Ҳокими Сафар, муаллиф ва хонандаи доимии мо аз н.Файзобод ба идора занг зада (тел: 2385556), гуфт, ки соҳибкори деҳаи Чиноро Султон Саидов дар моҳи шарифи Рамазон ба 5 оилаи камбизоат ва маъюбдошта кӯмаки ғизоӣ расонид.
- Деҳаи Чиноро дар ҷамоти деҳоти «Ҷавонон»-и ноҳияи Файзобод сераҳолӣ буда, мардумаш ба боғдорию сабзавоткорӣ машғуланд. Онҳо ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии меҳан бо тариқи ҳашар бунгоҳи тиббӣ, майдончаи варзишӣ сохта, роҳи 2 километраи байни деҳаашонро сангфарш карданд.
Дар ин деҳа Султон Саидов, соҳибкори муваффақ зиндагӣ мекунад. Султон Саидов ҳоло барои мушкилоти мардумро осон кардан купруки мошингузар сохта истодааст. Ҳамзамон ба оилаҳои камбизоат, собиқадорон, маъюбон пайваста дасти мадад дароз мекунад. Ӯ дар моҳи мубораки шарифи Рамазон ба 5 оилаи камбизоату маъюбдошта маводи хӯрока орду равған, гӯшт ва шакар кӯмак кард.
Кош дигар соҳибкорон низ аз ин иқдоми хайрхоҳонаи Султон Саидов ибрат гиранд.