Зикриё Дилшод, муаллиф ва хонандаи фаоли газетаи мардумӣ аз н.Мастчоҳ ба редаксия занг зада (тел: 2385556), гуфт, ки номи шаҳраки Бӯстон, маркази ноҳияи Мастчоҳ бояд ба Бутамон иваз карда шавад.
- Дар 1 нишасти матбуотӣ ман пешниҳод кардам, ки номи маркази ноҳияи Мастчоҳ - шаҳраки Бӯстон ба Бутамон иваз карда шавад. Зеро дар вилояти Суғд 2 Бӯстон аст, ки якеаш собиқ шаҳри Чкаловск мебошад. Аз якхела будани номи 2 маҳал корафтодаҳо саргардон шуда, ба кадом Бӯстон рафтанашонро намедонанд. Аз соли 1964-ум ин тараф маркази ноҳияи Мастчоҳ Бӯстон ном гирифтааст, вале ҳоло ҳам аз касе пурсӣ, ки ба куҷо меравӣ, мегӯяд ба Янтоқ!
Бо ташаббуси Сарвари мамлакат номҳои таърихии мавзеъҳо гузошта шудаанд, ки хело арзандаю сазоворанд. Мисол Нов - Спитамон, Ӯротеппа - Истаравшан, Ленинобод - Хуҷанд, Қаротеғин - Рашт ва боз чандини дигарро номбар кардан мумкин аст. Агар маркази ноҳияи Мастчоҳ номи қадимаи Мастчоҳ – Бутамонро гирад хело хуб мешуд.