Музаффар Ҳайдаров, маъруф ба «почталён Пушкини фархорӣ» ба редаксия занг зада (тел: 907767976), гуфт, ки 1 пешниҳод ба газетаи СССР дорад.
- Бисёр хуб мешуд агар шумо 1 саҳифаи газетаро ба нашри ТВ – программа мебахшидед. Бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, ҳар ҳафта сеткаи барномаҳои ТВ-ро чоп кунед, нуран ало нур мешавад. Чопи ТВ – программа умуман аз байн рафтааст, мардум намедонанд, ки кадом шабака кай ва чӣ барнома намоиш медиҳад…