Дин аз давлат ҷудост, вале ҳар чизе дар дохили 1 давлат аст, они ҳамон давлат аст! Ин аксиомаест, ки ба шарҳу тафсир ниёз надорад. Вале мо тафсир мекунем. Мо Метавонем!!!
Тули 1400 сол давлат аз дин ҷудо буд, ҳаст ва мемонад, ҳарчанд хилофати исломӣ ҳам буду давлатҳои теократӣ низ. Давлат таври маълум машинаест, ки тамомии чархчаву винтчаҳои ҷамъиятиро контрол мекунад ва набояд ин назорат зери пои муллоҳо ғеҷад, вагарна давлат дар 6 сония нобуд мегардад: империяҳои Фиръавнҳо ва Сосониҳо худ далели ин гуфта аст.
Вале Давлат БОЯД динро контрол кунад! Нагузорад, ки дин, исломӣ, яҳудӣ, тарсоӣ, буддоӣ, санампарастӣ давлатро контрол намояд. Ҳар давлате зери контроли мулло афтид ё фавтид, ё маҳв шуд ва ё заъиф гардид...
Зимнан матлаби мазкур барои сиёсатмардони давр аст. Намегӯем ҳақиқати №1 менависем, мо танҳо назари фардии хешро ин ҷо мекорем. Ҳукм аз хонанда аст. Мо Метавонем!
Суоли аз ҳама матраҳ дар ин шабу рӯз ин аст, ки «Чаро 4 фанат ҷамъиятро дар масоҷид метавонанд аз роҳ задаву ба иғвову дасисаву таассубу экстремизм кашанд, вале ниҳодҳои давлат, бо шумули милиса, амният, кумитаи дин, эмом-хатибону домуллоҳои расмии ҳукуматӣ пеши роҳи онҳоро гирифта наметавонанд?». Оё мо қуввату қудрати ҳарб бо 3-4 бесаводро надорем? Ва агар дорем, пас чаро фарзи мисол, масҷидро пурра ба дасти ғайриҳукуматиҳо вогузоштаем? Нагузоштаем? Ещё как гузоштаем! Вақте кормандони давлатро аз рафтан ба масҷид манъ кардем, масҷид таҳти контроли авом рафт!.
Муаллим, профессор, академик, милиса, амниятӣ, вазиру раису саис, яъне корманди ҳукумат, ки нарафт, масҷид аз кӣ пур мешавад? Оре, аккурат, аз ғайриҳукуматиҳо:
- савдогарон, тоҷирон, устоҳо, ошпазҳо, пенсионеру бекорчиён ва кормандони сатҳи поёнӣ... Яъне онҳое, ки заъфпазиранд ва зуд метавонанд бар доми мавъизагарони экстремист биафтанд!
Амрикоро кашф намекунем, агар гӯем, дар даврони истиқлолият теъдоди кормандони қудратӣ, дар нисбат ба даврони шуравӣ хелееее зиёд шудааст. Ёд дорӣ, хонанда, ки дар 1 деҳаи бузург 1 милиса - участковий буду дар 1 шаҳри калон 1 шуъбачаи милиса ва ҷинояткорӣ, ба вежа экстремизм қариб, ки набуд? Имрӯз теъдоди милисаву амниятӣ, корманди коррупсия, палатаи ҳисоб, Вазорати мудофиа, мубориза бо маводи мухаддира, Кумитаи ҳолати фавқулодда, ГАИ-ву ВАИ ва даҳҳо ниҳоди дигари қудратӣ онгуна афзудааст, ки ба таъбири бобои Ғулом «ҳисобаш гум». Вале эффект чӣ?
Ба пиндори сирф фардии ман, роҳи ҳарб ва ҷанг (оре, бадтарин душмани давлати мо ин мулло - фанатҳои хоназоданд!)-ро бояд тағйир кард. Содагӣ ва оммафаҳмӣ! Аз ин усул кор бигирем. Маҳз бо ин усули омиёнаи фаҳмондадиҳӣ мо метавонем, аз фанатизм ва миллатситезии диндорон ҷилав бигирем. Фарзи мисол, чаро муллоҳо пайваста дар масоҷид ваъзи патриотизм нагӯянд? Чаро қаҳрамонии ҷавонони мо дар марз таблиғу ташвиқ нашавад? То кай моҷарои ҳазорсолаҳо пеш бояд пахш гардаду меҳвари ислом сари арабҳои асримиёнагӣ шуруъ ва тамом? Чаро 1 мисоли конкрет ЯГОН муллои мо аз қаҳрамонони асри ХХ ва ХХI намеорад? Чаро, фарзи мисол, номи Боязиди Бистомӣ, Аттор, Саноӣ, Мавлавӣ, ҳазрати Амирҷон, Ҳофиз, Саъдӣ, Камол, Умар, Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Шоҳину Туғрал дар мавъизае ёдовар намешавад? Чаро ҲАМА қаҳрамонҳои мавъизаҳо ривоёту қиссаҳои дақюнусӣ, примитив ва бадавиянд? Масҷиди мо, мавъизаи мо, хутбаи мо (в конце до концов - гуфтаи раҳматии Сангак Сафаров) ба қаҳрамони нав, шахсияти нав, эпизоди нав, одами нав сахт ниёз дорад!
Дуруст аст, Тоҷикистон яке аз кишварҳои амну осоишта дар ҷаҳон шудааст. Ва аммо ин амал набояд ҷамъияти моро ғофилгир кунад. Тӯфонҳои такиобии фанатизм аз фаъолият намондаанд. Шумо, 1 бор таваҷҷуҳ кунед, мақомот, ки зимомро андаке суст кард, фарзи мисол, дар Рамазон, шаҳру деҳу кӯчаву боғу роғ пур аз ришҳои бе мӯйлаб мешаванд. Яъне инҳо ҳастанд, аммо ба пинҳонкорӣ рафтаанд.
Рӯиҳамрафта, бо ҳабси ҷавонони гумроҳ, бо «ҷурми лайку просмотри сайтҳои эстремистӣ» кор ҳаллу фасл намешавад. Дуруст навишта буд, чанд шумора пеш, Шоираи Раҳимҷон, ки ҳабсу зиндон охири кор нест. Зеро ҷавони гумроҳе, ки бо кӯчактарин ҷурм зиндонӣ мешавад, аз он ҷо нафари ба ҷамъият хатарзо бадар меояд. Ӯ ҳам дар ғазаб аст, ки осон ҳабс шудааст ва низ норозист, ки ҳаёти минбаъдаашро доғдор кардаанд. Зимнан барои ин ҷавонон лагерҳои ислоҳотии муваққатӣ бояд сохт, ки он ҷо фарзонаҳои миллат бо ишон суҳбат ороянд, маслаҳат кунанд, аз роҳи бад баргардонанд. Агар ислоҳ нашуданд, баъд метавонед на танҳо суд, ки ҳатто парронед онҳоро! Вале шонсе ба ҷавони гумроҳ бояд дод!!!
Суд, зиндон, илоҷи воқеа нест. Зеро ҳар нафаре суд шуд, дар дил ба ҳамин ҳукумат хасму кин мегирад ва на танҳо ӯ, ки авлоду аҷдодаш. На беҳуда аст, ки борҳо Президенти ҶТ дар баромадҳояш судяву муфаттишони моро ба адолат ва дилсӯзӣ мехонанд.
1 мисоли таърихӣ: Улянов ном ҷавони 25-соларо дар Россияи подшоҳӣ, дар соли 1896 ҳабс ва 3 сол бадарға карданд. Ӯ аз зиндон бо исми мустаори Ленин бар зидди ҳукумати шоҳӣ чун револютсионери №1 ва душмани бескомпромис бадар омад...
Ин факт ҳамту, чун далели шайъӣ ҳамин ҳоло пеши назар омаду навиштам. Ва ингуна мисолҳо кам нестанд, дар таърих. Онҳоро бояд ба назар гирифту такрор накард...
Аз сӯи дигар мо намедонем, таълиму тарбият дар зиндонҳо чигуна аст? Ҳарчанд медонем зиндонро муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноӣ ва «ислоҳ» мехонанд. Шояд вазири адлия ба мо менависад, ки аз зиндон чанд нафар маҳз ислоҳ шудаву ба озодӣ баромадааст ва усули тарбият дар маҳбасҳо чигуна бошад? Барои мисол, зиндониҳои шуравӣ бештари вақт чун «патриот» озод мешуданд. Факт мехоҳед? Марҳамат:
- Сангак Сафаров, Исматча, Қурбони Чол, Маталӣ, Қурбон Мурчаев, Файзалӣ Саидов, Ёқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев... зиндониёни шуравии собиқанд, ки барои «ҳифзи ҳукумати конститутсионӣ» сина сипар карданд...
Яъне аҳсант бар идеологҳои советӣ, ки бо ҳама азобу уқубат зиндониёнро сӯи давлат майл мекунонданд. Воқеан ҳам, имрӯз, вақте мебинем, ки барои кӯчактарин ҷурм, ҷавони «нокардагунаҳ» яку якбора 7,8, 10, 15, 20 сол мегираду баъзе то 25 - 35 сол... просто фикр мекунӣ, инҳоро кӣ ва чигуна бояд ислоҳ кунад? Ман намегӯям, гунаҳкор ҷазо набинад. Ҳаргиз неъ! Ман гуфтаниям, агар нафареро суд карданием ва аз ӯ умеди салоҳи кору ислоҳ талаб дорем, набояд ҳукмҳо чунин тулонӣ бошанд!!!
Бинед, дар ҳоле, ки Президентамон беш аз 14 маротиба амнистия кардаву садҳо ҳазор зиндониро афв мекунад, боз ҳам зиндонҳо пуранд. Пас ин ҷо чӣ муаммост?
Ба пиндори сирф фардии ман, прокурору муфаттишу судяе, ки «бештар мешинонад», набояд рутбаи навбатӣ бигирад. Зеро ин амал ба «планпуркунӣ» табдил хоҳад ёфт! Баракс, милисаву додситону додгустаре, ки бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ мардумро аз ҷиноят бармегардонад, ҷилавгирӣ мекунад, ҷавонеро ислоҳ месозад (на суд!) бояд дар раъси мақомот қарор бигиранд. 1 факти дигар орам?
Соли 1954 Карим Ҳасанов - прокурори шинохташудаи даврони советӣ, зодаи Ашти нозанин, ки чанд сол пеш фавтиданд, додситони ш. Кӯлоб таъин мешаванд. Ва дар соли 1954 дар Кӯлоб ҳатто 1 нафар суд нашуд!!! Боваратон меояд? Боз дар куҷо? Дар Кӯлоб!!!!!!! Карим Ҳасанов барои ин кораш оҷилан рутбаи навбатӣ гирифтаву ба кор дар Прокуратураи СССР, ба Маскав даъват шуд. Ин ҳамаро раҳматӣ баъдан дар китоби ёддоштҳояш навиштааст.
А, дар мо чӣ? Дар мо баракс...
Вале баргардем сари масоҷид. Ба пиндори ман масҷид бояд таҳти назорати пурзӯру қавӣ қарор бигиранд. Рафту о, намозгузорӣ, таровеҳ барои ҳама қишрҳои ҷомеа яксон ба роҳ монда шавад, таъсири экстремизм автоматӣ коста мегардад. Шумо тасаввур карда метавонед, ки 1 фанати камхираду камдониш ва ё 1 имом -хатиби фасонагӯ 2 - 3 галстукдору олуфталибосро дар намоз бинад, оё ба сафсаттагӯиву дурӯғпарканӣ шуруъ мекунад? Албатта, ки неъ! Вале ин муллоҳои психолог, чун мебинанд, масоҷид пур аз авом аст, аспи ҳарзаро қамчин мезананд. 1 факти дигар:
Дар масҷиди марказӣ, ҷумъаи гузашта намоз мегузоридам ва хатибе мегуфт:
-Дар 1 хонадони пурнуфузи кишвар... фалону бисмадон шудаасту ким-чӣ корҳое рух додааст!... Ин мулло шояд таъкид мекард, ки гуноҳу айб зиёд шудааст, вале ӯ фикр ҳам намекард, ки бо ин иборааш рӯи аксарияти мардуми бедор ва соҳибвазифа иснод меовард. Агар хонаводае, ба вежа пурнуфуз, айбе дорад, номашро бигир! Дар майнаи авом ҳисси бадбинӣ ба пурнуфузҳоро насб накун!
Ин ҳарзаро шунида, ба атроф дида дӯхтам: 1 галстукдор ман будам, ки аз ин сафсатаи мулло табассум доштам, аксарият оби чашм мерехт. Нафаҳмидӣ, хонанда? Эмом - хатибон на танҳо мадраса, ки бояд университет, ба вежа факултаи филология, психология, риторика ва журналистикаро хатм кунанд ва сипас таъин шаванд:
Бетамизиҳои одам (мулло) дар сухан пайдо шавад,
Пистаи бе мағз агар лаб во кунад, расво шавад!!!