикор сари ҳар 1 халтаи ҷамъкардааш пул медиҳам, рӯзе 1 нафар метавонад то 50-60 сомонӣ пул кор кунад. Пиёз нозук аст ва харҷи зиёд дорад. Соли гузашта ҳамин миқдор пиёз коштему ҳамин миқдор пул сарф кардем, вале нархи пиёз аз сари замин то 30 дирам барои 1 кило афтоду зарар дидем. Барои ҳамин имсол каме барвақттар чидем, ки насӯзем. Мардум ба деҳқон санг меандозад, ки нархро бардоштааст, вале касе хароҷоти моро ҳисоб намекунад, - мегӯяд Зайниддини Аслиддин.

Аз 1 га 30 сотих замин Зайниддин Аслиддинов то 40 тонна пиёз ҷамъоварӣ мекунад. Ба ҳисоби миёна 160 000 сомонӣ мешавад, агар 60 ҳазор сомонӣ харҷ карда бошад (ин ҳам дар ҳолест, ки ин хонавода худаш мошини боркаш доранду пиёзро то бозорҳои ноҳия ва Бохтару Душанбе меоранд, вагарна овардани маҳсулоти кишоварзӣ то пойтахт 1000 сомонӣ аст) то 100 ҳазор даромади соф ба даст меорад. Вале савдогарони пиёзфурӯш чӣ? Дар ин бора поёнтар хоҳем гуфт.

 

4 сомонӣ – нархи хуб барои деҳқон

Зокирҷон Мавлонов, деҳқони дигари қумсангирӣ ҳанӯз ба чидани пиёз сар накардааст. Ӯ мегӯяд, ки барои пухта расидани он боз 10-12 рӯзи дигар ҳаст.

   - Пиёз мисли кӯдак аст, расо дар 9 моҳ пухта мерасад. Мо тухми пиёзро моҳи сентябри соли гузашта корида будем, охири моҳи апрел мечинем. Пиёз ҳам мисли кӯдаки навзод аст, об бисёр диҳӣ дар замин мепӯсад, кам диҳӣ, хушк мешавад. Дар 9 моҳ 40 маротиба пиёз бояд об хӯрад, он гоҳ хуб пухта мерасад. Пиёзро бояд то 10 майи чид, вагарна он аллакай таъмашро гум мекунад. Пиёзчинӣ ҳам кори осон нест, вақту соат дорад, пухта, ки расид, бояд мардумро ҷамъ карда, байни 2-3 рӯз онро пурра канд. Зеро пиёзи кандашуда дар зери шуои офтоб хеле тез вайрон мешавад. Тобистон гоҳо садҳо метр брезент харида, симчӯб зада, болои заминро аз шуои офтоб мепӯшонему баъдан пиёз меканем. Болои пиёзи кандашударо зуд бо алаф мепӯшонем. Дар 1 га кишти пиёз деҳқон то 50-60 ҳазор сарф мекунад ва бояд маҳсулот ин харҷро пӯшонад. Соли гузашта пиёз арзон шуду деҳқон даромад 1 тараф истад, харҷи кардаашро базӯр пӯшонд. Ҳаминро ба назар гирифта, имсол деҳқонони мо 1000 га камтар пиёз коштанд ва ин албатта таъсири худро мерасонад. Чунин форс-мажорҳо аз набудани назари молиявӣ ва маркетингӣ пеш меоянд, аксар кишоварзон бе нақша ва биснес – план ин ё он маҳсулотро кишт мекунанд, вале кӣ медонад дар бозор чӣ мешавад. Аз ин лиҳоз ман чанд намуди маҳсулотро баробар мекорам, пиёз, картошка, ҳандала, тарбуз. Яке якеро ҳатман мепӯшонад. Имсол нархи пиёз бошад барои мо хуб – 4 сомонӣ, савдогарон аз сари замин шартнома карда мебаранд, таъкид медорад Зокирҷон Мавлонов.

 

Пиёз зиёд аст…

Эмомиддин Одиназода, раиси ҷамоати «Қумсангир» низ зимни суҳбат таъкид дошт, ки имсол хоҷагидорон 1000 га камтар пиёз коштанд – арзонии нархи пиёз соли гузашта деҳқонро каме тарсонд. Шояд ин омил таъсири худро ба бозори дохилӣ расонад – пиёз каму нарх боло равад.

Вале Абдулҳафиз Одиназода, раиси н.Ҷайҳун мегӯяд, ки пиёзи барвақтие, ки имрӯз кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун ба бозор баровардаанд, ҳосили хоҷагиҳои хурд аст, ки хеле зуд чида шуданд.

   - Ҳосили хоҷагиҳои калони ноҳия, алалхусус ҳосили пиёзи барвақтӣ охири моҳи апрел чида ва ба бозор бароварда мешавад. Албатта, ки ҳосили хоҷагиҳои калон хеле зиёд аст ва ҳатман миқдори барзиёд ба нархи маҳсулот асар хоҳад кард, - афзуд Абдулҳафиз Одиназода.

 

Бохтар: 1 кило пиёз 8 сомонӣ!!!

08.04.2023. Соат бо вақти Бохтар 13:02 дақиқа. Аз н.Ҷайҳун ба ш.Бохтар омада, рост ба бозори «Фаровон» даромадему нархи пиёзи навро пурсидем. Нархи 1 кило пиёзи нав дар бозор 8 сомонӣ! 1 баробар нархи зиёд! Ва ин ҳам дар масофаи ҳамагӣ 56 км аз Ҷайҳун то Бохтар….

 

Душанбе: 1 кило пиёз 9 сомонӣ…

08.04.2023. Соат бо вақти Душанбе 17:17 дақиқа. Дар бозорҳои ш.Душанбе «Саховат» ва «Деҳқон» нархи 1 кило пиёзи нав 9 сомонӣ! Нархи 1 кило пиёзи кӯҳна бошад 10 сомонӣ аст…

 

«Паразит» кист: миёнарав ё савдогар?

Тавре дидем, деҳқон пиёзи барвақтиро бо назардошти тамомии сарфу харҷаш имрӯз 4 сомонӣ сари ҳар кило нарх карда мефурӯшад. Ба ҳисоби мову деҳқон бо дарназардошти нархи бор кардану фаровардан ва бензину газу солярка, нархи пиёз имрӯз дар бозор бояд на зиёд аз 4,50 - 4,80 сомонӣ бошад, на 8-9 сомонӣ, вале чаро чунин аст?

Ин 4 сомонии дигарро ба нархи деҳқон кӣ зам кард: «паразитҳо» тавре миёнаравҳои бозорро ном карда буд собиқ шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ё савдогарон, ки 4 сомонӣ мехаранду 8 сомонӣ мефурӯшанд? Деҳқон 9 моҳ пул харҷ мекунаду меҳнат, то лоақал 1 баробари кардааш даромад ба даст орад, вале савдогарон бе меҳнату заҳмат дар ҷойи нишастаашон баробари марди деҳқон 1 баробари дигар фоида мегиранд… Чаро? То кай бозорҳои кишвар Шаҳри Бедарвоза боқӣ мемонанд?

Мо пайгири мавзуъем. Мо Метавонем!

 

Ҷамила Ҳусейнова, Нуриддин Қосимзода, СССР,

Душанбе-Ҷайҳун-Бохтар-Душанбе,

 

 

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter