ХАБАРИ ДОҒ

МУЛЛО НАРХИ БОЗОРРО ТАНЗИМ КУНАД Ё ДАВЛАТ?!

  • Чоршанбе, Апр 19 2023

 

Дигар тамоми тоҷику тоҷикистонӣ медонад, ки ҳангоми рамазону ид ва дигар ҷашнҳо нархи маҳсулоти ниёзи аввал боло рафтан мегирад. Махсусан дар рамазон, ки моҳи хайру баракату савоб аст. Фурӯшанда ҳам харидор низ моҳи хайру савоб будани рамазонро 100% медонанд. Ҳар сол ҳамин ки моҳи рамазон ворид мешавад, шикоятҳо ҳам сар мешавад:

-Фурӯшандаҳо беинсофу беимонанд;

-Рӯзаи гирифтаашон савоб надорад;

-Онҳо "гӯр сузаду дег ҷӯшад"- ро шиор кардаанд;

-Дар дигар кишварҳо ҳангоми ҷашну маросимҳо ва идҳояшон бо "скитка" мефурӯшаднд.

Ва амсоли ин гапу гапчаҳои зиёд.

Аммо дар кори бозору фурӯшандаҳо ҳеҷ тағйироте ба амал намеояд. Инро ҳамаамон медонем.

 

 

Мулло ва бозор

Ва низ медонем, ки ҳар сол муллоеро, муфтӣ ё муовини он, хатиби масҷидеро ҳам пайдо кардаву бо ӯ оиди нархи бозор, имону виҷдону инсоф мусоҳиба ороста, расона ба расона мечархонем, "поделит" мекунему "ҳақу рост" гуфта, ҳарфашро тасдиқ менамоем. Гумон дорем, ҳарфи мулло таъсири дигар дораду вазъро дар бозор тағйир медиҳад (бо вуҷуди он ки яқин дорем вазъ бетағйир боқӣ мемонад). Охирин умед (мулло) натиҷа намедиҳад. Бо ҳамин рамазон ҳам мегузараду ид ҳам, иди қурбон низ ва соли дигар амалҳои фавқуззикр такрор мешаваду натиҷае нест. Ҳар сол ҳол ҳамин аст. Ҳамин хел не, хонанда? Ҳаст -а?

Эй одамон, роҳи ҳали мушкил дар дигар ҷост. Нархи бозорро ҳеҷ муллоеву мавлавиеву донишманди диние ба танзим дароварда наметавонад. Сода нашавед. Лутфан. Бо чунину чунон гуфтани ману туву ӯ ва вайу дигарон ҳам нархи картошка 1 сомон намешаваду қимати гӯшту помидору булғорӣ поён намефурояд!

  

Иллати қиматӣ дар мост!

Иллати қимматшавӣ дар бозор медонед дар чист? Дар ТА - ЛА - БОТ! Ҳамин ки талабот зиёд шуд, нарх автоматӣ боло меравад. Ҳамин хел ҳаст? Яқинан! Пас нархро дар бозор кӣ боло мебардораду киҳо метавонанд поён оранд? Савдогарон? Муллоҳо? Раисони бозор? Ё мо - ману ту, хонандаи азиз? Ҳангоми иду ифтор дар дастархонороӣ сабқат мекунем - ку.

 Тамоми хурданиҳои лозиму нолозимро (барои айб нашудан) дар дастархон қатор мондаву худ ба худ ифтихорнабард ҳам намекунем магар? Ҳол он ки медонем қисме аз маҳсулоти рӯи дастурхони мо зудвайроншавандаану баъди "намоиш" бурда мепартоем.

 

Гапи мулло ё занак?

Исроф мекунем. Чаро мо гапи муллоро, ки "исроф ҳаром аст мегӯяду исрофкор бародари шайтон" намегираму фурӯшандаҳо бояд гапашро гиранд? Яке аз илатҳои асосии қимматшавӣ дар бозор " сабқат" дар дастархонороӣ ману мост хонанда (ба вежа миёни занҳои мо!) ва яке аз роҳҳои поён бурдани нарх дар бозор дастархони хоксорона оростани ману мо мебошад. Ҳамин ки талабот кам шуд, аз нигоҳи назари иқтисодӣ "дастҳои ноаён" нархҳоро поён мебаранд. Ин 1.

 

Тамбализми миллӣ?!

2. Тамбалем, мардум, тамбал!!! Чуноне медонем 75 % аҳолии кишвари мо дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Намешавад, ки дар ҳар ҳавлие гармхонаи хурдакаке (ба андозаи ғунҷоиши 5 бутта помидору 5 путта булғорӣ) созему ин маҳсулотро аз бозор нахарем ва талаботи бозорро кам намоем? Мешавад, аммо намекунем!!!

 Мани нависандаи ин сатрҳо дар ҳавлии худ гармхона дорам? Неъ! Туи хонанда чӣ? Неее! Харидорони шикоятгар чӣ? Мутмаинам аксарияташон не, надоранд! Пас мушкил дар худи мост.

 

 Мақомоти хомӯш ва бе ташаббус

3. Дар моҳи рамазон бигзор мақомоти марбута, соҳибони бозорҳо ба фурӯшандаҳо ба шарти боло набурдани нарх имтиёз диҳанд: андозро нисбатан сабук кунанд ё умуман нагиранд. Иҷорапулиро, "чеки бозор"- ро нагиранд ва ё кам кунанд. Аммо назоратро шадид намоянд.

4. Соҳибони бозорҳо метавонанд ҳангоми рамазон ва идҳо рафҳои ройгон ташкил намоянд. Ҳар касе хост, чизе харида гузорад ва эҳтиёҷмандтаринҳо метавонанд он маҳсулоти хайрияро ройгон гирифта раванд. Кам нестанд онҳое, ки одамони хубанду доро ва хайркунанда, ҳатто дар миёни ҳамин фурӯшандаҳо. Ин ноадолатист, ки тамоми фурӯшандаҳоро, 1 то номонда, беинсофу бевиҷдон ҳукм кунем.

Гумон дорам, он чӣ баён шуд, иҷро шавад, мушкил низ бартараф мегардад. Бо вуҷуди он, ки ба гуфти Ҳошим Гадо:

 "Медонам, баъди ин ҳарфҳои ман ҳам ҳеҷ кас тағйир намеёбад".

 

Умар РАҶАБОВ,

узви ИЖТ

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter