Аслан роҳҳоро пайвандгари аслҳову наслҳо гуфтаанд, ки ин гап ҳақ асту рост, вале роҳҳои баъзе аз ноҳияҳои кишварро вақте мебинӣ, фикр мекунӣ, ки на дар асри 21 – асри рушду тараққиёти технология, балки дар солҳои 1930-40-уми асри гузаштаӣ (шояд он солҳо роҳҳо дар чунин ҳолат набуданд!). Роҳҳои мошингарди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон (собиқ Куйбишев) роҳгузарро маҳз ба он солҳо мебаранд. Роҳҳои ноҳамвору нимасфалтпӯши ҳудуди он таъмирро охирин маротиба соли 1986 дидаанду имрӯз мавзеи пас аз бомбабороншударо мемонанд.
Роҳро кӣ вайрон мекунад?
10.04.2023. Ҳамроҳи дӯстон бо сафари корӣ сӯи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ роҳ пеш гирифта, то расидан ба МДНРА – Муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур бо чи азобҳо мувоҷеҳ шудем. Сараввал роҳ аз ш.Бохтар то шоҳроҳи Душанбе - Бохтар суфтаву ҳамвор (сипоси бепоён ба роҳсозон), аммо аз даромадгоҳи ноҳия 1 км роҳ дар назар 10 баробар дур менамояд.
Бинобар гуфти сардори МДНРА-и ноҳияи мазкур Раҷабалӣ Холов, таъмири асосӣ танҳо дар соли 1986 анҷом дода шуда, тӯли солҳои оянда бо таъсирҳои гуногун роҳҳо фарсудаву вайрон шудаанд. Мошинҳои гаронвазне, ки аз самти ноҳияи Ёвон меоянд, ҳамин роҳро убур намуда, ба фарсудашавии бармаҳали роҳҳо мусоидат мекунанд.
Мавсуф аз фарсудашавии барзиёди роҳҳои ҷамоати деҳоти Яккатут ёдоварӣ намуда қайд кард, ки соли пор таъмири 1 км, имсол 2 км аз ҷониби дирексияи сохтмони Вазорати нақлиёти ҶТ ба нақша гирифта шудааст. Оё ин банақшагириҳо дар амал татбиқ мешуда бошад? Инашро касе пешгӯи карда наметавонад…
Дар тавозуни муасисаи Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар маҷмӯъ 227,6 км роҳ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 45,5 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта, боқимонда 182,1 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидоштаро ташкил медиҳад.
Пулҳои мошингузар дар он 62 адад буда, дарозии умумиашон 938 метрро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 2 пул таъмирталаб ва 1 адад дар ҳолати вайроншавӣ қарор дорад. Қубурҳои обгузар 139 ададро дар бар гирифта, дарозиашон 1929 метрро ташкил медиҳад.
Техника ҳаст, пул нест…
Дар семоҳаи аввали соли 2023 аз тарафи Вазорати нақлиёти мамлакат барои таъмири ҷории роҳҳои ноҳияи А.Ҷомӣ зиёда аз 33 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, ки ин барои ободии роҳҳои 1 ноҳияи вилояти Хатлон басанда нест. Ҳол он ки зимистони имсола таъсири бади худро ба роҳҳои ин минтақа гузошт.
Чуноне маълум шуд, 5 адад техникаи муасисса дар ҳолати коршоямӣ қарор дошта, 1 адади дигар таъмирталаб мебошад?! Яъне техника ҳаст, корманд ҳаст, аммо маблағ нест…
Мансабдорони бепарво
Саволи матраҳ ин аст, ки дар 30 соли даврони мустақилӣ ё худ ободгароӣ ягон сарпараст ё лоиҳае пайдо нашуд, ки ҳадди ақалл роҳҳои ҳудуди деҳаҳоро обод намояд? То кай ин харобиҳои даврони гузашта мардуми меҳнаткаши ноҳияро нороҳат менамояд? Агар роҳ обод бошад, равуои сокинон осон мешавад.
Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки то ба имрӯз амалӣ мегардад.
Дар ҳоле, ки имрӯз дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмиру таҷдид ва азнавсозии роҳҳои автомобилгард даҳҳо лоиҳаҳои хурду бузург чи аз ҷониби мардуми маҳал, чи аз тарафи шарикони рушду соҳибкорон амалӣ мейбанд, касеро аз масъулин ва мансабдорони маҳалӣ парвои роҳҳои ҳудуди ноҳияи А.Ҷомӣ нест.
Нуриддин Қосимзода, СССР,
вилояти Хатлон
Дар ҳамин маврид:
Шоҳроҳи байнулмилалии Душанбе-Данғара-Кӯлоб валангор мегардаду касеро парвое нест. СССР дар ин бора чанд шумора қабл бонги изтироб задаву ба масъули таъмири шоҳроҳи байнулмилалӣ-Арабзода ХУРШЕД, сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои минтақаи Кӯлоб проблемаро гӯшзад карда буд, ки борону барфҳо роҳро дар Восеъ ва Данғара қариб пурра корношоям кардаанд. Вале аз санг садо буду аз Арабзода на! Чанде пеш мошини хидматии мо дар мавзеъи Олимтой-Булён хатарзотарин минтақаи шоҳроҳи Данғара-Кӯлоб ба садама дучор шуд (ниг ба акс). Гуфта мешавад садамаҳо дар ин шоҳроҳ маҳз бо иллати бемасъулиятии МДНР дар минтақаи Кӯлоб ба вуҷуд меоянд, вале касеро парвое нест. Мо ба мавзуъ бармегардем. Мо метавонем!